ҒОЛИБИЯТ ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

13

Санаҳои 4-5 декабри соли 2025 дастаи олимпии факултети молиявию иқтисодии ДМТ бо сарварии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент М. Н. Ҳусейнов — мудири кафедраи молия ва суғурта дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии “Маърифат ва амнияти молиявӣ”, ки дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар натиҷа магистри курси 2-юми ихтисоси молия ва қарз – Сафарзода Сино Диловар дар номинатсияи амнияти молиявӣ сазовори ҷойи аввал ва донишҷӯйи курси 4-уми ихтисоси молия ва қарз – Назарова Ситора Абдулқодирова дар номинатсияи маърифат ва молиявӣ сазовори ҷойи дуюм шуданд.