ҲАМОИШ ДАР МАВЗУИ “ПАРЧАМ – РАМЗИ ДАВЛАТДОРИСТ ”

3

Имрӯз (20.11.2025), тибқи Нақша-чорабиниҳои садорати факултети молиявию-иқтисодӣ бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои сиёсӣ бахшида ба 24-ноябр – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултет ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Парчам -рамзи давлатдорист ” баргузор гардид, ки дар он ҳайати садорати факултет, устодону кормандон ва донишҷӯёну магистрон иштирок намуданд.

Дар ҳамоиши мазкур н.и.т., дотсенти факултети таърихи ДМТ Ҷонибеки Асрориён зимни суханронии худ қайд намуд, ки таърихи тамаддуни башар гувоҳ аст, ки аз қадимулайём ҳамаи ақвому халқиятҳое, ки умр ба сар мебурданд, дорои нишона ё худ рамзи ба худ хосе буданд, ки онҳоро аз дигар қавму қабила фарқ мекунонид ва дар воқеъ ҳамин нишонаи бузург аз мавҷудияти ин ё он қабоиле гувоҳӣ дода, то андозае муттаҳидӣ ва мавҷудияти он халқу қабиларо ҳифз менамуд. Биноан, кулли ақвому халқиятҳо кушиш ба харҷ медоданд, ки нисбат ба ин рамз, ки имрӯз он Парчам номида мешавад, эҳтиром намоянд ва ба он арҷ гузоранд ва бад – ин сабаб онро дар ҷойҳои махсус нигоҳ дошта, аз хурдтарин газанд эмин нигоҳ медоштанд.

Зимни суханронии худ Маҳмудзода Суханвар, н.и.т., дотсент, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети таърихи ДМТ иброз намуд, кибаъди расидан ба бузургтарин дастоварди таърихӣ, яъне истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси афроди ватандӯсту меҳанпараст ва худшиносу худогоҳ, ки муҳимияти парчами миллиро мушаххасан, амиқу дақиқ дарк карда метавонистанд, зарурати таҳияи нави парчами давлатӣ пешниҳод карда шуд ва хушбахтона, дар Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 –уми августи соли 1992 парчами имрӯзаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва тасдиқ карда шуд, ки ин ҳам яке аз дастовардҳои навини кишвар маҳсуб ёфта, рамзи давлатдории миллӣ ва соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамонро нишон медиҳад.

Таъкид карда шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гиромидошти парчам эътибори зиёд дода шуда, бо ташаббуси Пешвои миллат 24 ноябр Рӯзи парчами давлатӣ эълон шуда, ҳамзамон бо ибтикороти Президенти кишвар баландтарин парчам дар ҷаҳон 165 метр дар кишвари азизамон барафрохта шуд, ки ин гувоҳӣ аз қадршиносии Пешвои миллат нисбат ба ин муқаддасоти миллӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳақиқат, парчами давлатӣ чун рамзи музаффарият аз гузаштаи пурифтихори мо гувоҳӣ дода, гироми доштани он қарзи ҳар як насли пиру барно ба ҳисоб меравад ва беҳуда нест, ки Пешвои миллат ин нуқтаро низ таъкид намуда, барҳақ, иброз медорад, ки “қадршиносӣ ва гиромӣ доштани парчами миллӣ эҳтиром ба миллат, давлату давлатдорӣ ва Ватани маҳбубамон мебошад, зеро парчами мо дар замони истиқлорлияти давлатӣ василаи асосии таҳкими ваҳдати миллӣ, роҳнамои мардуми кишвар ба сӯи ояндаи нек ва нишонаи побарҷо будани давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳон гардидааст”.