ВАТАНДӮСТӢ ВА ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

100

Имрӯз дар ДМТ бо мақсади таҳкими иттилоот ва тарбияи ҳуқуқии ҷавонон вохӯрии навбатии намояндаи ҳифзи ҳуқуқи кишвар, инчунин, масъулини раёсати тарбия бо донишҷӯёни факултети молиявию иқтисодӣ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур, мавзуҳои ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва нақши тарбияи ҳуқуқии ҷавонон дар таҳкими давлатдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Намояндаи ҳифзи ҳуқуқи кишвар таъкид намуд, ки барои таъмини амният ва субот дар мамлакат, муҳим аст, ки ҷавонон на танҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, балки дар раванди ҳифзи ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҷомеа низ нақши фаъол дошта бошанд.