Дар тули таърихи башарият шахсиятҳое ба арсаи ҳастӣ меоянд, ки обрую нуфузи миллату давлати худро ҷаҳонӣ мегардонанд. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат барои халқи тоҷик яке аз чунин шахсиятҳо ба шумор рафта, хизматҳои бузурги таърихӣ карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз несту нобудшавӣ ва давлатро аз фурӯпошӣ наҷот додааст. Таҳти роҳбарии бевоситаи ин Абармард эҳёи арзишҳои миллӣ оғоз гардида, кишвар зина ба зина аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, барои расидан ба амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръат кушиш намуда, роҳи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ – дунявӣ ва ягона идома ёфта истодааст.
Ин ҳама хизматҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои фаъоли дипломатӣ, бо 120 давлат хамкорихои тичоратию иктисодӣ барқарор карда, аъзои беш аз 40 ташкилотҳои минтақавию ҷаҳонии молиявӣ гардида, ҳамкориҳои судмандро бо онҳо ба роҳ мондааст. Дар шароити муосир Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол бо сиёсати хориҷии “дарҳои боз”-и худ кушиш ба харҷ дода истодааст, ки робитаҳои байналмилалии кишварро боз ҳам устувортар намояд.
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистонро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифта буд ва дар ин шароит сиёсате лозим буд, ки якпорчагии миллатро таъмин кунад ва мавқеи сиёсии кишварро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам гардонад. Хушбахтона, дар он марҳилаи тақдирсоз Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин дастоварди нодиртарини миллат бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст.
Ба ҳам овардани тоҷикон, эҳёи арзишҳои миллӣ, рушди фарҳанг, забон ва таърихи миллати тоҷик, иштироки фаъоли Тоҷикистон дар ташаббусҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар соҳаи об, амнияти минтақавӣ ва мубориза бо терроризм аз хизматҳои шоистаи Рохбари оликадри мо шаҳодат медиҳад.
Нақши Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сиёсатмадори ҷаҳонӣ, Сарвари хирадманду дурбин, Асосгузори давлати навину ғамхори миллат дар қатори масъалаҳои ҳаётан муҳими тақдирсоз дар таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар бузургу беназир аст. Парокандагии Иттиҳоди Шӯравӣ низоми ягонаи таъминоти энергетикии кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистонро хароб намуда, мушкилоти зиёдеро дар таъмини аҳолӣ бо неруи барқ ба вуҷуд оварда буд. Сарвари давлат ҳамчун роҳбари дурандеш аз нахустин рӯзҳои интихоб шуданашон ба ҳайси Роҳбари кишвар ба масъалаи ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ диққати махсус дода, ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ ба ин соҳа талошҳои зиёде ба харҷ доданд.
Солҳои охир неругоҳҳои барқию обии «Сангтӯда 1», «Сангтӯда-2», «Помир» ва як қатор неругоҳҳои хурду миёна, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ба истифода дода шуданд, ки иқтидори истеҳсоли неруи барқро дар ҷумҳурӣ ба маротиб зиёд гардониданд. Дар ин давра бунёди хатхои интиқоли барқи 500 киловолтаи Ҷанубу Шимол имкон дод, ки дар Тоҷикистон шабакаи ягонаи энергетикӣ ташкил карда шавад. Инчунин 4200 км хатҳои интиқоли барқ, аз ҷумла, 720 км хатҳои интиқоли барқи баландшиддати аз 110 кВт. зиёд сохта, хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 220 кВт. «Лолазор-Хатлон», 220 кВт. Тоҷикистону Афғонистон (Сангтуда-Пули Хумрӣ), ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки дар масоили расидани кишвар ба истиқлолияти энергетикӣ қадами бузург ба ҳисоб мераванд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори асосии таҳия ва татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли қувваи барқ (CASA-1000) аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистону Покистон буда, дар бобати ба кишвари бузурги тавлидкунандаи “неруи барқи аз лиҳози экологӣ” тоза табдил додани Тоҷикистон саҳми воқеан ҳам беназире доранд. Давра ба давра татбиқ гардидани ин лоиҳа сабаби беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолии кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ гардида, имкониятҳои истеҳсолии онҳоро боз ҳам васеътар мегардонад. Барои халалдор нагардидани муҳити зист дар минтақаи Осиёи Марказию Ҷанубӣ сохтмони хатти минтақавии интиқоли барқи КАСА-1000 (252 километр) ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ оғоз гардидааст, ки он шабакаҳои барқии моро бо дигар кишварҳои минтақа пайваст намуда, ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо давлатҳои ҳамсоя оиди энергияи манфиатнок мусоидат мекунад, ки аз давраҳои зерин иборат аст: Давраи 1( 2- 3 сол) – Таъсиси низоми баландшиддати интиколи доимии ҷараён бо иктидори 2000 МВт ва Давраи 2 (2- 3сол) зиёд намудани имконият оид ба интиколи ҷараёни барқи доимӣ аз ҳисоби – васлкунии низоми барқи Точикистону Қирғизистон.
Маблағгузории сармояи харҷшуда аз ҳисоби ҷалб намудани маблағхо аз ташкилотхои молиявии байналмилалӣ (90% аз хисоби Бонки Осиёгии Рушд, Бонки рушди Исломӣ, ва Бонки байналмилӣ) ва сармоягузорони хусусӣ (10%) пешбинӣ шудааст.
Ин лоиҳа бори дигар нишон медиҳад, ки Сарвари давлати мо на танҳо ғамхори халқи тоҷик, балки ғамхори аҳолии тамоми минтақаи Осиёи Марказию Ҷанубианд. Мувофиқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсолим «энергияи сабз», яъне нерӯи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад. Зеро дастрасӣ ба энергия дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор нақши калидӣ дошта, хусусан барои кишварҳои тараққикунанда ва кӯҳистон ба масъалаи муҳимтарини рӯз табдил ёфтааст.
Барои Тоҷикистон масъалаи дастрасӣ ба энергия ҷиҳати таъмин намудани тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатхи зиндагии ахоли аҳамияти хоса дорад. Тоҷикистону Кирғизистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ кишвархои болооб маҳсуб ёфта, аз ҳудуди онҳо ду дарёи калонтарини минтака – Сирдарё ва Амударё сарчашма мегиранд. Дар шароити имруза кишвархои поёноб барои обёрии заминхои кишоварзиашон нисбат ба кишвархои болооб Тоҷикистон ва Киргизистон 16 маротиба обро зиёдтар истифода мебаранд. Бо мақсади дастгирии бештари рушди энергетика ва ҳамкорӣ дар ин соҳа дар Осиёи Марказӣ идеяи таъсис додани Консорсиуми байналмилалии гидроэнергетикӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, ки то ҳол моҳияти худро аз даст надодааст.
Дар ин чода Сарвари давлати Тоҷикистон борҳо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид, конференсия ва хамоишҳои бузурги байналмилалӣ дар мавриди ба роҳ мондани ҳамкориҳои шаффоф ҷиҳати татбиқи васеи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, бо истифода аз захираҳои бойи обии давлатамон, хамчун “Асосгузори дипломатияи об” ба таври доими масъалагузориҳо менамоянд.
Роҳбари ояндасози мо, баробари ба ин манбаи бебаҳои энергетикии кишвари азизамон ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷаҳониён, тавассути Бонки Умумиҷаҳонӣ таҳияи асоснокнамоии техникию иқтисодӣ ва экологии Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро тибқи талаботҳои муосир анҷом дода, масъалаи аз лиҳози ба меъёрҳои бехатарӣ, устуворӣ, экологӣ ҷавобгӯй будани иншооти мазкур ва имконияти дар садсолаҳои минбаъда барои на танҳо кишварамон, балки минтақа хизмат намудани онро собит намуданд. Бо бунёди чунин иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии интиқоли қувваи барқ кишвари мо метавонад ба бузургтарин тавлидгар ва содиркунандаи неруи барқ мубаддал гардад.
Хушбахтона ду агрегати ин иншооти бузурги аср имрузҳо ба мардуми тоҷик хизмати бебаҳо карда истодааст ва бо боварии том метавон гуфт, ки халқи тоҷик бо азми қавӣ ва Роҳбари мушкил нописандаш дар муҳлатҳои наздиктарин агрегатҳои боқимондаи ин неругоҳро ба истифода медиҳад.
Роҳбари давлатамон доимо таъкид менамоянд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо нерӯи барқ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, бо истифодаи имкониятҳои дохилӣ ва берунӣ барои рушди энергетика, ки чун яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисодии кишвар бояд саъйу талош намоем. Бо роҳи таъмиру таҷдиди иншооти гидроэнергетикӣ, барқарорсозии иқтидори онҳо, шабакаҳои интиқоли барқ метавонем рушди соҳаи энергетикаро суръат бахшида, истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро пурра таъмин намоем.
Ба истеҳсоли неруи барқи обӣ, ки Тоҷикистон барои ин имкониятҳои бузург дорад, аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон пайваста кӯшиш мекунад, ки рушди босуботи соҳаи энергетика таъмин карда шавад. Чиҳати бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли қувваи барқ, таҷдиду барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда ва умуман рушди соҳаи электроэнергетикаи кишвар лоиҳаҳои зиёди сармоягузорӣ амалан татбиқ шуда истодаанд.
Хизматҳои Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Истиқлол, бозсозии давлат ва рушду пешрафти кишвар беназир ва таърихист. Ба ҳам овардани тоҷикон дар дохил ва хориҷ, эҳёи арзишҳои миллӣ, рушди фарҳанг, забон ва таърихи миллати тоҷик ва таъмини иштироки фаъоли Тоҷикистон дар ташаббусҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар соҳаи об, амнияти минтақавӣ ва мубориза бо терроризм аз хизматҳои шоистаи роҳбарият ва мардуми бедордили тоҷик шаҳодат медиҳад.
Пешвои муаззами миллат дар баромадхои худ доимо таъкид месозанд, ки хушёрию зиракии сиёсиро аз даст надихем, сулху истиклоли давлатамонро ҳамчун гавҳараки чашм нигох дорем. Зеро ҳамаи дастоварду рушду нумӯи кишвари азизамон, хаёти хурраму озодамон, осмони софу беғуборамон, маҳз аз заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари давлату халқи сарбаланди тоҷик ва баракати Истиқлол аст.
Саидмуродова М.А. – н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии ДМТ