Истиқлолияти давлатӣ волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзри ҳастӣ намуд.
Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар чорабинии бошукӯҳ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии мамлакат изҳор доштанд – «Рӯзи соҳибистиқлолии мамлакат, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шудааст, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад».
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон неъмати беназири халқи тоҷик маҳсуб ёфта, барои ноил шудан ба он миллати тоҷик марҳилаҳои зиёди таърихиро паси сар намудааст.
Бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ба арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил ворид шуда, дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини сатҳи байналмилалӣ саҳми худро гузорад. Ҳамин аст, ки имрӯз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намуда, дар чорабиниҳои зиёди миллии халқи тоҷик намояндагони кишварҳои гуногуни ҷаҳонӣ иштироки фаъолона доранд.
Соҳибистиқлолӣ барои мардуми тоҷик ба осонӣ ба даст наомад. Гумроҳию нодонии мардум ва ҳирсу ҷаҳолатпарасти баъзе хоҷагони беруна ба сари мо ҷанги хонмонсӯзро бор намуданд, тоҷик бо ҷангу хунрезӣ, шикасту парешонӣ ва дарду аламҳои бешумор рӯ ба рӯ гашт. Ба таъбири устод Айнӣ «мо, тоҷикон… шамшери зангзадаи ҷаҳлу ҷаҳолати аз бобоён мерос мондаро боз аз нодонӣ ба сари якдигар бардоштем» ва ёд овардан талх ҳам бошад, харобкориву хунрезӣ кардем. Ва хуб шуд, ки ақли солим боло гирифту тоҷик Пешвои ҳақиқии худро дарёфт кард ва бо роҳбарии ӯ ба қуллаи мурод расид.
Бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯз тавонистем дастовардҳои хуберо соҳиб шавем.
Сокинони мамлакат шукронаи истиқлолро карда, дар пайи ободии диёр, шукуфоии Ватан, таҳкими истиқлолияти кишвар, баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистони ҷавони соҳибистиқлол ҳастанд. Маҳз меҳнати ҳар як шаҳрванд буд, ки дар як муддати кутоҳ Тоҷикистон сарсабзу хуррам ва ободу зебо, хуштарҳу намунавӣ ва дар радифи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ҷой гирифт.
Ҳамчунин, чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд «Маҳз истиқлолият имкон фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд».
Хушбахтона, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 170 давлати ҷаҳон ба расмият мешиносад ва сафоратхонаи Тоҷикистон дар он кишварҳо арзи вуҷуд дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду инкишофи босуботи иқтисодиёт ва беҳтар гардидани некӯаҳволии мардум ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро муайян намуд, ки онҳо марҳила ба марҳила амалӣ ва иҷро шуда истодаанд.
Дар баробари ин, Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа рушд карда, ба кишвари рӯ ба тараққӣ табдил ёфт.
Дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҷумҳуриявӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО гиромидошту бузургдошти осор, чеҳраҳову шахсиятҳо, санаҳои муҳимми таърихиву фарҳангӣ, ҷашнҳои олимон, адибон ва ҳунармандони мумтозу бузурги миллати тоҷик, аз ҷумла 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии маданияти Ҳисор, 1100-солагии аввалин давлати мутамаркази тоҷикон – Сомониён, 2700-солагии китоби Авасто, Соли тамаддуни ориёӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам, 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, 100-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, 5500-солагии Саразми бостонӣ ва ғайра дар замони соҳибистиқлолӣ таҷлил гардиданд, ки онҳо тоҷиконро ҳамчун миллати бофарҳангу соҳибтамаддун муаррифӣ карданд.
Бо ташаббусу ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашнҳои миллии тоҷикон, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон эҳё гардиданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо пешниҳод ва азму талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 феврали соли 2010 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар сессияи 64-уми худ ҷашни бостонии Наврўзи хуҷастапайро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон намуд. Акнун ҷашни Наврӯз аз доираи кишварҳои ҳавзаи Наврӯз берун рафта, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт. Наврӯз дар Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати беандоза ҷашн гирифта мешавад.
Пешниҳодҳову ибтикороти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди усувор» (2018-2028), Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва ғайра дар сатҳи ҷаҳон аз ҷониби СММ пазируфта шудаанд, ки Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббусҳои оламгир ва иқдомҳои башардӯстона муаррифӣ менамояд.
Яке аз дастовардҳои даврони Истиқлол ташкил ва баргузории озмунҳои гуногуни илмию адабӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб мераванд. Бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» роҳандозӣ шуданд, ки онҳо дар ташаккули ҷаҳони маънавии мардуми тоҷик нақши муассир гузошта истодаанд.
Аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тақвият ва суръат бахшидан ва дарёфти чеҳраҳои нави илм, олимони эҷодкор, ихтироъкорон ва навоварон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид, ки он дастури саривақтӣ ва аҳамиятнок мебошад. Ба ин васила, олимону муҳаққиқон ва аҳли зиё ба илмҳои бунёдӣ ва технологияи муосир, аз ҷумла математика, информатика, кимиё, биология, физика, география ва ихтироъкориву навоварӣ машғул мешаванд ва илму маорифи кишвар таҳаввулу такомул меёбад.
Аз комёбиҳо ва дастовардҳои бузурги замони Истиқлол неругоҳҳои хурду бузург, аз ҷумла НОБ-и Роғун ба шумор меравад, ки пуриқтидортарин неругоҳ дар кишвар ва берун аз он мебошад. Неругоҳ аз 6 чарх иборат буда, тавоноии ҳар яки он 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Хушбахтона, 16 -уми ноябри соли 2018 чархи якум ва 1-уми сентябри соли 2019 чархи дуюми НОБ-и Роғун ба кор дароварда шуд. Орзуи чандинсолаи мардуми тоҷик ҷомаи амал пӯшида истодааст.
Яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад, ки ҳамчун вазифаи умумимиллӣ ва омили рушду пешрафти кишвар маҳсуб меёбад. Дар даврони Истиқлол корҳои зиёде, аз ҷумла сохтмони роҳҳо, пулҳо ва нақбҳо ба анҷом расиданд. Нақбҳои автомобилгарди Шаршар, Чормағзак, Истиқлол, Шаҳристон ва роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Бустон-Чанак, Душанбе-Нуробод-Лахш-Саритош, Душанбе-Данғара, Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Қулма, Қурғонтеппа-Дӯстӣ ва ғайра ба истифода дода шуданд, ки он ба рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мусоидат намуд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо технологияи рақамӣ дар иқтисоди миллӣ самаранок истифода мешавад ва гузариш ба рақамикунонии ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ саривақтӣ ва аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияи рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 -ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуданд.
Албатта, комёбиву дастовардҳои Тоҷикистон дар замони Истиқлол бешумор мебошанд ва ба тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар тааллуқ доранд, вале зикри ҳамаи онҳо ин ҷо имконнопазир аст.
Хушбахтона, мо имсол 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо комёбиву дастовардҳои арзанда дар фазои сулҳу дӯстӣ, оромиву ободӣ, озодиву хушбахтӣ, меҳру муҳаббат ва шодиву хурсандӣ истиқбол мегирем.
Мо бар он назарем, ки фазои Ватани соҳибихтиёри моро имрўзҳо набояд фикру ғояҳои бегонаи ҷудоиандоз, балки ваҳдати маънавӣ, яъне ягонагӣ аз ҷиҳати фикру ақида, ягона будани мафкура, ки асоси онро низ созандагию бунёдкорӣ ташкил медиҳад, фарогир бошад. Бояд аз пештара бештар бар он саъй кунем, ки дар партави фазилати ибратоини Пешвои муаззами миллат Тоҷикистони азизро ҳамчун давлати соҳибистиқлоли дунявӣ, ваҳдатободу ваҳдатистон дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоем. Моро мебояд, ки Истиқлолият ва сулҳу ваҳдатро дар шуур ва қалби наслҳои оянда бо як меҳру муҳаббат парвариш намоем, то ин ки онҳо низ саҳми арзандаи хешро содиқона дар рушду нумуи кишвари маҳбубамон гузоранд.
Обидов Умед Фозилович – декани факултети молиявию иқтисодии ДМТ.
Зиёев Зулфиқор Маҳмадёқубович – мушовири академии дараҷаи I дар шӯъбаи рӯзонаи факултети молиявию иқтисодии ДМТ.