
Рушди устувори иқтисоди миллӣ ва таҳкими нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар шароити муосир аз фаъолияти густурдаи ташкилотҳои қарзӣ вобастагии беандоза дорад. Таъмини иқтисодиёт бо захираҳои пулӣ, молиякунонии соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии халқи мамлакат тавассути ташкилотҳои қарзӣ роҳандозӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, ташкилотҳои қарзӣ дар низоми иқтисодии ҳар як кишвари алоҳида мавқеи муҳимро касб намудаанд ва коркарди механизми таъмини устувории молиявии ин ташкилотҳо ҳамчун нишондиҳандаи тақвияти онҳо зарур баҳогузорӣ мегардад.
Дар партави эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» имрӯз (12.03.2025) дар пояи кафедраи кори бонкии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи «Масоили такмили фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ» баргузор гардид.
Дар оғоз сардори раёсати илм Дӯстзода Ҳ. оид ба муҳтавои мавзуи мазкур сухан намуда, зикр кард, ки гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва татбиқи муносибатҳои иқтисодӣ тариқи тенологияҳои инноватсионӣ, нақши бонкҳо дар иқтисодиёт боз ҳам боло рафта, ҳисоббаробракуниҳо миёни субъектони хоҷагидорӣ ба воситаи ташкилотҳои қарзӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ мегардад, ки ин раванд ба гузариш ба иқтисоди рақамӣ суръат мебахшад.
Гузашта аз ин, татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар, саноатикунонии босуръат бо истифода аз захираҳои пулии ташкилотҳои қарзӣ ва сармоягузории бонкҳои тиҷоратӣ таъмин гардида, тараққиёти иқтисоди мамлакат ба роҳ монда мешавад.
Зимнан дар кори конференсия профессори кафедраи кори бонкии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳикматов У. оид ба “Татбиқ ва дурнамои рушди ипотекаи рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, профессор, ходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Шарифзода Б. оид ба “Захираҳои афзоиши иқтидори молиявии иқтисодиёти миллӣ дар раванди рақамикунонӣ”, профессори кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳ Шамсзода И. доир ба “Технологияи рақамӣ ва равандҳои коркарди он дар замони муосир”, сардори Департаменти кортҳои пардохтии ҶСП “Спитамен Бонк” Исхаков Д. оид ба “Развитие и интеграция международных платежных систем: успешный опыт Республики Таджикистан”, сардори Хадамоти аудити дохилии ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» Азизов З. дар мавзуи “Таъсири иқтисоди рақамӣ ба рушди низоми бонкӣ” ва дотсент, мудири кафедраи кори бонкии Донишгоҳ, Ғаюров Ғ. доир ба “Такмили нақши технологияи муосир дар ҷараёни рушди фаъолияти такилотҳои қарзӣ” маърӯзаҳо намуданд.
Таъкид гардид, ки таҳкими минбаъдаи ташкилотҳои қарзӣ ва фаъолияти самаранокии бонкҳо аз истифодаи саривақтии технологияи инноватсионӣ вобаста мебошад. Баландбардории сифати хизматрасониҳои бонкӣ, таҳкими зерсохтори бонкӣ, баландбардории ликвиднокӣ, таъмини пардохтпазирӣ, баландбардории сатҳи рақобатпазирӣ, бозомӯзии ҳайати кормандон, ҷалби мутахассисони соҳабкасб ва таъмини эътимонокӣ дар оянда, бояд самтҳои афзалиятноке бошанд, ки фаъолияти самаранок ва устуворонаи ташкилотҳои қарзиро дар бозори бонкӣ таъмин намоянд.