
Имрӯз (06.03.2025) тибқи нақша-чорабиниҳои факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар чорабинии идона баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани табрикотии декани факултети молиявию иқтисодӣ Обидов У.Ф. оғоз ёфт. Зимнан декани факултет аз дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мавқеи зан дар ҷомеа изҳори андеша намуд. Гуфта шуд, ки дар тамоми давраҳои таърихии миллатамон қадру қимати зани тоҷик ҳамеша баланд буд ва нақши онҳо дар инкишофи тамаддуни фарҳанги миллӣ басо бузург аст. Бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор тадбирҳои мушаххас, қабул кардани барномаи давлатӣ оид ба ҷо ба ҷо гузории кадрҳо аз ҳисоби занон, бунёди хобгоҳҳо барои донишҷӯдухтарон, ҷудо намудани гранти Президентӣ барои институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, қабули духтарон тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии касбӣ амалӣ шуда истодаанд.
Дар идомаи чорабинии мазкур Латофат Назирӣ – н.и.п., дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи ДМТ, Ахмедова Мушаррафа – н.и.п., дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи ДМТ ва Олимова Дилором – намояндаи Раёсати тарбияи донишгоҳ ба сухан баромада таъкид намуданд, ки мавқеи зани тоҷик дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва фаъолияти онҳо дар рушди босуботи кишварамон назаррас мебошад. Занону модарони тоҷик, ки имрӯз дар фазои сулҳу субот ҳаёт ба сар мебаранд, бояд он донишу малакае, ки доранд, баҳри пешрафту шукуфоии Ватани хеш сарф намояд.
Ҳамзамон, бо ташаббуси садорати факултети молиявию иқтисодӣ омӯзгорону кормандон ва донишҷӯдухтарони фаъоли факултет барои пешбурди раванди таълиму тарбия ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ бо Сипосномаи ФМИ ҳавасманд гардонида шуданд. Боиси қайд аст, ки ба ин муносибат тамоми бонувони факултет бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.