Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷатест, ки бо ироа гардидани он яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар он инъикос мегардад, ки барои рушди давлатдории миллӣ мусоидат менамояд. Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва сарнавиштсози мамлакат ба ҳисоб рафта,барои фароҳам овардани рушди устувор дар соҳаҳои ҳукумати кишвар нақши калидӣхоҳад гузошт.
Ҳамасола дар кишвар ин ҳуҷҷати муҳим ба таври мушахас аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа мегардад, ки давоми яксоли рушди босуботи соҳаҳои кишвари Тоҷикистон дар он мавриди барасӣ қарор мегирад. Паёми Пешвои миллат инъикосгари арзишҳои миллию давлатдорӣ, рушди босуботи кишвар, таъмини сатҳу сифати зиндагии некуаҳволии халқи тоҷикро дар бар гирифта, барои боз ҳам афзалиятнок гардонидани соҳаҳои фаъолияти ҳукумати кишвар ба нақша гирифтани корҳои арзишманд дар ин самт равона гардидааст.
Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва сарнавиштсози мамлакат ба ҳисоб рафта, барои фароҳам овардани рушди устувор дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати кишвар нақши калидӣ хоҳад гузошт.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, ки бори нахуст дар бинои наву боҳашамати Парламенти кишвар ироа гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсола таъкид доштанд, ки барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд.
Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмини нишондиҳандаҳои пешбинишудаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободонии шаҳру деҳоти кишвар мусоидат намуд.
Дар Паёми имсола тамоми дастоварду пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Яке аз ҳадафҳои нахустини кишвар ин ба даст овардани истиқлолияти энергитикӣ аст, ки дар ин самт корҳои арзишманд аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба роҳ монда шудаанд. Дар кишвари соҳибистиқлоли мо барои тавлиди энергияи сабз нерӯгоҳҳои хурду бузург вуҷуд доранд, ки аксарияташон дар замони соҳибистиқлолии кишвар сохта ба истифода дода шудаанд. Яке аз нерӯгоҳҳои бузурги тавлидкунандаи энергияи сабз ин НБО-Роғун мебошад, ки сохтмони он ҳоло бомаром идома дорад. Дар Паёми худ Пешвои миллат қайд намуданд, ки соли 2025 агрегати сеюми ин нерӯгоҳи аср ба истифода дода мешавад.
Паёми Пешвои миллат инъикосгари арзишҳои миллию давлатдорӣ, рушди босуботи кишвар, таъминкунандаи сатҳу сифати зиндагии халқи тоҷик ба шумор рафта, барои боз ҳам афзалиятнок гардонидани соҳаҳои фаъолияти Ҳукумати кишвар ба нақша гирифтани корҳои арзишмандро замина мегузорад.
Яке аз иқдомҳои хоса, ки зимни ироаи Паёми Пешвои миллат садо дод ин беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад аз ҷониби Роҳбари давлат зикр гардид, ки “аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуда, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Воқеан ҳам соҳаи иқтисодиёти кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ маҳз бо талошу дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бесобиқа намудааст. Ҳамин аст, ки Саравари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа дар ҳар як баромади хеш таваҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар Паёми имсола Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳоирушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.
Мақсад аз эълон намудани солҳои 2025 – 2330 «Солҳоирушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» аз он иборат аст, ки рушди ҳамаи соҳаҳо ва умуман рушди давлат аз иқтисоди он вобастагии амиқ дорад, ва дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти Роҳбарии Сарвари оқилу дурандеши хеш дар тули се даҳсолаи охири солҳои соҳибистиқлолии кишварамон корҳои зиёду азимеро ба анҷом расонидааст, дар нтиҷаҳои дилхоҳ ба даст овардааст. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ба маротиб боло бардоштани музди маошу нафақаву стипедия ва дигар иловапулиҳои далолат аз болоравии иқтисоди давлат медиҳад.
Чораандешиҳои солҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаштан ба ҳисоббаробаркунии ғайнинақдӣ низ тавонист, ки барои пешрафт ва рушди мамалакат таъсири мусбат расонда, дар пешрафти иқтисодиёти давлату ҷамъият низ таъсири калон расонд, ки ин пеши роҳи ғайримақсаднок истифодашавии маблағҳо дар корхонаҳои буҷетӣ низ гирифта, барои аз коррупсия эмин буданро ҳам барканор кард.
Масъалагузориҳои Президенти мамлакат дар самти саноатикунонии мамлакат барои солҳои 2021 – 2026 метавонад ки сатҳи иқтисодиёти мамлакатро ба маротиб боло бардошта, дар ин замина сатҳи зиндагии халқ низ хубу беҳ гашта, дар натиҷа пеш рафтани давлату ҷамъият муясар мешавад.
Олимбекзода Ф.О., ассистенти кафедраи кори бонкии факултети молиявию иқтисодии ДМТ