МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

29

Воқеан, имрӯз амалҳои коррупсионӣ яке аз масъалаҳои номатлуби муносибатҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат реша давонидааст. Ин таҷриба ба яке аз масъалаҳои ҳаёти умумибашарӣ алоқаманд буда, дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон барои пешгирии он чораҳои дахлдор меандешанд. Зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ ин тадбири ғайримақсаднок буда, ҳачун падида ба пешравии фаъолияти ниҳодҳои ҷамъиятӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Масъалаи мазкур зери тавваҷуҳи роҳбари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои он, яке аз зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир муайян гардидааст, ҳамеша муқовимат бояд бошад. Муқовимат бо коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат буда, дар ин самт аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегия ва барномаҳои дарозмуҳлат ва миёнамуҳлат қабул гардидааст.

Дар заминаи татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд – Стратегия), ки он ҳамчун барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб меравад, дар он мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегия баҳри баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ паст намудани шиддати коррупсия оварда шудааст, ки минбаъд барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат менамояд.

Дар ҳамаи қишрҳои ҷомеа коррусия ҳачун амалӣ номатлуб ба мисли беморие арзёбӣ мегардад, ки баҳри пешгирии он ҷонибдории на танҳо як мамлакат балки ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон кӯшиш менамоянд. Дар ин замина меъёрҳои Конвенсияи СММ зидди коррупсия, ки барои паст кардани хавфҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ равона карда шудаанд, бо тавсияҳое, ки аз ҷониби СҲИР дар доираи Нақшаи Истамбулии амалҳои Шабакаи мубориза зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон дар соли 2003 дода шудаанд, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон чор маротиба маниторинги иҷрои тавсияҳо гузаронида шуд. Тавсияҳои дигари созмонҳои байналмилалие, ки дар доираи шартномаҳои байналмилалӣ гузаронида шудаанд, ки Тоҷикистон яке аз иштирокчии фаъоли он ба ҳисоб рафт. Мувофиқи барномаҳои давлатии зиддикоррупсионии қаблӣ то ба имрӯз дар сатҳи миллӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул гардидааст, ки онҳо аҳамияти стратегӣ доранд.

Мафҳуми коррупсия дар Конгресси 9-уми Созмони Милали Муттаҳид бо маънои коррупсия – сӯйистеъмол аз ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ пешниҳод шудаааст.

Мафҳуми коррупсия хусусияти суйистеъмолӣ пайдонамуда, мувофиқи моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” мафҳумҳои коррупсия кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахс барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешаванд, инчунин, ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъриф дода шудааст.

Айниҳол мафҳуми коррупсия дар ҷомеа бо маъноҳои гуногун, аз ҷумла бо маънои ришва додан, сӯийистифода аз мансаб, порраситонӣ, судхӯрӣ, хушомад намудан, сохтакорӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳо, азонихудкунӣ, исрофкорӣ ва хешутаборчигӣ иборат мебошад.

Дар самти такмил додани равандҳои пешгирии ҳолатҳои коррусионӣ мувофиқнамоии имкониятҳои минтақаҳо ва корхонаҳои фаъолияткунанда, ояндабинии манбаъҳои воқеии андоз, пешгирӣ кардани афзоиши бақияи қарзи андозҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва ба ин васила кам кардани таъсири омили инсонӣ, корҳои тавзеҳотиву фаҳмондадиҳӣ бо андозсупорандагон ба таври доимӣ ва бештару беҳтар ба роҳ монда шаванд.

Муқовимат бо коррупсия ҳамчун амали дастаҷамъона буда, мақомоти давлатӣ дар якҷоягӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонанд барои пешгири кардани шиддати он мусоидат намоянд.

Абдулҳафиз Исматов, муаллими калони кафедраиандоз ва андозбандии ДМТ