ДАСТОВАРДИ ДОНИШҶӮЁНИ ФМИ ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

99

Дар доираи ҳамкориҳои хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи байналмиллалии шабакавӣ, ки 36 мамлакати ҷаҳон аъзои он мебошанд, ҳамасола миёни донишгоҳҳои мамлакатҳои мазкур Олимпиадаи байналмиллалӣ оид ба бехатарии молиявӣ баргузор карда мешавад. Боиси ифтихор аст, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, низ аъзои Донишгоҳи байналмиллалии шабакавӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола як зумра донишҷӯён аз факултетҳои молиявию иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ва баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ дар ин Олимпиадаи байналмиллалӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Дар соли ҷорӣ IV Олимпиадаи байналмиллалӣ оид ба бехатарии молиявӣ, ки аз санаи 30.09.2024 то 04.10.2024 дар шаҳри Сириуси Федератсияи Россия баргузор гардид, як зумра донишҷӯёни факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, сазовори дастовардҳои назаррас гардиданд, аз ҷумла;

Сафарзода Сино Диловар – донишҷӯёи курси 4-уми ихтисоси молия ва қарз, гр.русӣ аз рӯи самти иқтисодиёт;

Саидҷони Обидҷон – донишҷӯёи курси 4-уми ихтисоси иқтисодиёти ҷпҳонӣ, гр.англисӣ аз рӯи самти иқтисодиёти ҷаҳонӣ.