ДАР ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ СОЛИ АВВАЛ

74

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо вохӯрии навбатии намояндаи ҳифзи ҳуқуқ бо донишҷӯёни соли аввали факултети молиявию иқтисодӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ин нишона аз ватандӯстии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.