КИТОБИ ТОЗАНАШР

82

Бо унвони «Нақши Пешвои миллат дар рушди иқтисоди миллӣ» китоби устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, декани факултети молиявию иқтисодӣ Саъдуллозода Сафарбек Саъдулло аз чоп баромад.

Китоби тозанашр нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди иқтисоди миллӣ ба таври мухтасар инъикос менамояд. Муаллиф дар такя ба маводи дастрасшуда нақши Пешвои муаззами миллатро дар амалӣ гардидани ҳадафҳои муҳимму стратегии кишвар мавриди омӯзиш қарор додааст. Дар ҳаҷми чор боб ва ҳашт зербоб раванди амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегӣ, ки асоси рушди иқтисоди миллиро ташкил медиҳад, нишон додааст. Махсусан, раванди амалӣ гардидани масъалаҳои меҳварии иқтисоди кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, ба даст овардани истиқлоли энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат таҳти сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикос гардидааст.