ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ – ЗАМИНАИ БУНЁДИИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ КИШВАР

108

Мақсади асосии сиёсати иқтисодии тамоми давлатҳои дунё таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба шумор меравад. Тадқиқотҳои илмӣ исбот намудаанд, ки дар баробари дигар омилҳо, суботи иқтисодӣ низ ҳамчун омили асосии таъмини рушди устувори иқтисодӣ ба шумор меравад. Сарчашмаи суботи иқтисодӣ ин, пеш аз ҳама, истиқлоли давлатӣ ба шумор меравад.

Истиқлоли давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст.

Дар тули 33 соли истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои бузурге ноил гардидааст, ки баъзе кишварҳои дунё дар тули садсолаҳо ба даст оварда наметавонанд. Яке аз дастовардҳои сиёсии Истиқлоли давлатӣ ин ба даст овардани давлатдорӣ мебошад. Маҳз дар сатҳи давлатдорӣ як миллат ё халқ метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низоми сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатро нишон диҳад ва дар навбати худ низоми ҳуқуқии миллиро таъсис диҳад. Аз ин лиҳоз, дар таърихи муосири Тоҷикистон ба даст овардани давлатдории миллӣ падидаи нодир буда, дастоварди беназири истиқлол мебошад.

Истиқлоли давлатӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ буда, барои рушди минбаъдаи иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии кишварамон заминаи устувору пойдор фароҳам сохт. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Истиқлол нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад».

Дар ҳақиқат, маҳз Истиқлоли давлатӣ ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем.

Истиқлоли давлатӣ заминаи бунёдӣ барои тамоми соҳаҳо ба шумор меравад. Дар баробари дигар омилҳое, ки бевосита ба рушди иқтисодӣ мусоидат менамояд, истиқлол ва суботи иқтисодӣ омили асосӣ ва заминаи бунёдӣ ба рушди иқтисоди миллии кишвар мусоидат карда метавонад.

Истиқлоли давлатӣ барои рушди иқтисодиёти кишвар шароити мусоид фароҳам овард. Рушди иқтисодии кишвар омили муҳим барои тақвияти ваҳдати миллӣ дар даврони истиқлол низ мебошад. Дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ корхонаҳои нав бунёд мегарданд ва ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меоянд, ки боиси рушди ин ё он маҳал ва баланд гардидани сатҳи иқтисодии аҳли ҷомеа мегардад.

Тибқи «Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030» ҳаҷми сармояи мустақим то соли 2026 нисбат ба маҷмуи маҳсулоти дохилӣ то 10 фоиз расонида шуда, солҳои 2022 – 2026, яъне дар панҷ сол бояд ба иқтисоди миллӣ беш аз 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шавад.

Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.

Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд.

Истиқлоли давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус диҳем. Чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳимми вуҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тули асрҳо ба шумор меравад.

Падидаи муҳими дигар дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин қабул гардидани пешниҳодҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ин пешниҳодҳо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳифзи манфиати миллӣ ва дарки баробариву ҳамкории судманд дар сатҳи байналмилалӣ манзур гардиданд. Инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доир ба масъалаҳои актуалии ҷаҳони муосир пешниҳоди худро иброз намуда, мавқеи худро муайян менамояд.

Бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилотӣ ва тиббӣ, аз ҷумла мактабҳо, беморхонаҳо, литсейҳо, донишкадаву донишгоҳҳо дар саросари кишвар аз ҷумлаи амалӣ намудани барномаҳои маърифатноккунии ҷомеа ба шумор меравад. Дар ин самт вазифаи асосӣ на танҳо сохтмон, балки ба талаботи замона ҷавобгӯ будан ва муҳайё намудани шароити муосири таълим ва таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ ва дигар васоити техникӣ мебошад. Ҳамаи ин ба самти тарбияи дурусти насли наврас, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омӯзиши илмҳои дақиқ ва забономӯзӣ ҳидоят намудани хонандагон, дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намудани наслҳои наврасу ҷавон равона шудаанд.

Истиқлоли давлатӣ, ки имрӯз мо сиву сеюмин солгарди онро бо ифтихор ҷашн гирифта истодаем, дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.

Қобили зикр аст, ки соҳибкорони мамлакат, дар навбати худ, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми назаррас гузошта истодаанд ва бовар дорам, ки чунин иқдомоти созанда аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст вусъати боз ҳам бештар пайдо мекунанд.

Итминони комил дорам, ки ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба ҳамаамон неруи тоза бахшида, ба таҳкими дастовардҳои он, тақвият ёфтани Ваҳдати миллӣ ва беҳтар шудани зиндагии халқи мамлакат мусоидат менамояд.

Гулов Шералӣ,мудири кафедраи андоз ва андозбандии ДМТ