ВАҲДАТИ МИЛЛӢ БАҚОИ МИЛЛАТ

162

“Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қиммати сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо, пеш аз ҳама тавонистем Истиқлолияти давлатӣ ва тамомиятарзишии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем.”

Эмомалӣ Раҳмон

Воқеан ҳам, Ваҳдат омили рушди босуботи мамлакат, кафили иқболу саодати халқу ҷамъият ба ҳисоб меравад. Ин мафҳуми муқаддас миёни мафҳумҳои барои мо пурарзиш, чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, андешаву шуур ва ҳуввияти миллӣ ҷойгоҳи махсусро дорост. Зеро Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри ҳамаи миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад.

Ваҳдати миллӣ ифодакунандаи сарҷамъиву муттаҳидии фарду ҷомеа, гузаштан аз гуноҳи якдигар, саодатмандию сарфарозии миллат нисбати оянда халқи хеш аст. Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳар як ҷомеа ва миллату давлат дар ҳоле худро хушбахту сарҷамъ ва ором ҳис мекунад, ки дар Ватан фазои сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ побарҷо бошад.

Ваҳдати миллӣ арзише мебошанд, ки дар заминаи ормонҳои миллӣ ба вуҷуд омада, аз ҳар фард матиниродагиву дурандешӣ, ватандӯстию посдорӣ, қадршиносӣ ва арҷгузории арзишҳои миллиро талаб менамояд. Ин неъмати бебаҳо арзише мебошанд, ки ҳама халқу миллат ва давлатҳо дар ҳама давру замон ба онҳо ниёз доранд.

Ваҳдат ин якдилӣ ва ягонагӣ буда яке аз омилҳои осоиш, пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ин омил орзую омоли кулли халқҳои олам аст. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард. Истиқрори сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, дастоварди бузург дар таърихӣ мардуми Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз ҳар яки моро мебояд ин арзишҳои миллиро аз ҳама гуна манфиатҳо дида, бештар ҳифз намоед. Ҳимоя накардани ин муқаддасот, боиси нобудӣ ва азбайнравии фарҳанг, ҳаёти осоишта ва ваҳдату сарҷамъӣ ва нобудии халқу миллат оварда мерасонад. Ваҳдати миллӣ арзише мебошанд, ки онҳоро наметавон ба ягон чиз (сарват) харидорӣ кард. Бинобар ин ҳар якеи мо андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун рукни боэътимоди истиқлолият ва ғояи асосии давлатдории миллӣ маҳсуб намоем ва онро миёнаи ҷомеа, бахусус наслҳои ҷавон баҳри бақои амният ва сулҳу суботи давлат тарғиб созем.

Маҳз, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид. Бояд зикр кард, ки Сарвари давлати мо аз рӯзи аввали сари қудрат омаданаш баҳри ба даст овардани сулҳу субот ва оромиву осоиштагӣ хизматҳои зиёде кардааст ва сулҳофарӣ яке аз сифатҳои асосиашон мебошад. Маҳз бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат сулҳи тоҷикон бо дарёфти ҳадафи аслии таърихи миллат, яъне Ваҳдати миллӣ расид. Ва дар ниҳоят Сулҳ, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии тоҷикон мафҳумҳои азиз барои ҳар фарди Тоҷикистон гардид.

Ваҳдати миллӣ, бешубҳа, самараи талошҳои фидокорона ва ҷавонмардонаи Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошад, зеро маҳз садоқат ба арзишҳои миллӣ ва шинохти воқеии ватандорӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми шарафманди он шароит фароҳам овард. Дар ҳассостарин лаҳзаҳое, ки тақдири давлати миллӣ ва қисмати мардуми Тоҷикистон ба бозии манфиатхоҳони динию мазҳабӣ гирифтор шуд, ин ҷавонмарди асил ба арсаи сиёсат ворид шуда, сарнавишту тақдири миллатро бар дӯш гирифтанд ва бо самимияти комил ба миллати ҷафодидаи тоҷик паём доданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам».

Ибрагимов Тоҳирҷон Амоналиевич – муовини декан оид ба тарбияи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон