СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

139

Ҷавонон неруи бузург ва пешбарандаи фарҳангу тамаддуни ҷомеаи башарӣ буда, ҳамеша дар пешрафт ва рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ саҳми арзанда доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар омӯзиш ва истифодаи техникаву технологияҳои навини иттилоотиву коммуникатсионӣ диққати махсус зоҳир намуда, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри рушду нумӯи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои онҳо пайваста таъмин месозанд. Қайд намудан ба маврид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин қишри ҷомеа эътимоди хосса зоҳир намуда, аз замони нахуст ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ баҳри дуруст тарбия намудани насли наврасу ҷавон ҳама гуна чораҳои заруриро андешида истодааст. Имрӯз саҳми ҷавонон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ назаррас буда, иштироки онҳо дар тамоми чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ бараъло ба мушоҳида мерасанд. Маҳз ба ҳамин хотир бо ташаббус ва ибтикори Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 июли соли 2004 Қонун «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуд. Чи хеле, ки дар моддаи 3-юми қонуни мазкур дарҷ гардидааст, мақсад аз қабули қонун ин мусоидат ба инкишофи маънавӣ, фарҳангӣ, иҷтимоию ҷисмонии ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон, муҳайё сохтани шароит барои мустақилона ва бо ҳисси масъулият ширкат варзидани ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, дастгирии моддӣ, молиявӣ ва иҷтимоии онҳо мебошад. Воқеан ҷавонони мо ҷавонони бисёр саодатманданд, зеро ҳама шароити мусоид баҳри дуруст тарбия ёфтан ва солим ба камол расидани насли ҷавон фароҳам оварда шуда истодааст. Набояд фаромӯш кард, ки ин ҳама неъматҳо дар натиҷаи талош ва заҳмату хизматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст.

Ғамхории Пешвои миллат нисбат ба мо, ҷавонон, рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Шароитҳои беҳтаринро дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омӯзишгоҳҳову колеҷҳо фароҳам шудааст.

Ҷавонон имкон доранд, ки дар донишгоҳҳои олии мамлакат ва ё дар хориҷ таҳсили илм намоянд. Инчунин бо дастгирии бевоси¬таи Пешвои миллат Маркази мил¬лии тестӣ ба истифода дода шуд ва ӯ таъкид намуд, ки “Мо барои тарбияи кадрҳои ояндасози мамлакатамон тамоми шароитҳои заруриро муҳайё карда, доир ба интихоби ҷавонони дар ҳақиқат донишманду ояндадор ҳамаи чораҳои дахлдорро андешида ис¬тодаем”. Имрӯз тамоми қаламрави кишварамон дар меҳвари таваҷҷӯҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, корҳои ободонӣ бо маром идома ёфта истодаанд. Шумораи иншоотҳои гуногун, аз қабили донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу мактабҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, майдончаҳои варзишӣ, инчунин бунёди боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ рӯз то рӯз зиёд гашта, баҳри истифода ва баҳрабардории ҷавонон қарор дода мешаванд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, соли 2017- ро дар миқёси Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон намуданд. Ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати кишвар баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, дар рӯҳияи донишандӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, ҷиҳати аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, омӯхтан ва истифода намудани техника ва технологияҳои муосир, таъмини талаботи бозори меҳнат ҳар гуна чорабиниҳо ташкил ва баргузор карда мешаванд. Қайд намудан бамаврид аст, ки ҳамасола дар арафаи иду ҷашнвораҳо бо ибтикори Ҷаноби Олӣ чандин ҷавон аз оилаҳои камбизоату бепарастор хонадор карда шуда, бо манзилҳои истиқоматӣ ва тамоми ашёву лавозимоти рӯзгор таъмин мегарданд. Ҳанӯз аз замони тоза ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ қайд карданд, ки “Ҳоло ба мо зарур аст, ки ҳамаи он чизи мусбатеро, ки дар соҳаи иқтисодиёт, фарҳангу маънавиёт аз даст додаем, аз нав барқарор намоем. Дар ин кор пеш аз ҳама ба ҷавонон такя мекунем”. Аз ин гуфтаҳо хулоса кардан зарур аст, ки мо ҷавонон дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, такягоҳи боэътимоди Ӯ ба ҳисоб меравем. Мутаасифона бо вуҷуди ин ҳама ғамхориҳову дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, боз ҳам баъзе ҷавононе пайдо мешаванд, ки носипосӣ нисбат ба давлату миллат зоҳир намуда, дониставу надониста ба ин ё он гурӯҳҳои ифротӣ шомил мешаванд ва мехоҳанд амнияти кишварро халалдор созанд. Аз ин лиҳоз, мо ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пешгирии шомил шудани ҷавонон ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо корҳои ташвиқотиву тарғиботиро бештар ба роҳ монда, баҳри ҳифзи ватану миллат саҳмгузор бошем ва ба қадри заҳматҳои Пешвои миллат расида, ба Модар — Ватани азизи худ хизмати содиқона намуда, дар ҳимояи манфиатҳои он ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ донем.

Манучеҳр Ҳусайнов,мудири кафедраи молия ва суғуртаи ДМТ