МУБОДИЛАИ АФКОР БАҲРИ РУШДИ БОСУБОТИ СОҲАИ ИҚТИСОД

151

Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди иқтисод ва иҷтимоиёт, ҳамзамон, иҷрои як қатор санадҳои дар ин самт ба тасвибрасида вохӯрии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо устодони собиқадор ва кормандони факултетҳои иқтисодии Донишгоҳ баргузор гардид.

Ректори Донишгоҳ зимни сухани муқаддимавии хеш иброз дошт, ки иқтисод яке аз пояҳои Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб меравад. Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баробари соҳиб шудани истиқлоли миллӣ зарурат ба гузаронидани ислоҳотҳои ҷадиди иқтисодӣ дошт. Новобаста аз он, ки Истиқлоли давлатии мо дар ибтидо ба моҷарои сиёсӣ рӯ ба рӯ гардид, Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими пояҳои Истиқлол ислоҳоти ҳамаи соҳаҳо ва ташаккули муносибатҳои нави иқтисодиро вазифаи меҳварии хеш эълон намуд.

Гуфта шуд, ки барои танзими соҳаи иқтисод дар давраи соҳибистиқлолӣ як қатор санадҳо, аз ҷумла Қонуни ҶТ “Дар бораи савдои электронӣ”, Қонуни ҶТ “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”, Қонуни ҶТ “Дар бораи хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ”, Қонуни ҶТ “Дар бораи дастгирии давлатии субъектони фаъолияти соҳибкорӣ”, Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ” қабул гардиданд.

Зикр гардид, ки ҳадаф аз суҳбату машваратҳо дар заминаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҷойдошта дарёфти роҳҳои муосири омӯзиши илми иқтисод, пайванди илм бо истеҳсолот, илм бо инноватсия ва тадбиқи илм дар амалия, ҳамзамон, омода намудани мутахассисон дар самти иқтисод ва баррасии мавзуҳои мубрами рӯз зимни анҷоми корҳои илмию тадқиқотӣ ва ҳамоишҳои илмӣ-назариявӣ мебошад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳуқуқшинос Муҳаммадҷон Соҳибов дар робита ба паҳлуҳои ҳуқуқии соҳаи мазкур ва олимони соҳа, аз ҷумла докторони илмҳои иқтисодӣ, профессорон Ихтиёр Ашӯров, Рустам Қудратов, Гулсара Бобосодиқова, Фозил Обидов, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Адолат Ҷӯраева, Таваралӣ Ғаниев, Илёсҷон Шамсов дар робита ба паҳлуҳои гуногуни рушди босуботи соҳаи иқтисоди кишвар таклифҳои судманд намуданд.

Зикр гардид, ки ҷиҳати ташаккули низоми иқтисодии кишвар ва истифодаи босамари имкониятҳои мавҷуда, бахусус барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, тадбирҳои тоза роҳандози намудан зарур аст.