ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЗАНОН

229

Имрӯз дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати татбиқи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва иҷрои Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои таъбиз нисбати занон ва тавсияҳои ниҳоии Кумитаи СММ вохӯрӣ бо омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳои иқтисодии Донишгоҳ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Зуҳурзода Заррина ва намояндаи раёсати мазкур Ҳакимова Сайёҳат иштирок намуданд. Вохӯрӣ бо сухани муқаддимавии декани факултети молиявию иқтисодӣ Иброҳимзода Р. оғоз ёфт.

Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи мавқеи занон дар ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатию ҷамъиятӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст. Ҳамзамон, бо мақсади таъмин намудани баробарии марду зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз он ҷумла, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” қабул гардидааст. Аз ҷониби Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳамаи намуди табъизи нажодӣ нисбати занон, қабул гардидани Қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” мусбӣ арзёбӣ мегардад. Ҳамчунин, Тоҷикистон иштирокчии Конвенсияи СММ оид ба бартараф намудани ҳамаи намуди табъиз нисбати занон буда, барои пешгирӣ ва мубориза бо зӯроварӣ дар оила ва ҳифзи ҷабрдидагон пайваста чораҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва маъмурӣ меандешад.

Таъкид шуд, ки Парлумони Тоҷикистон бо мақсади ҷилавгирӣ аз хушунат дар хонаводаҳо ва коҳиш додани раванди ин зуҳуроти номатлуб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»- ро таҳия ва қабул намуд, ки ҳадафаш ҳимояи ҳуқуқи оилаҳо, пешигрӣ аз зӯроварӣ дар хонаводаҳо ва татбиқи сиёсати гендерии давлат дар ҷомеа мебошад.

Дар охир доир ба паҳлуҳои гуногуни ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ ҷиҳати пешгирӣ аз табъизи занону духтарон дар ҷомеа табодули назар намуда, пешниҳодҳои судманд баён карданд. Ҳамзамон, дар робита ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ ва нагаравидан ба фарҳанги бегона андешаҳои судманд сурат гирифт.