ПАЁМ ВА МАСЪАЛАИ САНОАТКУНОНИИ БОСУРЪАТ

337

Яке аз воситаҳои асосии инъикоси раванди рушди иқтисоди миллӣ дар даврони истиқлоли давлатӣ Паёми ҳамасолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар ба ҳисоб меравад. Дар Паём тамоми самтҳои муҳимму афзалиятноки иқтисоди миллӣ, махсусан раванди амалӣ гардидани саноаткунонии босуръат ироа гардида, дурнамои рушди он мушаххас карда мешавад. Бояд гуфт, ки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар самтҳои муҳимму афзалияткноки ҷомеа, ҳамчунин масълаи рушди соҳаи саонати кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат дар Паёми имсолаи худ зикр намуданд, ки соҳаи саноат ва инноватсия яке аз манбаъҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи кишвар маҳсуб ёфта, рушди он имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдо гардида, барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шаванд.

Воқеан, дар давраи истиқлоли давлатӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар зиёда аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта ва мавриди истифода қарор дода шавад.

Аз паём маълум гардид, ки танҳо аз ҳисоби зиёд шудани иқтидорҳои саноатӣ дар замони истиқлол талабот ба неруи барқ беш аз 800 мегаватт зиёд гардидааст.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар замони шқравӣ дар мамлакат маҷмуан 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият менамуд.

Истиқлоли давлтӣ ва ваҳдати ҷомеа имкон фароҳам овард, ки бо роҳандозии фаъолияти бонизоми соҳаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ мо имконият пайдо кардем, ки ба масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат машғул шавем. Яъне мо ба рушди иқтисодии мамлакат аз соли 2000-ум – ҳамагӣ 23 сол пеш шурӯъ кардем.

Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022–2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд.

Ҷиҳати амалисозии ин дар муддати ду соли охир дар кишвар беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Дар паём таъкид гардид, ки соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд. Дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда 2,4 баробар зиёд гардидааст. Бо вуҷуди ин, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашавии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос вуҷуд доранд.

Ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки соли ҷорӣ содироти маҳсулоти саноатӣ тамоюли коҳишёбӣ пайдо кардааст.

Ҳамин тавр, ҳадафи чорум – саноаткунонии босурати кишвар бо дигар ҳадафҳои миллӣ, аз ҷумла ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар вобастагии калон дорад. Агар мо ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ нарасем, бинобар нарасидани нерӯи барқ корхонаҳои сохтаамонро ба кор дароварда наметавонем. Ва ё агар роҳи ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯй надошта бошем, маҳсулоти истеҳсолнамудаамонро ба хориҷи кишвар бароварда наметавонем. Бино бар, ҳамин мо сокинони кишвар, амали сарфакоронаи истифодаи нерӯи барқ, бо ҳисси дилсӯзи истифода намудани роҳҳои бо маблағи калон сохташуда дар амалӣ шудани саноаткунонии иқтисодиёти кишвар ҳиссагузорӣ карда метавонем.

Хушбахтона солҳои охир як қатор корхонаҳои саноатии пуриқтидор ба фаъолият шуруъ намуданд, ки дар рафти саноаткунонии кишварамон саҳми беандозаи худро гузоштаанд.

Иқдоми саноатикунонии мамлакат, яъне аз давлати аграрӣ ба саноатӣ-аграрӣ мубаддал гардондани Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Пешвои миллат пеш гирифта шудааст, ба таври назаррас дар амал татбиқ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Паёми Пешвои миллат ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар дар ҳақиқат ҳамчун ҳуҷҷати барномавии сиёсиву ҳуқуқии сол, муқарраркунандаи афзалият ва самту шартҳои ташаккулу пешрафти давлату ҷомеа маҳсуб ёфта, дар асоси он равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию идеологӣ бо суръат амалӣ карда мешаванд.

Ин ҳуҷҷати стратегии ҳадафманд рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеаро дар як давраи муайян ҷамбаст намуда, пешбурди сиёсати мутавозини давлатиро бобати иҷрои барномаву стратегияҳои давлатӣ ба хотири ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ муайян мекунад.

Хулоса, ҳамаи он масъалаҳое, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ матраҳ мегарданд, моро водор месозад, ки дар атрофи ғояҳои созандаи Пешвои миллат муттаҳиду сарҷамъ бошем ва барои татбиқи амалии онҳо чораҳои қатъӣ амалӣ намоем.

Саъдуллозода С. С.,н.и.и., дотсент,мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳии ДМТ