НИШОНЕ АЗ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ БО КИШВАРИ ҲАМЗАБОНУ ҲАМФАРҲАНГ

149

Миллати тоҷик бо таъриху фарҳанг ва саҳмгузорию арҷгузорӣ ба тамаддуни башарӣ маъруфу маъмул мебошад. Ин миллатест, ҳамчун меросбари нажоди ориёӣ бо фарҳанги баргузидааш дар минтақа дар радифи тоҷикони Эрону Афғонистон шинохта шудааст. Фарҳанги ягона ва забони умумӣ ба тоҷикони Афғонистону Эрон имкон дод, ки арзишҳои таърихию фарҳангии хешро ҳифз намоянд.

Дар шароити муосир истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, ки ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои густурдаву манфиатбахш бо ҳамзабонони худ миллати тоҷик қадамҳои ҷиддӣ ва устувор бимонад. Махсусан, муносибатҳои муфид бо Ҷумҳурии исломии Эрон нишони арҷгузорӣ ба фарҳанги умумӣ ва арзишҳои ягонаи миллӣ аст. Имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи ба роҳ мондани муносибатҳои муфид бо кишварҳои ҳамсоя, ҳамчунин бо давлатҳои ба мо ҳамзабону ҳамфарҳанг монанди Ҷумҳурии исломии Эрон дар доираи принсипҳои бародарӣ робитаи судмандро роҳандозӣ кардааст. Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҷумлаи аввалин давлатҳои ба мо дӯст мебошад, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол шинохта, соли 1992 муносибатҳои дипломатиро ба роҳ мондааст. Мо ба мардуми бародари Эрон дар тӯли таърих сарнавишти умумӣ доштем ва дар доираи давлатҳои ориёӣ ба сар бурдаем.

Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дар тӯли солҳои истиқлоли давлатӣ мо бо Ҷумҳурии исломии Эрон дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳамкориҳои судмандро роҳандозӣ намоем.

Сафари расмии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар таърихи 8-уми январи соли ҷорӣ аз ҷумлаи нишони идомаи ҳамкориҳо ва боз ҳам вусъат бахшидани равобити ду давлату халқи ба ҳам бародар маҳсуб меёбад. Дар доираи ин ташриф муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо намояндагони масъули Ҷумҳурии исломии Эрон як қатор шартномаҳои нави ҳамкориро ба имзо расонид, ки раванди ҳамкориҳоро боз ҳам вусъат мебахшад.

Дар доираи ин сафар муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон муҳтарам Иброҳим Раисӣ мулоқот намуда, оид ба рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратӣ гуфтугӯ намуданд. Ҳамчунин, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Муҳаммадбоқир Қолибоф мулоқот карда, дар бораи рушди тиҷорат, дорусозӣ, фарҳангу мориф миёни ду кишвар ва вазъи Афғонистон ва қазияи Фаластин сӯҳбат анҷом доданд. Ҷараёни мулоқоту музокироти ҳайатҳо доираи васеи масъалаҳои муҳимму афзалиятноки равобит ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бояд гуфт, ки ҳар ду ҷониб бо таваҷҷуҳ ба мавҷудияти имконоти фаровони Тоҷикистону Эрон, ҳавасмандии худро ҷиҳати афзоиши муомилоти тиҷоратии миёни ду кишвар то 500 миллион доллар, таъкид намуданд. Татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, коркарди маъдан, кишоварзӣ ва сайёҳӣ бо ҷалби сармоягузориҳои муштарак ба нафъи ду ҷониб дониста шуд.

Ҳамчунин, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Муҳаммадбоқир Қолибоф ба масъалаи тавсеаи робитаҳои судманд дар бахшҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва фарҳанг таваҷҷуҳи хос равона намуданд. Махсусан, ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ ва табодули донишомӯзон дар риштаҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва технологояҳои муосир як қисми сӯҳбати ҷонибҳо ба шумор мерафт. Дар мулоқот ҷонибҳо аз идомаи анъанаҳои неки равобити фарҳангӣ, аз қабили ташкили Рӯзҳои фарҳангӣ ва тадбирҳои ҳифзу нигаҳдошти забони тоҷикӣ таъкид намуданд. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ишора ба тамаддуни муштараки Тоҷикистону Эрон таъкид намуданд, ки “фарҳанги муштараки форсӣ таърихи тӯлонӣ дорад ва мо бояд онро ҳифз кунем, то дигарон онро аз дасти мо нагиранд”.

Дар ин радиф ҷонибҳо дар бораи таъсиси корхонаҳои муштараки дорусозӣ, омода кардан ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи тиб ва рушди бахши саёҳати офиятбахш сухан карданд.

Дар ҷараёни музокирот муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Муҳаммадбоқир Қолибоф атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон, қазияи Фаластин ва дигар мавзуҳои мубрами ҷаҳонӣ сухан кардаанд.

Дар интиҳои суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муҳаммадбоқир Қолибофро даъват намуд, ки дар вақти барояш муносиб ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад. Даъвати мазкурро Муҳаммадбоқир Қолибоф бо хушнудӣ пазируфт.

Дар раванди музокироти дуҷониба Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шурои исломии Эрон ба имзо расид, ки ба тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар шароити мусоид фароҳам меорад.

Дар робита ба ин бояд афзуд, ки айни замон ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва дигар робитаҳои байни Тоҷикистон ва Эронро 200 санадҳои ҳамкорӣ ба танзим медароранд.

Ҳамин тавр, ташрифи муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии исломии Эрон нишоне аз таваҷҷуҳи хоссаи мардуми Тоҷикистон ба шарики ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, имкон медиҳад, ки минбаъд ҳам ҳамкориҳо тавсеа ёбад.

Саъдуллозода Сафарбек Саъдулло –н.и.и., дотсент,мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳии ДМТ