АФЗАЛИЯТҲОИ СИЁСАТИ ИҶТИМОӢ ДАР ПАЁМ

193

Дар ин шароити ҳасоси баланд зиёд шудани буҳронҳои ҷаҳонӣ, иқдоми баланд бардоштани маоши вазифавӣ, новобаста аз таъсири буҳронҳо ба буҷети давлатӣ аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои муаззами миллат дар беҳтарнамоии шароити зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ арзёбӣ мегардад.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар тамоми давраҳои баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо ташабусси бевоситаи Пешвои муаззами миллат ҳамасола маоши вазифавии кормандони соҳаи буҷетӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода истодааст, ки дар кам кардани сатҳи камбизотӣ, таъмини некуаҳволӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар нақши хело баланд дорад.

Дар соли 2023, тибқи нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ, қариб 50%-и қисми хароҷотҳои буҷет ба соҳаҳои иҷтимоӣ – маориф, тандурустӣ ва фарҳанг равона карда шуда истодааст.

Бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид. Танҳо дар давраи солҳои 1995-2023 даромади пулии аҳолӣ аз 45,8 млн. сомонӣ ба 112,7 млрд. сомонӣ ваё беш аз 2471 баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд аз 0,92 сомонии соли 1995 ба 1750 сомонӣ дар соли 2022 ваё 1902 баробар зиёд гардида, сатҳи камбизотӣ аз 83%-и соли 2000-ум то ба 21,2% дар соли 2023 дар кишвар оварда расонида шуд. Солҳои 2017-2023 музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид.

Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади рушди низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафақахӯрон аз ҷониби ҳукумати кишвар корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд, аз ҷумла буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, соли 2023 дар муқоиса бо соли 2013 қариб ду баробар зиёд шуд. Дар ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2023-юм 4 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Дар баробари ин, давоми соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда шуд ки ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ равона гардид. Дар солҳои 2017-2023 танҳо ҷиҳати пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат ва кӯдакони маъюб, инчунин, ҷубронпулии яквақта ба шаҳрвандони аз фалокатҳо зарардида 2 милларду 70 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Саҳми махсуси сиёсати ғамхоронаи иҷтимоии сарвари давлатро махсус қайд кардан зарур аст, ки тибқи дастури дар Паёми солона қайдгардида оид ба он, ки Ҳукумати мамлакат барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар оянда низ тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад. Ҳамзамон дар се соли минбаъда ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ афзоиш дода шуда, ба ин мақсад 61 миллиард сомонӣ равона карда мешавад. Ин иқдоми ғамхорони Пешвои муаззами миллат боиси беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва зиёд гардидани сатҳи аҳолии бо даромади миёна мусоидат менамояд, ки аз иҷроиши бандҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бармеоянд.

Натиҷаи чунин иқдомҳо буд, ки имрӯзҳо бо ташабуси саривақтии сарвари давлат, соли ҷорӣ ҷиҳати иҷроиши Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз вазъи таъсири буҳронҳои геоиқтисодӣ ва геосиёсӣ ба иқтисоди миллӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар робита ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баланд бардоштани маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз 1-уми январ ва 1-уми июли соли 2024 зимни Паёми навбатӣ ироа гардид, ки иқдоми навбатии ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт маҳсуб меёбад.

Тибқи Паёми мазкур аз аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад; аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд. Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки аз 1-уми июли соли 2024: аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шаванд. Ин иқдом боиси ҳавасманд гардидани кормандони мазкур дар самти рушди соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг гардида, барои боз ҳам бехтар фаъолият намудани онҳо шароити мусоид фароҳам меорад.

Тибқи Паёми мазкур андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия низ ба андозаи 40 фоиз зиёд карда мешавад, ки ғамхории Сарвари давлат дар баланд бардоштани сатҳу сифати талими донишҷӯён ва дастгирии донишҷӯёне, ки ба кӯмаку ғамхориҳои давлат ниёз доранд, хело саривақтӣ ба ҳисоб меравад.

Инчунин аз 1 июли соли 2024 андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ ва андозаи ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол 30 фоиз зиёд мегардад. Баланд бардоштани нафақаи нафақахӯрон бори дигар аз дастгириву ғамхорӣ нисбати ин табақаи эҳтиёҷманд шаҳодат дода, то ҳадди имкон ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини некуаҳволии онҳо ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати кишвар қарор дошта, аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат дарак медиҳад.

Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад. Ин иқдом боиси хуб гардидани сатҳи зиндагии на танҳо кормандони соҳаи буҷетӣ, балки корхонаву ташкилотҳои хусусӣ ва дигар ташкилотҳо мегардад, яъне дигар онҳо наметавонанд аз ин паст маош муқаррар намоянд.

Зиёдшавии маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақаву стипендияҳо, аз равандҳои татбиқи сиёсати иҷтимоии кишвар шаҳодат дода, аз афзалиятҳои он дар самти сиёсати ҷамъиятпарваронаи Пешвои муаззами миллат далолат менамояд ва боиси беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ ва ҳавасманд гардидани кормандони соҳаҳои мазкур гардида, масъулияти онҳоро дар беҳтар кардани самтҳои фаъолият зиёд мегардонад.

Қайд кардан зарур аст, ки имрӯзҳо тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ ва назарияҳои рушди сиёсати иҷтимоӣ, сатҳи зиндагиро танҳо бо маош ва даромадҳои аҳолӣ баҳогӯзорӣ намудан нодуруст аст.

Дар шароити муосир тамоми самтҳои соҳаҳои хоҷагии халқро, ки ба такмили сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бахшида шудааст ва боиси беҳбуд бахшидани сифати зиндагӣ равона гардидааст ба бастаи иҷтимоӣ дохил менамоянд, ки ба инҳо дохил мешаванд – маориф (дастрас будани шароити таҳсилу илм), тандурустӣ (зиёд гардидани муассисаҳои тандурустӣ ва сифати хизматрасонӣ), шуғл (зиёд шудани ҷойҳои корӣ), иттилоот (дастрас будани иттилоот), зерсохтори коммуникатсионӣ (беҳтар шудани сифати роҳу нақлиёт), иқтисодиёт (рушди соҳаҳои воқеъи). Тавре аз нишондиҳандаҳои дар Паём ироагардида бармеоянд, Ҳукмати кишвар дар самти амалигардонии ҷанбаҳои мазкур ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодааст, ки барои беҳтар гардидани шароиту сифати зиндагии аҳолии кишвар нигаронида шудааст.

Хулоса иқдомҳои наҷиби Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар равона гардида, дар ин замина ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зинадагии аҳолӣ, ҳамеша афзалият гузошта мешавад.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт – д.и.и., профессор, Ректори ДМТ,

Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ – Академики АБН ФР, д.и.и., профессор, декани факултети молиявию иқисодии ДМТ