ҚОНУНИ ТАНЗИМ – МУҲИМТАРИН ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

182

Имрӯз (22.12.2023) тибқи нақшаи чорабинии Комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултети молиявию иқтисодӣ дар факултет семинари илмӣ-назариявӣ ва тарбиявӣ баргузор гардид.

Дар семинари мазкур корманди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминов Бурҳониддин Сиддиқович, Раиси Комиссияи ҷаъмиятӣ танзиму анъана ва ҷашну маросими факултет – декани факултети молиявию иқтисодӣ д.и.и., профессор Иброҳимзода И.Р., котиби комиссияи ҷаъмиятӣ танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хоҷаев Довуд, котиби комиссияи ҷаъмиятӣ танзиму анъана ва ҷашну маросими факултет Гулов.Ш.М. ва ҳайати устодону кормандони факултети молиявию иқтисодӣ иштирок намуданд.

Мақсад аз қабули Қонуни мазкур ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷаъмиятӣ равона карда шудааст.