ИҶРОИ НАҚШАВУ БАРНОМАҲОИ ҲХДТ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ»

203

Имрӯзҳо мо дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ қарор дошта, дар тамоми кумитаҳои иҷроияву ташкилотҳои ибтидои ҳамоишҳои гуногун дар доираи барномаву нақша-чорабиниҳои ҲХДТ гузаронида шуда истодааст. Барномаву дурнамоҳои ҲХДТ тавре, ки медонем, имрӯз яке аз барномаҳои беҳтарин дар кишвар шинохта шуда, дар пешрафти кишвари азизамон нақши муассир гузошта истодаанд. Ташкилоти ибтидоии «Молиявию иқтисодӣ»-и КИИ “Дониш”-и ДМТ дар соли 2023 фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва дигар қонунҳои амалкунанда, Оиннома ва Низомномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Сарвари муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷаласаҳои Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботӣ як қатор чорабиниҳоро роҳандозӣ намуд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар соли 2023 бо дастгирии Раёсати Донишгоҳ дар бинои таълимии факултети молиявию иқтисодӣ Маркази тадқиқотии ҲХДТ таъсис дода шуда, дар ин ҷо тамоми маводҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар самти фаъолиряти ҲХДТ фароҳам оварда шудааст, ки аз он донишҷӯёну магистрон, аспиратону унвонҷӯён ва докторантону кормандон ва устодон васеъ истифода мебаранд. Ҳамзамон, барои гузаронидани дарсҳои сиёсӣ, низ шароит фароҳам оварда шуда, бо компютерҳо ва проекторҳо муҷаҳаз гардидааст. Инчунин мавод дар шакли электронӣ ҷамъоварӣ гардида, бо интернет пайваст гардидааст, ки он бо китобхонаҳои электронӣ пайваст буда, имконоти васеъи истифоданамои онҳо ва гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ муҳайё гардидааст.

Ташкилоти ибтидоии «Молиявию иқтисодӣ» яке аз ячейкаҳои асосии ҳизбӣ дар донишгоҳ ба ҳисоб рафта, ҳамасола шумораи аъзоёнаш дар афзоиш аст. Алҳол ташкилоти ибтидоии «Молиявию иқтисодӣ» 69 нафар аъзо дорад. Бояд зикр намоем, ки аксарияти устодони аъзошударо олимони ҷавон, магистрантон ва докторантон ташкил медиҳанд. Бояд зикр кард, ки ҷараёни ба сафи ҳизб шомил кардани аъзоён дар асоси Низомнома «Оид ба тартиби бақайдгирии узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» амалӣ мегардад.

Шумораи умумии занони аъзои ҳизб дар ташкилот ба 21 нафар мерасад. Аз шумораи умумии аъзоёни ҳизб синну соли аз 18 то 30 сола 24 нафар ва аз 31 то 70 сола 53 нафарро ташкил медиҳанд. Хушбахтона, таносуби ҷавонони аъзо дар кумита нисбат ба онҳое, ки аз 35 сола болоанд, хеле зиёд аст. Ҷавонони мо имрӯзҳо дар вазифаҳои пурмасъул адои вазифа намуда, аз сиёсати имрӯзаи давлат ва Президенти кишвар ҷонибдорӣ менамоянд.

Аз ин баъд ташкилот мақсад дорад, ки сафи аъзоёни ҳизбро бо роҳи бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ аз ҳисоби устодону кормандон ва донишҷӯёни фаъол боз ҳам зиёд гардонад.

Назорат аз болои ҳаракати аъзоёни ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Молиявию иқтисодӣ» яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа мебошад.

Ҷараёни мазкур дар ҳамбастагӣ бо раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Аниқтараш маълумоти лозимӣ дар бораи ҳар як аъзое, ки бо сабабҳои гуногун аз донишгоҳ меравад ё ба кор меояд, тавассути раёсати кадрҳо ва корҳои махсус ба кумита пешниҳод карда мешавад. Дар ин самт ягона мушкилии мо назорат бурдан аз болои ҳаракати донишҷӯёни аъзо аст. Яъне на ҳама донишҷӯён ҳангоми хатм кардани донишгоҳ барои аз қайди кумита баровардан ба мо муроҷиат мекунанд. Ин падида боиси он гаштааст, ки мо аз ҷараёни ҳаракати донишҷӯёни аъзо ба таври бояду шояд назорат бурда наметавонем. Бо мақсади ҳалли саривақтии ин масъала ташкилот ҳаракати донишҷӯёни аъзоро тавассути шуъбаи дуюми донишгоҳ ба роҳ мондааст, ки аллакай самараи хуб дода истодааст.

Албатта, яке аз вазифаҳои аъзои ҳизб пардохти саривақтии аъзоҳаққӣ мебошад, ки ин масъала дар ташкилоти ибтидоии «Молиявию иқтисодӣ» ҳалли ниҳоии хешро ёфтааст. Агар солҳои аввали фаъолияти ташкилот аъзоҳаққӣ тариқи нақдӣ ҷамъоварӣ карда мешуд, айни замон ҷиҳати пардохти саривақтии ҳаққи аъзогӣ муҳосиботи донишгоҳ муваззаф гардидааст. Яъне ҳар моҳ аъзоҳаққии шумораи умумии аъзоёни ташкилот мувофиқи низомнома ба таври худкор ба суратҳисоби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур гузаронда мешавад. Метавон гуфт, ки ташкилоти ибтидоии «Молиявию иқтисодӣ» дар самти пардохти аъзоҳаққии аъзоён мушкилӣ надорад.

Боиси қаноатмандист, ки ташкилоти ибтидоии «Молиявию иқтисодӣ» аз солҳои аввали таъсисёбӣ ба ҳама рӯзномаҳои ҳизбӣ обуна буда, бар замми ин олимони факултет бо мақолаҳои пурмӯҳтавои худ мунтазам аз минбарҳои ҳафтаворҳои ҳизбӣ ибрози андеша мекунанд. Ғайр аз ин соли сипаригашта ҳайати кормандони илмӣ, докторантон, аспирантон ва донишҷӯёни донишгоҳ, ки аксарият аъзои ҳизб мебошанд, дар 49 конференсияҳои дараҷаҳои гуногун 23 маърӯза қироат намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар соли ҳисоботӣ ташкилоти ибтидоии «Молиявию иқтисодӣ» мувофиқи нақшаи аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур тасдиқшуда ба ҳафтаномаҳои «Минбари халқ» ва «Мароми пойтахт» аъзо шуда, яке аз аввалинҳо шуда дар миқёси кумта аз иҷрои пардохти пурраи маблағи обуна баромад.

Боиси тазаккур аст, ки тақсимоти ҳафтаномаҳои ҳизбӣ дар донишгоҳ тавассути шуъбаи умумӣ сурат гирифта, ҳама аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии кумита сари вақт аз мутолиаи онҳо бархурдор мешаванд.

Яке аз самтҳои фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Молиявию иқтисодӣ»-ро иштироки аъзоёни он дар чорабиниҳои сиёсиву ҳизбӣ ташкил медиҳад. Боиси хушнудист, ки аъзоёни ташкилот дар баргузории ҳама гуна чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъол буда, ҳамеша аз уҳдаи супоришҳои бар зиммаашон вогузоршуда бо сарбаландӣ мебароянд. Соли сипаришуда аъзоёни ташкилот вобаста ба рӯйдодҳои муҳимми сиёсӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ, аз қабили “Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи Модар”, “Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз”, “Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”, “Рӯзи Ваҳдати миллӣ”, “Рӯзи дониш ва дарси сулҳ”, “32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи забони давлатӣ”, “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” саҳм гузоштанд.

Аз ин ва баъд низ аъзои ҳизб дар ташкилот фаъолияти худро дар доираи барномаи ҲХДТ идома дода, талош менамоянд, ки дар амалӣ гардидани ҳадафҳои муҳимму созандаи ин ҳизби мардумӣ саҳмгузор бошанд. Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми ҳамҳизбиёнро бо фарорасии 29-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ табрику муборакбод намуда, барои фатҳи қуллаҳои нави рушду нумуъи кишвари азаизамон ба ҲХДТ пешравиҳои беназирро таманно дорам.

Иброҳимзода И.Р.,раиси Ташкилоти ибтидоии «Молиявию иқтисодӣ», Академики АБН ФР, д.и.и., профессор, декани факултети молиявию иқтисодии ДМТ