Дар донишгоҳ факултети молиявию иқтисодӣ бо неруи илмии худ назаррас аст ва бояд чунин намуна монад. Танҳо баъзе камбудиҳое ҳаст, ки ба рушди факултет монеа мешаванд. Ин нуктаро ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. зимни вохӯрӣ бо ҳайати профессорон, омӯзгорон ва кормандони факултети мазкур ироа намуд.
Дар вохӯрӣ мушкилиҳои сохторҳои марбутаи факултет, махсусан он масъалаҳое, ки дар ҷараёни таълим, илм, тарбия, равобити байналмилалӣ ва хоҷагидорӣ дида мешуданд, мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки дар самти ҳуҷҷатгузории раванди таълим, ҳимояи рисолаҳои илмӣ, баргузории чорабиниҳои илмию амалӣ, омода намудани донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва дарёфти грантҳо корро ҷиддӣ ба роҳ монд ва факултети намунавиро аз пештара бештар назаррас нишон дод.