Рушди муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қатар

343

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт – д.и.и., профессор, Ректори ДМТ,

Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ – Академики АБН ФР, д.и.и., профессор, декани факултети молиявию иқисодии ДМТ,

Пеш аз он, ки дар бораи муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Қатар сухан ронем, каме дар бораи Қатар истода мегузарем. Давлати Катар, дар Осиёи Чанубу ғарбӣ, дар нимчазираи Қатар (шимолу шарқии нимҷазираи Арабистон) ҷойгир аст. Онро халиҷи Форс ихота карда, масоҳаташ 11,3 ҳаз. км. Буда, аҳолиаш 300 ҳаз. нафар (1985), асосан арабҳо ташкил дода, аҳолии шаҳриаш 70% ва пойтахташ шаҳри Доха мебошад. Ҳамчун давлати мустақил аз 1 сентябри соли 1971 (аморат) аз ҳайати протекторати Британияи Кабир озод гардид

Асоси иктисодиёти давлати Қатарро истихрочи нефт (18,8 млн т, 1984) ташкил дода, 90% даромади умумии давлат аз хисоби фурухтани нефту газ буда, саноати коркарди нефт, химия ва цемент ривоҷ ёфта, инчунин дар водихо хурмо парварида, арзан, чуворимакка, гандум, чав ва сабзавот кишт намуда, дар биёбонхо асосан шутурпарварӣ ривоч ёфта, аз бахр моҳӣ ва марворид мегиранд. Тули умумии роххои автомобилгард 2,2 ҳазор км, нефту газопроводхо 0,55 ҳазор км ва шарикони асосии тичоратии Қатар ин Япония, ШМА, Британияи Кабир, Франция ва Олмон ба ҳисоб мераванд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳамкорӣ бо давлатҳои Араб, аз ҷумла Давлати Қатар хело муҳим ва барои иқтисодиёти мо зарўрӣ ба ҳисоб меравад, чунки Қатар аз нуқтаи назари нишондиҳандаҳои маъмули ҷаҳонӣ – рушди ММД ҷойи ҳаштумро ишғол менамояд. Тавре дар боло қайд кардем маҳсулотҳое, ки дар инҷо истеҳсол карда мешаванд, имконият доданд, ки Қатар бо аксарияти давлатҳои ҷаҳон ҳамкориҳоро васеъ ба роҳ мондааст. Бинобар ин роҳандозии ҳамкориҳои иқтисодӣ байни кишвари мо бо Қатар, тақозои замон буда, заминаи ҷалби сармояи ин давлат ва воридоти маҳсулотҳои арзон, хусусан нафт   ба Тоҷикистон мегардад. Барои амалӣ кардани ин иқтидорҳо албатта имрўзҳо зарурияти рафтуомад ва оғози лоиҳаҳои гуногуни ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ҷой доранд.

Вобаста ба ин шуруъ аз соли 2013 Пешаои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 маротиба ба ин давлат сафар карда як қатор шартномаҳо ва созишномаҳороо ҷиҳати рушду ривоҷи ҳамкориҳои иқтисодӣ бастаанд. Имрўзҳо, ки мо дар арафаи ташрифи Амири Қатар Шайх Тамим ибн Ҳамад Оли Сонӣ қарор дорем ва ин дафъаи дую аст, ки амири ин давлат ба кишвари мо ташриф меоранд, итминон дорем, ки як заминаи хубе дар рушди ҳамкориҳои иқтисодии байни ин кишварҳо мегардад.

Новобаста аз муддати тулонӣ – зиёда аз 10 сол боз ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни кишварҳои мо таносуби гирдгардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Қатар дар сатҳи зарўрӣ рушд наёфтаанд. Барои мисол баъзе солҳои охири ҳамкориро бо давлати Қатар муқоиса менамоем. Тули солҳои 2015-2019 бақияи содироти соф, а 24,5 млн. долл. ИМА-и мусбӣ ба 12,8 млн. долл. ИМА-и манфӣ омада расид. Дар ин ҷо содирот ба 14,5 млн. долл. ИМА кам гардида, воридот ба 12,8 млн. долл. ИМА зиёд гардид. Гирдгардиши савдои хориҷӣ байни кишварҳо аз 27,3 млн. долл. ИМА то ба 15,5 млн. долл. ИМА коҳиш ёфта, 11,8 млн. долл. ИМА кам гардид.

Қайд кардан зарур аст, ки албатта ин ҳолат бештар ба буҳронҳои молиявию бактериологии ҷаҳонӣ вобаста буда, боварӣ дорем, ки зимни ин сафар масъалаҳои рушди ин ҳамкориҳо заминае хуб гузошта мешавад.

Самти дигари ҳамкориҳо ин кӯмакҳои расмӣ барои рушд (КРР) ин грантҳо ва қарзҳои имтиёзнок буда, аз ҷониби мақомоти расмии кишварҳои тараққикарда ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, бо мақсади мусоидат барои рушд ва некӯаҳволии халқ дода мешаванд. Дар доираи кӯмакҳои расмӣ барои рушд, Давлати Қатар ҳамасола маблағҳои муайянеро барои Тоҷикистон ҷудо намуда, лоиҳаҳои алоҳидаро маблағгузорӣ менамояд, ки танҳо дар солҳои 2012-2016 онҳо 103,8 млн. долл. ИМА-ро ташкил медиҳанд.

Ба ақидаи мо дар самти ҷалби маблағҳои сармоявии давлати Қатар ба Тоҷикистон дар шакли сармоягўзориҳои мустақим ва ғайримустақим барои рушди муносибатҳои иқтисодии ҳарду кишварҳо манфиатнок мебошад. Хусусан дар самти ҷалби самоягўзориҳо ба лоиҳаҳои сохтумони НОБ-и Тоҷикистон, сохтумони корхонаҳои саноатии маҳсулотҳое, ки ба содирот нигаронида шудаанд, истифода кардан боиси пешрафти робитаҳои иқтисодӣ мегардад. Ҳамзамон Тоҷикистон метавонад дар доираи ҳамкориҳо аз маҳсулотҳои арзони нафтии давлати Қатар барои қонеъ гардонидани талаботҳои иқтисодиёти кишвар бо нархҳои имтиёзнок самаранок истифода барад. Инчунин содироти маҳсулотҳои мевагӣ ва сабзавотро ба Қатар афзуда, заминаи мусоидро дар бозори фуруши давлати Қатар барои содироти дигар маҳсулотҳо пайдо намояд.

Итминони комил дорем, ки дар доираи сафари мазкур байни кишвари мо ва давлати Қатар созишномаҳо ва шартномаҳои ҳамкории наве, ки ба тавсиб мерасанд барои рушди минбаъдаи муносибатҳои судманд барои ҳарду кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.