Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ – Академики АБН ФР, д.и.и., профессор, декани факултети молиявию иқтисодии ДМТ
Бузургии Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Модар – калимае мебошад, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтааст. Вале дар мазмуну мӯҳтавои он як ҷаҳон маънӣ, шукӯҳу шаҳомат нуҳуфта аст, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида ва ғазалу таронаҳо сароида шуданд. Ин мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас аст, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд.
Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро, меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Hавозиши дастони модар барои фарзанд беҳтарин истироҳат аст, новобаста ба синну сол.
Рӯзи байналхалқии занон дар аввал, Рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон буд. Он на Иди бонувон, балки ҷашни занони инқилобгар ном дошт.
8-уми марти соли 1857 дар Ню-Йорк коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб карданд. Он солҳо занон дар як шабонарӯз то 16 соат меҳнат мекарданд, вале музди ночиз мегирифтанд.
Таърихи ҷашнгирии Иди занон бо номи Клара Сеткин алоқаманд буда, гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди , истисморгарон ташкил карда буд
Аз соли 1975 Созмони Милали Муттаҳид, аз сабаби Соли байналхалқии Занон буданаш, 8-уми мартро чун Рӯзи байналхалқии занон эълон намуд. Дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои собиқ ИҶШС анъана шудааст, ки дар ин рӯз занон аз мардон таваҷҷӯҳ, гул ва тӯҳфаҳо интизоранд. Дар оилаҳои шаҳрвандон ба модарону занон тӯҳфаҳо супорида мешаванд.
Рӯзи 8-уми мартро ҳамчун санади эҳтиром ба ҳамон ҷашнвораи миллии ниёгони шарафманди мо “Рӯзи Модар” эълон намуданд. Тадбири мазкур аз сӯи дигар бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хосае қарор гирифтааст.
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии Зан-
Модар вобаста аст. Зани тоҷик, ки намунаи олитарини зан-модар аст, дар доираи модарсолорӣ аз аввал то имрӯз боқй мондааст.
Рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст. Зан-модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Ҳар чӣ ки дар рӯйи замин: дорем, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрем барояш фидо созем.
Ҳамаи Шуморо бо фарорасии 8 март – Рӯзи Модарон, ки ба оғози баҳори оламафрӯз рост меояд, табрик ва таҳният гуфта, бароятон пеш аз ҳама сињатмандии комил, иқболи нек, умри дароз в ҳама хушиҳои зиндагиро таманно дорам.
Бигзор дили шумо ҳамеша монанди чашмаҳои кӯҳистони диёрамон, поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову муҷалло бошад. Аз забони Лоиќи бузург гуфтанием:
Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст,
Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст.
Нест ҷуз бори хас он бор, ки мардон бикашанд,
Ғами дунёи наву куҳна ҳама бори зан аст.
Эй ки дидори ҷаҳон дидаву бархурдорӣ,
Дон, ки дидори ҷаҳон лаззати дидори зан аст.
Рӯз аз хандаи ӯ равшанӣ гирад то шом,
Моҳи шаб шуълае аз дидаи бедори зан аст.
Осмонро набувад он ҳама рафъат, ки варост,
Гулу гулзори замин як гули рухсори зан аст.
Бипазад з-оташи ишқаш на ҳама ошиқи хом,
На ҳама марди харидор сазовори зан аст.
Гар равад зери замин ё ба фалак хайма занад,
Ҳар куҷо марди бузургест, гирифтори зан аст.
Модарони азизи мо, модарони оянда, шуморо самимона бо рӯзи шумо – Рӯзи модарон табрик мегӯем. Мехоҳем ба ҳар як модар барои ғамхорӣ ва гармие, ки шумо ба ҷаҳони мо мерасонед, ташаккур гӯем. Бигзор зиндагии шумо ҳамеша ширин ва саломатиатон қавӣ бошад. Ба тамоми бонувони тоҷик, ба модарони арҷманду воломақом, ба хоҳарони азизу меҳрубон дар фарҷоми ин суханҳо иброз менамоям, ки ҳамеша саодатманду сарбаланд ва тансиҳату комёб бимонанд.
ИДАТОН МУБОРАК МОДАРОН ВА БОНУВОНИ АЗИЗ