Рӯзи кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

448

Дар таърихи 7-уми декабри соли 2022, соати 9:00 дар пояи кафедраҳои «Идоракунии молияи давлатӣ» ва «Молия ва суғурта»-и факултети молиявию иқтисодӣ бахшида ба «Рӯзи кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавзуи «Такмили механизмҳои танзими молиявӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» семинари ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.

Дар кори семинари илмии мазкур сардори раёсати илм ва инноватсияи ДМТ Наботӣ Р., декани факултети молиявию иқтисодӣ, д.и.и., профессор Иброҳимзода И.Р., д.и.и., профессори кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Умаров Х.У. ва аз меҳмонони даъватшуда: д.и.и., профессори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шарипов Б.М., директори Ассотсиатсияи ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон Абдуллоева М.М., н.и.и., дотсенти кафедраи молия ва қарзи байналхалқии Донишкадаи молияи Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хомидова Фарида (баромад бо таври онлайн), мутахассиси пешбари Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзода М.Н., мутахассиси раёсати сиёсати баҳисобгирии муҳосибии ҳисоботи молиявӣ ва фаъолияти аудитории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуртазоев С.С. ширкат варзиданд.

Дар рафти чорабинӣ бо дарназардошти масоили баррасишуда ва мубрамияти онҳо, аз ҷониби ҳозирин як қатор тавсияҳо пешниҳод шуданд:

 мувофиқкунонии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии низоми молиявӣ, андозӣ, суғуртавӣ, гумрукӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодӣ ба шароити ҷаҳонишавӣ;

 тақвияти заминаи миллии меъёрҳои ҳуқуқӣ дар самти бозори суғурта;

 диверсификатсиякунонии сохтори хизматрасониҳои суғуртавӣ;

 муътадилкунонии сатҳи таваррум дар шароити буҳрону таҳримҳои иқтисодӣ;

 пешниҳоди имтиёзҳои муҳими андозӣ ба субъектҳои соҳаҳои гуногуни иқтисод.

Дар рафти семинари илмӣ, инчунин оид ба андешидани чорабиниҳои такмилдиҳии низоми молиявӣ, бонкӣ, андозӣ ва гумрукӣ оид ба кам кардани таъсири пандемияи COVID-19 ва таҳримҳои иқтисодӣ дар иқтисодиёт пешниҳоду таклифҳо ироа гардиданд