30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

388

Имрӯз санаи 11.11.2022 сол дар факултети молиявию иқтисодӣ бахшида ба ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Иҷлосияи тақдирсоз” баргузор гардид. Дар нишасти мазкур меҳмонони даъватшуда сиёсатшинос, муҳаққиқ ва шоири тоҷик, номзади илмҳои сиёсӣ Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо, декани факултет д.и.и., профессор Иброҳимзода И.Р., муовинони декан оид ба тарбия Саидов Қ.Т. ва Иброҳимов Т.А. ва дигар устодону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.