МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

328

Имрӯз санаи 01.10.2022 дар факултети молиявию иқтисодӣ тибқи нақшаи баргузории ҷаласаҳои волидайни донишҷӯён дар курси якуми ихтисосҳои андоз ва андозандӣ, менеҷменти молиявӣ ва молия ва назорат дар соҳаи гумрук ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа декани факултет д.и.и., профессор Иброҳимзода И.Р., раиси Шӯрои кураторони ДМТ Ашуров Илҳом мутахасиси шӯъбаи тарбия Хоҷаев Довуд, муовини декан оид ба тарбия Саидов Қиёмиддин, сарпарастони гурӯҳҳо академӣ ва падару модарон иштирок намуданд. Дар ҷараёни ҷаласаи волидайн масъалаҳои тартибу интизоми донишҷӯён, иштироки онҳо ба дарс, нагаравидан ба гурӯҳҳои ифротгаро, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, низоми таҳсилоти кредитӣ ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ёдовар мешавем, ки чунин ҷаласаҳо давоми ҳафтаи оянда дар дигар ихтисосҳои курсҳои якум низ баргузор мегарданд.