ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН: РУШДИ УСТУВОРИ МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДӢ

345

Рушди муносибатҳои дўстонаи дуҷониба ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз Тоҷикистону Чин шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ ба шумор мераванд. Дар таърихи муносибатҳои дуҷониба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарҳои зиёди расмӣ, давлатӣ ва корӣ ба ин кишвари дўсту бародар анҷом додаанд, ки боиси рушд ва тараққиёти соҳаҳои гуногун, махсусан иқтисодӣ гардидаанд.Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ. Мавриди зикр аст, ки дар айни замон Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз сармоягузори асосӣ ва шарики тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад. Густариши робитаҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи иқтисод дар ҳамсоягии якдигар ҷойгир будани кишварҳо, инчунин, дар мавҷуд будани потенсиали муайяни захираҳои табиӣ ва транзитӣ асос меёбад. Айни замон ҳамкориҳои воқеӣ дар соҳаи энергетика, нақлиёт, саноат, кишоварзӣ ва ғайра арзи вуҷуд доранд. Тиҷорати дуҷониба узви асосии робитаҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Чинро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаҳои гардиши савдо дар тули 30 соли охири баъд аз барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Чин бо суръати баланд рушд менамоянд (Ҷадвал).

Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ ҳаҷми гардиши савдои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соли 2007, 283,6 млн долларо ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли таҳлилии 2020 ба 472,8 млн. доллар омада расид, ё ин ки 1,6 маротиба афзоиш ёфтааст. Дар ин давра содирот аз Тоҷикистон ба Чин аз 8,3 млн. доллар ба 34,4 млн. доллар омада расид ва ё 4,1 маротиба зиёд гардид. Вобаста ба ин ҳиссаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар содироти Тоҷикистон 2,4 % – ро ташкил медиҳад. Аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти нассоҷӣ ва дигар молҳои ниёзи мардум, таҷҳизоту маводи сохтмон, озуқаворӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ ворид карда мешаванд. Воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соли 2007 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 275,3 млн. долларро ташкил медод, ки ин нишондиҳанда дар соли таҳлилии 2020 ба 438,4 млн. доллар омада расид ё ин ки 1,5 маротиба афзоиш ёфтааст.

Дар баробари ин бояд қайд кард, ки санаи 11 марти соли 2022 бо ибтикори сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи рушди корхонаҳои чинӣ дар хориҷа Форуми соҳибкорӣ оид ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Чин баргузор гардид. Форуми мазкур ба мақсади дар амал татбиқ намудани тафоҳумҳои ба даст омада, зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин оид ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби ширкатҳои чинӣ ба раванди саноаткунонии босуръати кишвар доир карда шуд. Ҳамаи ин гувоҳи аз он медиҳад, ки рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин хеле хуб ба роҳ монда шудаааст. Мавриди зикр аст, ки гурўҳи кории Тоҷикистону Чин оид ба ҷалби сармоя, робитаҳо дар чаҳорчуби Иқдоми “Як камарбанд – як роҳ” ва таҳияи лоиҳаҳои нави саноатӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва кишоварзӣ метавонанд аз омилҳои муҳимми пешбарандаи муносибатҳои судманди ду кишвар бошанд. Ҳамзамон ба мақсади тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ таъсис дода шудааст. Инчунин, бо мақсади ҳамкориҳои судмани байнисоҳавӣ дар зери Комиссияи мазкур зеркомиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон-НМСУ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ таъсис дода шудааст. Бояд қайд кард, ки ҳаҷми умумии сармоягузориҳо ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2007 то 2019 (1-ум семоҳа) маблағи 9,36 млрд. долл. ИМА-ро ташкил додааст, ки ҳиссаи сармоя аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 28,3%-ро дар бар мегирад. Хулоса, дар давраи таҳлили рушди устувори муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ба назар мерасад.

Собирзода Нуралӣ Миралӣ, д.и.и., профессор, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими ДМТ,

Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ , д.и.и., профессор, декани факултети молиявию иқисодии ДМТ,

Гулаков Умедҷон Маҳмадович, н.и.и., муаллими калони кафедраи молия ва суғуртаи ДМТ