Раиси Шӯрои бонувон ва духтарони факултети молиявию иқтисодӣ

ХУДОИЕВА ФАХРИЯ ОЛИМБЕКОВНА

Дар оилаи коргар ба дунё омада, мактаби миёнаи умумии №54-ро ба баҳои хубу аъло хатм намуда, соли 2013 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудааст. Пас аз хатми шуъбаи рўзонаи донишгоҳ соли 2017, ба шуъбаи магистратураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2019 хатм намудааст. Аз соли 2019 то ҳол унвонҷӯи шуъбаи рӯзонаи кафедраи кори бонкии ДМТ таҳсил менамояд.  Айни замон ҳамчун ассистенти кафедраи кори бонкии ДМТ ва Раиси Шўрои бонувон ва духтарони факултети молиявию иқтисодӣ  фаъолият намуда истодааст.