Кафедраи молия ва суғурта

Кафедраи молия соли 1965 ҳамчун кафедраи мустақил аз ҳайати кафедраи иқтисодиёти савдо ва молия ҷудо шудааст. Бо назардошти тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар самтҳои мухталифи системаи молиявӣ ва васеъ гаштани муносибатҳои молиявию қарзӣ зарурати таъсис додани кафедраи молия ва қарзро ба миён овард. Зеро тайёр намудани мутахассисон барои соҳаҳои фаъолияти суғуртавӣ, бонкӣ, системаи буҷетӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ дар он давра аҳамияти аввалиндараҷа дошт. Аввалин мудири кафедраи навбунёд академики АФ РСС Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисод, профессор Т. Н. Назаров буд. Кафедраи мазкур яке аз кафедраҳои бонуфуз ва калонтарин ба ҳисоб рафта, дар тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҳиссагузор аст. Имрӯз бошад дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи молия устодон д.и.и., профессор Улуғхоҷаева Х., н.и.и..дотсент Одинаев Ф.Ф., н.и.и., муаллими калон Абдуллоев А.Х., н.и.и.Икромов Ф.Н. ва як чанд устодони ҷавон Урунов Б.Б, Беков Ф.Ш., Муродов Ҷ.Қ., Хусейнов М., Розиев Д., Саидова М.Ҷ., Ғафорзода Ю.Ф., Юнусов А., Давлатов Н., саҳмгузор мебошанд. Яке аз дастовардҳои асосии илмии кафедра дар соли 2018 он ҳаст ки 27 сентябри соли 2018 КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори №7 рисолаи номзадии устоди кафедра Икромов Фазлиддинро барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ тасдиқ кард. Хамин тавр, ҳоло дар кафедра 1 доктори илм, профессор Улухоҷаева Х.Р. ва 4 номзади илм фаъолият карда истодаанд- Одинаев Ф.Ф., Абдуллоев А.Х., Абдуллоев А.А., Икромов Ф.Н.

Бо сабаби васеъ гаштани доираи фаъолияти факултети молиявию иқтисодӣ, зиёд шудани шумораи донишҷӯён, соатҳои таълимӣ, зарурати тайёр намудани мутахассисон аз рӯйи самтҳои нави тараққиёти илмӣ молиявӣ ва фаъолияти амалӣ, инчунин, бо қабул кардани нуфузи нави менеҷменти молиявӣ дар доираи тайёр кардани кадрҳое, ки ба шартҳои нави иқтисодӣ бояд ҷавобгӯ бошанд, бо пешниҳоди садорати факултети молиявию иқтисодӣ дар заминаи кафедраи молия ва қарз ду кафедра: молия ва менеҷменти молиявӣ ташкил дода шуд.

Мавзӯи асосии кори илмӣ-тадқиқотие, ки аз рӯи нақшаи илмӣ-тадқиқотӣ барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шудааст «Танзими давлатии молиявии рушди иқтисоди миллӣ» ном дорад.

Дар пояи кафедра аз рӯйи ихтисосҳои зерин мутахассисон тайёр карда мешаванд: молия ва қарз, суғурта.

Дар кафедра аз рӯи дараҷаи касбӣ мутахассис, бакалавр, магистратура, доктори Ph.D аз рӯи ихтисоси молия ва қарз (шуъбаҳои рузона, ғоибона ва маълумоти 2-юм, магистратура) бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълиму тарбия ба роҳ монда шудааст. Устодони кафедра аз руи 16 фан дарс мегӯянд.