Алиев Олимҷон Маҳмудович

Вазифа – дотсенти кафедра

Дараҷаи илмӣ – номзади илмҳои иқтисодӣ

Унвони илмӣ – дотсент

 

Тарҷумаи ҳол

19 феврали соли 1983 дар оилаи зиёиён таваллуд шудааст. Соли 2000 мактаби миёнаро хатм намуда, ҳамон сол ба факултаи молиявӣ-иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда аст, ки соли 2005 онро бо муваффақият хатм кардааст. Пас аз хатми донишгоҳ, аз соли 2005 фаъолияти кории худро ба ҳайси ассистенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз намуда то соли 2014 дар он ҷо кор кардааст. Соли 2006 ба шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2010 хатм кардааст. Дар ҳамон ҷо, соли 2012 ӯ рисолаи номзадиро дифоъ кардааст. Моҳи майи соли 2014 то 2015 дар вазифаи и.в. мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат кор кардааст. Аз соли 2015 то 2019 мудири кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат фаъолият намудааст. Январ 2019 то августи 2019 вазифаи декани факултаи баҳисобгирӣ ва сайёҳии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро ба ӯҳда дошт. Аз сентябри 2019 то июли соли 2020 ба ҳайси дотсенти кафедраи таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор кардааст. Аз моҳи августи соли 2020 то имрӯз – ба ҳайси дотсенти кафедраи андозҳо ва андози Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Собиқаи умумии корӣ аз соли 2005

Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос 15 сол

Таваҷҷӯҳи илмӣ: иқтисодиёти минтақа, амнияти озуқаворӣ, молия, андозҳо ва андозбандӣ.

Диссертатсияи дараҷаи н.и.и. дар мавзӯи: “Роҳҳои худтаъминкунии устувори минтақа бо озуқаворӣ (дар мисоли минтақаҳои Тоҷикистони Марказӣ)”

Фанҳои таълимӣ – андоз ва андозбандӣ, ҳисоботи моливии андоз, таҳлили иқтисодӣ, назарияи қарорҳои идоракунӣ ва идоракунии хавфҳо дар соҳаи андоз.

Такмили ихтисос – майи 2011 – ДОМ, апрели соли 2010, апрели соли 2018 Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ДМТ.

Нашрияҳо дар панҷ соли охир:

  1. Алиев О.М. Управленческий анализ в системе менеджмента: теория и практика // Вестник Таджикского национального университета. Душанбе: Сино –2015. – 2/9(190) – С. 119-123  – 345 с.
  2. Алиев О.М. и др. Рост доход населения как средство достижение продовольственного самообеспечение региона // Журнал «Таджикистан и современный мир»,  Душанбе: 2017 – №1(56)  С. 70-78
  3. Алиев О.М. Эффективное использование водных ресурсов ка средство достижение продовольственной безопасности Республики Таджикистана // Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. – 2018. – №9 –С.67-72.
  4. Aliev O.M., and others. Assessment of the readiness of industrial production for digitalization in the Russian Federation (Оценка готовности промышленного производства к цифрованнию в Российской Федерации) // JOP Conference Series: Metrological Support of Innovative Technologies. Krasnoyarsk Science and Technology City Hall of the Russian Union of Scientific and Engineering Associations. Krasnoyarsk, Russia, 2020. С. 32004.
  5. Алиев О.М. Нақши андозҳо дар таъмини бехатарии озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон // Маводи конференсияи байналхалқии илмию амалӣ дар мавзӯи “Амалисозии рушди устувор: таҷрибаи хориҷӣ ва миллӣ”( ш. Душанбе, 13.10.2020) С.700. саҳ.80-87.
  6. Хушвахтзода Қ.Х. Таҳлили идоракунӣ: китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ / Қ.Х. Хушвахтзода, С.О. Мирзохонов, О.М. Алиев. ғ Душанбе, “Адиб”, 2022, 312 с.