ТАШАББУСИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТИ ТАМАДДУНМЕҲВАР

130

(Дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»)

«Раванди оби Душанбе» ҳамчун майдони муколамаи васеъ ва озоди ҷонибҳои гуногуни манфиатдор барои омодагии ҳамаҷониба ба баргузории Конфронси оби Созмони Милал дар соли 2028 дар шаҳри Душанбе нақши муҳим хоҳад бозид.

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамагӣ инсонҳо баҳри дастрасӣ ба шароити мусоид ва зиндагии шоиста талош доранд. Вале, мутаассифона, на ба ҳама халқҳои ҷаҳон муяссар гардидааст, ки ба тамоми унсурҳои табиат, ки сарчашмаи зиндагии шоиста мебошад, дастрасӣ дошта бошанд. Аксаран халқҳои аз хати меҳварии харитаи ҷаҳон ҷануб (эквадор) ҷой гирифта аз сарчашмаи асосии зиндагӣ – оби тозаи ошомиданӣ маҳрум мебошанд. Шароити ҷуғрофӣ ва иқлими бисёр мураккаб барои зиндагӣ ин вазъи ҳасосро барои эшон эҷод намудааст. Миллионҳо аҳолии саёйраи Замин аз нарасидани оби ошомиданӣ азият кашида,дар натиҷаи истифодаи оби ифлос ба бемориҳои сироятӣ мубтало шудаистодаанд. Албатта, дар тули таърих ҷиҳати ба даст овардани минтақаҳои аз лиҳози сарватҳои табиӣ бой ва ғанӣ мубориза ва ҷангҳои зиёде рӯй додааст. Имрӯз ҳамон халқу миллатҳое хушбахтанду ба зиндагии шоиста насиб шудаанд, ки иқлиму шароити мусоиди ҷуғрофӣ насибашон мебошад.

Натиҷаи таҳлилу омӯзиши вазъи ҷаҳони муосир аз ҷониби коршиносон нишон медиҳад, ки дар радифи мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, халъи силоҳи ҳастаӣ ва ғайра, ҳамчунин оби тозаи ошомиданӣ яке аз масъалаҳои муҳимми глобалӣ маҳсуб меёбад.

Мушкилоти обу иқлим масъалаи меҳварии ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, хатарҳои он водор месозад, ки баҳри пешгирӣ ва ҳалли чунин проблема хулосаҳои амиқ пешниҳод шавад.

Хушбахтона, имрӯз ҷониби Тоҷикистон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ аввалин шуда, баҳри ҳалли ин мушкилот ва пешгирӣ аз фарох гардидани доираи он ташаббусу пешниҳодҳои судмандро дар амал татбиқ намудаистодааст. Ҳанӯз 1-уми декабри соли 2016 бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи A/RES/71/222-ро зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуда буд. Ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд.

Мутобиқи Қатъномаи мазкур (ОР3) давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардид, ки он аз 22-юми марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад.

Зимни суханронӣ дар Форум Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «… таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд-зуд рӯх додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд».

Дар робита ба ин, Сарвари давлат пешниҳод намуд, то дар идомаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015», Даҳсолаи нави байналмилалӣ ҷиҳати эҷоди заминаи устувор барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳавасмандгардонии талошҳо ба мақсади ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба мудирияти масъалаҳои об мусоидат менамояд, роҳандозӣ шавад.

Воқеан, ин даҳсола идомаи мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» буда, ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.

Ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005-2015» соли 2003 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Худи ҳамон сол бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он давраи солҳои 2005 – 2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон гардид. Баъдан, дар чаҳорчӯби даҳсолаи мазкур МУ СММ ташаббуси дигари Тоҷикистонро оид ба эълон намудани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об қабул кард.

Мутобиқи Қатъномаи МУ СММ ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилаии амал «Об барои рушди устувор» масъалаҳои зеринро фаро мегиранд:

– рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва муҳитизистӣ;

– роҳандозӣ ва пешбарии барнома ва лоиҳаҳои дахлдор;

– тавсеаи ҳамкорӣ ва шарокат дар ҳамаи сатҳҳо барои мусоидат ба татбиқи вазифа ва ҳадафҳои марбут ба захираҳои об, ки дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқа шудаанд, аз ҷумла Ҳадафҳои рушди устувор.

Ҳамчунин, Қатънома аҳаммияти рушди истифодаи оқилонаи обро бо дарназардошти робитаи мутақобилаи захираҳои об бо маводди ғизо, энергетика ва муҳити зист дар ҳама сатҳҳо таъкид мекунад.

Қатънома масъалаҳои зеринро ҳамчун ҳадафҳои иловагии Даҳсола муайян кард:

– такмили абзори ташаккул ва интишори дониш, осонгардонии дастрасӣ ба дониш ва мубодилаи иттилоот роҷеъ ба таҷрибаи беҳтарин, баҳрабардрорӣ аз иттилооти ҷадид дар бораи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об;

– бунёди шабакаҳо ва мусоидат ба ташаккули шарокат ва фаъолияти тарафҳои манфиатдор дар татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои марбут ба захираҳои об;

– тақвияти фаъолиятҳои иртиботӣ дар сатҳҳои мухталиф барои дастёбӣ ба ҳадафҳои марбут ба захираҳои об.

Қатъномаи мазкур аз Дабири кулли СММ боис шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои ниҳоди байниидоравии «СММ-Об» ҷиҳати тарҳрезӣ ва ташкили фаъолият дар чорчӯби Даҳсола дар сатҳҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ чораҳо андешида шавад.

Баргузории Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар шаҳри Душанбе, ки санаи 11-уми июни соли ҷорӣ оғоз гардид, бори дигар аз имиҷи байналмилалии кишвари мо дар роҳи ҷалб намудани башарият ба ҳалли ин масъалаи мубрам хабар медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Конфронс таъкид намуданд, ки «… истифодаи «Раванди оби Душанбе» ба ҳайси платформа барои пайгирии натиҷаҳои Конфронси оби Милал яке аз уҳдадориҳои мо дар доираи Рӯзномаи амал дар соҳаи об аст ва мо омодагии хешро барои тавсеаи минбаъдаи ин раванд изҳор менамоем. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки барои суратбахшии амалҳо дар соҳаи об асоси воқеӣ гузоштаат, қобили таъкиди махсус аст».

Бояд гуфт, ки таҳияи «Стратегияи миллии об барои давраи то соли 2040» ва «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои давраи то соли 2032», ҳамчунин таъсиси низоми ягонаи иттилоотии соҳаи об аз иқдомҳои муҳимми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт маҳсуб меёбанд.

Саъдуллозода Сафарбек Саъдулло – н.и.и., дотсент,декани факултети молиявию иқтисодии ДМТ