ТАРАННУМИ ХИЗМАТҲОИ МАОРИФПАРВАРОНАВУ БЕНАЗИРИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР АСАРИ РЕКТОРИ ДМТ, Д.И.И., ПРОФЕССОР ХУШВАХТЗОДА Қ.Х. «ТАШРИФОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН»

73

Қайд кардан зарур аст, ки асари мазкури Устод Хушвахтзода Қ.Х. яке аз корномаҳои шахсияти асилу ватанпарвар ва муаррифии хизматҳои маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ба ҳисоб рафта, дар ҳақиқат хело саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ гардида, барои тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандустӣ ва саҳм гузоштан дар рушди пешрафти кишвари азизамон бағоят бузург аст.

Агар хизматҳову ҷонфидоиҳои Пешвои муаззами миллатро арзёбӣ намоем барои сарҷамънамоии ватани азизамон, тоҷикони дунё, аз парокандагӣ ва нобудшавии ватан ва ободсозии ҳар як гушаи ватан садҳо асарҳо барои он кифоягӣ намекунад, чунки мо имрӯз шоҳиди онем, ки садҳо давлатҳои кучаку бузург ғарқи муҳорибаҳои геосиёсии абарқудратҳои ҷаҳонӣ гардида, давлатсову миллатсозӣ ва пешрафти илму маориф як тараф истад, дар кишварашон ҳатто сулҳро барқарор карда наметавонанд. Барои қиёс бигирем Афғонистони ҳамсоя ё дигар мамолики ҷангзадаи дунёро, ки чандин солҳо авзои пурташаннуҷи кишварҳояшонро ба ифоқа оварда наметавонанд. Дар ин давлатҳо бисёр абарқудратҳо мудохилаи низомӣ ҳам карданд, аммо вазъро ором ва сулҳу суботро таъмин карда натавонистанд. Сабабаш ҳамин буд, ки ин миллату халқҳо ва кишварҳо пешвои қотеъ ва ғаюру фидоӣ надоранд. Ин миллати тоҷик буд, ки Пешвоеро чун Эмомалӣ Раҳмон Худованд барояш эҳдо намуд.

Ба қавли шоир Муҳаммад Иқбол:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Дар дунё шахсиятҳое ҳастанд, ки дар умури давлатдорӣ метавонанд нақши таърихӣ дошта бошанд. Онҳо бо маҳорату истеъдоди роҳбарӣ, маҳбубияти дар миёни мардум доштаашон қудрате доранд, ки халқро сарҷамъ намоянд ва ба масири созандагӣ ҳидоят намоянд. Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамин гуна хислатҳои наҷибашон на танҳо ҷангу хунрезии миёни намояндагони як миллатро хомӯш кард ва равандҳои марказгурезиву минтақагароиро баҳам зад, балки давлати дар варта қарор доштаро ба маънои томаш наҷот бахшид.

Махсусан аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан Пешвои муаззами миллат ба илму маориф такя намуда, аз ҷумла борҳо қайд намуданд, ки пешрафти илму маориф дар сиёсати давлату ҳукумат мавқеъи калидӣ доранд ва заминаи ҳамин гуна ғамхориҳои маорифпарварона буд, ки имрӯз дар буҷети кишвар зиёда аз 50% ба соҳаҳои иҷтимои равона гардидааст.

Шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба зиёда 40 адад расидааст.

Дар ин росто таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ба Донишгоҳи миллӣ, ки худ хатмкунандаи ин боргоҳи имлу маърифат ҳастан, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тавре, ки аз муҳтавои асари мазкур бармеояд, 16 маротиба ба ин маракази имлу фарҳанг ташриф оварда, ҳар маротибаи ташриф ба Донишгоҳ ғамхориҳову дастгириҳои бениҳоят беназирро тақдим намуданд.

Аз ҷумла баъди ташрифоти Пешвои муаззами миллат соли 1997 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (аз 15.02.1997, № 669) донишгоҳ табдили ном карда, ҳамчун муассисаи таълимии худмухтор унвони расмии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва соли 2008 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (аз 28.10.2008, № 556) ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон табдили ном кард.

Барои мисол муқоиса намоем, ки тибқи ташрифи аввалин агар донишгоҳ дар оғози давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳ дорои 13 факултет, 83 кафедра ва 25 ихтисос буд, ки аз рӯйи ихтисосҳои мазкур 13 629 нафар донишҷӯён дар он таҳсил менамуданд ва дар кафедраҳои донишгоҳӣ 859 нафар омӯзгорони доимӣ ба таълиму тарбия машғул буданд, ки аз онҳо 47 нафар докторони илм ва зиёда аз 300 нафар омӯзгоронро номзадони илм ташкил медоданд.

Баъди ташрифи 16-ум бошад Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дорои 19 факултет шомили 125 кафедра (118 кафедраи тахассусӣ ва 7 кафедраи умумидонишгоҳӣ), Институти илмӣ-тадқиқотӣ, литсейи равияи табиӣ-риёзӣ, китобхонаи илмӣ, китобхонаи электронӣ ва дигар объектҳои лозима мебошад.

Инчунин сохтумони биноҳои нави таълимии факултетҳои биология, механикаю математика, физика, геология, молиявию иқтисодӣ, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ, иқтисод ва идора, туҳфаи Маҷмаъи варзишӣ, туҳфа намудани бинои нави Литсей бо тамоми таҷхизотҳои замонавӣ ва амсоли инҳо садҳо дастгириҳову ғамхориҳои беназири Пешвои миллатро қайд кардан мумкин аст, ки ҳамто надоранд ва дар асари мазкури Устод Хушвахтзода Қ.Х. васеъ баён ёфтаанд.

Дар ҳақиқат иншо намудани чунин асарҳо барои баён намудани хизматҳои Пешвои миллат баланд арзёбӣ гардида, барои гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ аз ҷониби магистрантону докторантон ва унвонҷуён заминаи хубе буда, барои арҷ гузоштан ба ғамхориҳои маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат сазовори таҳсин аст.

Вақте бо асари мазкур пурра шинос мегардед, ин хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат, ки намунаи волотарини ибрати ҷавонмардӣ ва ватандустӣ аст, ҳар яки моро водор месозад, ки барои пешрафти ватани азизамон, ободонии Донишгоҳамон, факултету кафедраамон ва дигар зерсохторҳои он бетарафӣ нанамуда, қадре ҳам бошад саҳмгӯзорӣ намоем, тавре, ки шоир мефармояд:

Ҳар шаб зи худат бипурс агар ту мардӣ,

К-имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ.

Собирзода Нуралӣ Миралӣ – д.и.и., профессор, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими ДМТ,

Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ – Академики АБН ФР, д.и.и., профессор, декани факултети молиявию иқисодии ДМТ