ТАКМИЛДИҲИИ МУНОСИБАТҲОИ МОЛИЯВӢ ДАР ШАРОИТИ РАҚАМИКУНОНӢ

9

Таҳти чунин унвон имрӯз (23.01.2025) дар пояи кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинари илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид, ки дар кори он олимону устодони факултетҳои иқтисодии Донишгоҳ иштирок намуданд.

Нахуст сухани муқаддимавиро декани факултет, дотсент, Саъдуллозода С. оғоз намуда, иброз дошт, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ, чунин иброз доштанд, ки “ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад”. Боиси хушнудист, ки устодони факултети молиявию иқтисодӣ дар раванди таълим ва корҳои илмию тадқиқотӣ бахусус ба рушди молияи мамлакат бо тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи андозу молия ва ҳалли муаммоҳои илмии молиявӣ саҳми арзанда мегузоранд. Дар ин раванд саҳми профессор Хосият Улуғхоҷаеваро дар омода намудани мутахассисони соҳа маскур назаррас аст.

Зимнан муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадов С.М. оид ба муҳиммияти мавзуи нишаст суханронӣ намуда, афзуд, ки рақамикунонии низоми андоз бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ ва дар ин замина тақвияти раванди рақамикунонии соҳа барои беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва иҷрои нишондиҳандаи қисми даромади буҷети давлатӣ мусоидат менамояд. Зикр карда шуд, ки Хосият Улуғхоҷаева, ба унвони шахсияти шинохта дар тарбияи мутахассисони низоми ислоҳоти андозбандии кишвар ва рушди идоракунии соҳаи андоз нақши бориз дорад.

Зимнан дар кори нишаст, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор Раҳимзода Ш., академики АМИТ Имомзода М.С., профессори кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳии Донишгоҳ Умаров Х., директори филиали ДДМ ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Ғаниев Р. ва дигар олимони соҳаи молияю андоз аз сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ суханрониҳо намуданд.

Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯза яке аз вазифаҳои ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, ҷамъоварӣ ва самаранок ситонидани андозҳо ба ҳисоб рафта, маъмурикунонии андоз бо усулҳои нави замонавӣ (истифодаи технологияҳои иттилотӣ, хизматрасониҳои фосилавӣ) яке аз самтҳои стратегӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Ҷорӣ намудани технологияи ҳозиразамони иттилоотӣ дар маъмурикунонии андоз, муҳимтарини фаъолияти мақомоти андози кишвар ба ҳисоб рафта, барои ноил гардидан ба ҳадафи ташаккули Ҳукумати электронӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.