ТАБЛИҒИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

664

Суҳбату вохӯриҳои гурӯҳи устодони факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷараён дорад. Аз ҷумла, субҳи имрӯз (28.02.2023) гуруҳи тарғиботӣ (Ашуров И. – сардори раёсати тарбияи ДМТ, Сайфуров К – мудири кафедраи кори бонкии ФМИ ДМТ ва Зокиров А – мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳии ФМИ ДМТ) бо масъулини соҳаи маориф ва зумрае аз хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳраки Қубодиёни вилояти Хатлон (МТМУ рақамҳои 48, 1, 2, 3, 47, 9, гимназияи 1, 2, мактаби хусусии ба номи “Барфигул”, коллеҷи омӯзгорӣ) вохӯрӣ намуданд.

Гурӯҳи кории дигар, дар ҳайати мудири кафедраи молия ва суғуртаи ФМИ ДМТ Ҳусайнов М.Н ва мудири кафедари идоракунии молияи давлатии ФМИ ДМТ Икромов Ф.Н. аз мактабҳои № 25, 6, 26, 1, ноҳияи Носири Хусрав вилояти Хатлон дидан намуда бо муҳассилини ин боргоҳи маърифат вохӯрӣ намуда, оид ба афзалиятҳои таҳсил намудан дар факултетҳои ДМТ ибрози андеша намуданд.

Инчунин, гурӯҳи кории дигар, дар ҳайати мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии ФМИ ДМТ Саидмуродова М.А ва мудири кафедари андоз ва андозбандии ФМИ ДМТ Гулов Ш.М. аз литсейи хонандагони болаёқати ноҳияи Шаҳритус, литсейи касбии техникии ноҳия ва як қатор мактабҳои  ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон вохӯрӣ ва машваратҳо анҷом дода, оид ба бартариятҳо ва имкониятҳои фарохи таҳсил намудан дар факултетҳои ДМТ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.