Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 сентябри соли 1994
№ 1074 пазируфта шуда, бар асоси Низомнома дар бораи Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки 11 декабри соли 1999
бо Қарори № 888 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст:
I. Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ифодагари дӯстии пойдори ҳамаи халқу миллатҳои кишвар мебошад.
Эҳтироми воло ва донистани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар аст.
II. Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад:
1) ҳангоми оғозу анҷоми иҷлосияҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, маҷлису ҷамъомадҳои тантанавӣ ва дигар ҷашнҳое, ки дар ҷумҳурӣ мувофиқи Қонун иди умумихалқӣ эълон гаштаанд;
Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шеъри Гулназар Келдӣ
Оҳанги Сулаймон Юдаков
Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем,
кашидаем
Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!
Барои нангу номи мо
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,
Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ,
Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
Ки мазраи вафо бувад канори ту,
канори ту
Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!
Ту модари ягонаӣ,
Бақои ту бувад бақои хонадони мо,
Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост,
ҳабиби мост,
Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!