СУЛТОНБЕКОВ ҒАЙРАТ ҚОБИЛОВИЧ

(Таваллуд 1941), дотсент

Донишкадаи химикию технологии ш. Москва ба номи Д.И.Менделеев (1965)–ро хатм намудааст.  Номзади илмҳои техникӣ (1985), дотсент (1990). Дар факултети иқтисодии ДДТ аз соли 1974 кор мекунад.

Фаъолияти омӯзгорӣ: курси лексия ва машғулиятҳои амалӣ аз фанни технологияи соҳаҳои истеҳсолот.

Доираи корҳои илмӣ: Аз ҷониби ӯ чор санади натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дар истеҳсолот  ҷорӣ карда шудааст. Аз ҷумла дар корхонаи электрохимиявии Ёвон (тоза намудани намакҳои ҳалшуда аз сулфур (1996) ва дар ДЭПО-и локомотивии ш. Душанбе (тоза намудани об аз металҳои вазнин (2002). Муаллифи 50 корҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ дар ҳаҷми15,5 ҷузъи чопӣ мебошад.