САЙЁҲӢ ВА ИҚТИСОДИЁТ

592

Ҳамасола дар давлатҳои аъзои СММ 27-уми сентябр ҳамчун Рӯзи байналхалқии туризм ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат бо ташаббуси кафедраи иқтисод ва идораи сайёҳии факултети молиявию иқтисодӣ дар мавзӯи «Нақши минтақаҳои махсусҳифзшавандаи табиӣ, мамнуъгоҳҳо ва парваришгоҳҳо дар рушди соҳаи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи гирд баргузор гардид. Дар аввал, бо ибтикори устодони кафедра дар саҳни факултет намоишгоҳ оид ба соҳаи сайёҳӣ ташкил карда шуд, ки дар он тамоми дастовардҳои илмию эҷодии устодону донишҷӯёни соҳа ба намоиш гузошта шуд.

Сипас дар толори Шӯрои олимони факултет бо иштироки устодону донишҷӯён нишасти илмӣ доир гардид, ки дар он роҷеъ ба мавзӯи мазкур маърузаҳо ироа шуданд. Дар нишаст таъкид шуд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромадтарини иқтисодиёт дар мамлакатҳои тараққикарда ба ҳисоб меравад. Он яке аз нишондиҳандаҳои инкишофи тамаддун, усули дарки муҳити ҳақиқӣ тарзи баланд бардоштани сатҳи фарҳанг ва барқарор намудани саломатии одамон мебошад. Инчунин, қайд шуд, ки воридоти сайёҳон сабаби рушти иқтисодиёти мамлакат мегардад.