САҲМИ ЗИЁИЁН ДАР РУШДИ ДАВЛАТ

141

(Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

Вохӯрии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки З0 – юми майи соли ҷорӣ бо аҳли илм ва маорифи кишвар дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе барпо гардид, бешубҳа, барои инкишофи минбаъдаи илм ва маорифи кишвар мусоидат хоҳад кард. Зеро соҳаҳои номбаршуда бо тамоми ҷузъиёт мавриди таҳлил қарор гирифта, сабабҳои камбудиву норасоӣ, мушкилоти вобаста ба фаъолияти соҳаҳои илму маориф ҳаллу фасл гардиданд.

Мусаллам аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол барои рушди соҳаҳои илму маориф маблағҳои зиёде ҷудо менамояд, вале чунонки дар суханронӣ зикр гардид, новобаста ба ин, пешрафти илмиву техникӣ, дастовардҳо ва ихтирооти фаннӣ кам ба назар мерасад. Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки «Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ва ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст». Аз ин мебарояд, ки аҳли илму маориф нисбат ба ҳамаи ин ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат як навъ беэътиноӣ ва бепарвоиро низ раво дидаанд. Ин нукта чандин маротиба бо далелҳои раднопазир аз тарафи Роҳбари мамлакат мавриди интиқоди шадид қарор гирифт.

Воқеан ҳам, дар замони глобализатсия, бархурди андешаҳо ҳар яки моро зарур аст, ки барои инкишоф ва пешрафти илми муосир тадбирҳо андешида, тамоми имконият ва қувваи эҷодии худро сарф намоем, то дар қатори кишварҳои пешрафта моро низ шиносанду эҳтиром ва эътироф намоянд. Зеро ҳаводиси имрӯзаи олам ба ҳамин чиз моро водор менамояд, ки имконияту захираҳои фитриву зеҳниамонро мавриди истифода ва ба фоидаи миллат қарор диҳем. Барои ноил гардидан ба чунин амал тамоми имконоияту шароит муҳайё гардидааст.

Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки вобаста ба зиёд гардидани шумораи аҳолии мамлакат бояд зхиёиён, аҳли илм, онҳое, ки худро ворисони абармардони дунёи илму маорифи ниёгонамон медонанд, тамоми захираҳои зеҳнии худро ба кор бурда, барои ободӣ, ҳаёти хуррамона ва гулгулшукуфии мамлакати азизамон қувваи эҷодии хешро сарф намоянд. Рисолати зиёӣ будан ҳам ҳаминро талаб менамояд. Яъне ояндаи дурахшони давлату миллат аз фаъолияти рӯзафзуни ин қишри ҷомеа вобастагии калон дорад.

Бешубҳа, ҳар як факту далеле, ки аз тарафи Сарвари кишвар ироа гардид, ҳар як сокини равшанфикри ҷомеаро водор менамояд, ки сари он андеша намояд. Бахусус, роҳбарони муассисаҳои таълимиву илмиро зарур аст, ки барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта қуввату матонати илмиву эҷодӣ зоҳир намуда, барои ноил гардидан ба боварии Роҳбари мамлакат сазовор гарданд. Вобаста ба ин, Президенти муҳтарами кишвар чандин маротиба ба роҳбарони Вазоратҳои маориф ва илм, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Комиссияи олии аттестатсионӣ ва дигар сохторҳои марбутаро вазифадор намдуданд, ки бо таъсиси гурӯҳи корӣ дар муҳлати се моҳ доир ба масъалаҳои пешниҳодгардида фикру андешаҳои мушаххас манзур намоянд.

Чунонки Роҳбари давлат зикр намуданд: «Аз тарафи Ҳукумати мамлакат барои саҳми арзанда дар соҳаи иқтисодиёт, илм, фарҳанг, адабиёт, фаъолияти босамари давлатӣ, ҷамъиятӣ то имрӯз садҳо нафар олимони кишвар бо ҷоизаҳо, унвонҳо ва мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардидаанд. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки бо вуҷуди дастгириву таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат натиҷаи кори олимон ва сохторҳои соҳаи илм посухгӯи талаботи замон нест». Ин нишони он аст, ки мо, бо вуҷуди он ки аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода мебарем, вале вобаста ба чунин имкониятҳои фароҳамомада вазифаи ҷонии худро ба таври бояду шояд ба анҷом намерасонем, ки аз рӯи инсофу виҷдон нест. Пас, чӣ гуна метавон аз ояндаи давлату ҳукумат пешравиро интизор шуд. Президенти мамлакат ҳамеша дар суханрониҳояшон зиёиёнро хазинаи тиллоии давлат ном мебаранд. Аз ин рӯ, аҳли илму адаб, маорифу санъат, умуман ҳар ки зиёӣ аст, бояд аз камбудиҳои зикргардида хулосаи дақиқ барорад. Чунки рисолати азалии аҳли зиё аз ҳамин иборат аст.

Дар вохӯрӣ барои муқоиса бурҳону далелҳои раднашаванда намуна оварда шуд, ки моро ба андеша водор менамояд. Барои мисол, таъкид гардид, ки маоши миёнаи кормандони Академияи миллии илмҳо соли 2003 ҳамагӣ 45 сомонӣ буд ва соли 2023 (пас аз бист сол) ба 2438 сомонӣ сомонӣ расонида шуд, яъне қариб 54 баробар афзоиш дода шуд. Аз моҳи июли соли ҷорӣ дар барбари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40 фисади дигар зиёд мегардад. Бо вуҷуди ин, Президенти мамлакат ба сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 корро бо мақсади то охири муҳлати стратегия ба 1, 5 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ расонидани ҳиссаи хароҷоти умумӣ ба соҳаи илм тақвият бахшанд.

Ҳангоми таҳлили соҳаҳои илму маорифи кишвар Сарвари мамлакат диққати аҳли нишастро ба он равона карданд, ки бояд ҳар як сохтори марбута барои пешрафти соҳа дар коргоҳҳои худ масъалаҳоро оид ба пешрафти соҳа таҷдиди назар намоянд. Ба таъкиди Президенти кишвар корҳои то имрӯз амалигардида гувоҳ бар онанд, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои кишвар мебошанд. Аз ҷумла, олимони кишвар дар таҳияи ҳуҷҷати муҳими давлатӣ – Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳми арзишманд гузоштанд. Аз ин рӯ, бо пешниҳоди Пешвои миллат, минбаъд низ олимони мо бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси чойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд.

Яке аз роҳҳои баланд бардоштани савияи дониши шогирдону хонандагон ташкил кардани озмуну олимпиадаҳо, озмунҳои ҷумҳуриявии вобаста ба фанҳои гуногун дар миқёси ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он маҳсуб меёбад. Албатта, иштироки шогирдони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар озмуну олимпиадаҳои хориҷии мамлакат сол то сол меафзояд. Дастовардҳои онҳо кам нестанд, аммо бо вуҷуди ин, саъю кӯшиш кардан даркор аст, ки ҷавонону наврасон боз ҳам тарбияи хуб гирифта, тавонанд, ки бо сари баланд чунин эстафетаро дар оянда низ идома диҳанд. Рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад. Бо ин мақсад, – таъкид намуданд Роҳбари давлат, – мо солҳои 2020 – 2040 – умро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда, дар ин замина чор санади дахлдор қабул намудем. Дар заминаи ин иқдом аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор як қатор тадбирҳо роҳандозӣ гардидаанд, ки ба болоравии тафаккури техникии ҷавонон, ҷалби ҷомеа ба омӯзиши илмҳои табииву риёзӣ ва таҳкими заминаи моддиву техникии муасссиаҳои таълимӣ мусоидат менамоянд. Дар соҳаи пешрафти илм ҳар як намояндаи ин соҳаро зарур аст, ки бо навигариҳои баамалояндаи соҳа ошно гардида, бо истифода аз донишу малака дар пешрафти он саҳми шоистаи хешро гузорад.

Дар суханронӣ аз хусуси ба таври бояду шояд ва ба фоидаи илми тоҷик тайёр кардани шогирдон изҳори нигаронӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан, дар соҳаи илм қарзе мебошад, ки онро ҳар як олими собиқадору соҳибтаҷриба дар назди шогирдони худ бояд адо намояд, зеро ин анъана дар таърихи халқи мо собиқаи тӯлонӣ дорад.

Барои амалӣ намудани иқдомҳои нек, тайёр кардани кадрҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳоро меандешад. То ин дам барои фаро гирифтан бо таҳсил имкониятҳои фаровоне истифоад ва амалӣ гардиданд ва ин кор дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Дар робита ба ин, бинобар афзоиши аҳолӣ, дар даҳ соли минбаъда бояд боз сохтмону таъсиси 2400 муассисаи томактабӣ, 3500 маркази инкишофи кӯдак ва 2200 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро бунёд намуд, ки ин кор аз ҳар як кадоми мо масъулияти ҷиддиро талаб менамояд. Албатта, ҳадаф аз чунин иқдомҳо инкишоф додани илму маориф дар ҷумҳуриамон маҳсуб меёбад.

Дар робита ба пешрафти илмӣ як қтор муассисаҳои зерсохтори АМИТ мавриди таҳқиқ ва нигаронӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки дар самти илмҳои табиӣ ва техникӣ, аз ҷумла, дар пажуҳишгоҳҳои физикаву техника ва химия баъзе олимон дар доираи мавзуъҳое фаъолият доранд, ки барои илм ва истеҳсолоти ватанӣ аҳамияти назариявӣ ва амалӣ надоранд ё таҳқиқоти такрорӣ мебошанд. Чунин амалкард, албатта, ба фоидаи илми тоҷик нест. Сабаби пеш нарафтани илм дар баъзе ҳолатҳо надонистани забонҳои хориҷӣ аз трафаи олимони соҳа маҳсуб меёбад. Ин яке аз камбудиҳои олимони тоҷик ба шумор меравад, ки онҳо ғайр аз забони русӣ дигар забонҳои илми муосири ҷаҳониро намедонанд. Аз ин рӯ, аз дастовардҳои олимони дунё хабардор намешаванд, Ҳол он ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои асосии илми муосири ҷаҳонӣ яке аз шартҳои ба сатҳи байналмилалӣ баромадани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва дастрасӣ ба дастовардҳои илмии кишварҳои пешрафта маҳсуб мешавад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зикри ҳама камбудиву норасоиҳо дар соҳаи лму маориф ва дигар соҳаҳои марбут ба он изҳори боварӣ намуданд, ки олимони тоҷик мисли пештара рисолати азалии хешро дар назди давлату миллат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ, таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми шоистаи худро мегузоранд.

Зеро дар арсаи байналмилалӣ моро ҳамчун Ватани соҳиби илму тамаддуни пешрафта, дорои бузурги сарватҳои зеҳнӣ мешиносанд ва эътироф менамоянд. Дар баробари ин, саодати миллат ба инкишофи қувваҳои зеҳнӣ ва илму тамаддун ва маорифи миллат вобастагии зич дорад.

Амонова Д.А.докторанти Ph.D аз рӯи ихтисоси молия