РОҲИ УСУТВОРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ЯГОНАГӢ

203

Арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, таърихӣ аз ҷумлаи падидаҳои нодири ҷомеаи инсонӣ ба ҳисоб мераванд, ки бе арҷ гузоштан ба ин муқаддасот наметавон ба озодӣ, истиқлол ва аз ҳама муҳим соҳибдавлатӣ муяссар гардид. Аз таҷрибаи таърихи умумиҷаҳонӣ маълум аст, ки дар ҳама марҳилаҳо халқҳои мухталиф баҳри расидан ба озодӣ ва истиқлол муттаҳидию ягонагиро пеш мегирифтанд. Забони ягона, уруфу одат, хешовандӣ, ҳудуди ҷуғрофӣ ва манфиатҳои умумӣ инсониятро дар доираи як мақсад муттаҳид менамуд. Ин мутаҳидӣ калиди хушбахтӣ, осоиштагӣ ва расидан ба тамоми ҳадафҳо мегардид.

Яке аз марҳилаҳои сарнавиштсоз ва бисёр муҳимми миллати тоҷик ба интиҳои сотсиализм ва ибтидои истиқлоли давлатӣ рост меояд. Дар ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта аз боиси омилҳои субъективӣ ва объективӣ дар зери таъсири қувваҳои хориҷӣ ҳастии миллат ва давлати тоҷикон ба хатари бисёр вазнин дучор гардид. Ин хатар таҳдид ба нестшваии миллату давлати тоҷикон мекард. Дар зери сиёсати геопалилитикии қудратҳои мушаххаси хориҷӣ давлати нав ба истиқлолрасида ба моҷарои сиёсӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар муддати начандон кутоҳ давлат зарари калони ҷонию моддӣ дид. Тамомои мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, дар кишвар амалҳои ҷиноӣ рушд кард. Гурӯҳҳои ҷиноӣ аз нотавонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истифода карда, дар зери сарпарастии қувваҳои хориҷӣ вазъи мамлакатро муараккаб сохтанд. Миллати тоҷик ба як имтиҳони бисёр сангину вазнини таърихӣ дучор омад. Манфиатҳои иқтисодӣ боиси хиёнати гурӯҳҳои мухталифи дохилӣ гардида, дар муддати кутоҳ ҳазоррон шаҳрванди осоиштаи кишвар аз тири нохалафи душман кушта шуд. Таҳдид ба зиндагии осоишта рӯз аз рӯз меафзуд. Шумораи гурезаҳои иҷборӣ дар афзоиш буд. Манфиатҳои иқтисодӣ ва гурӯҳӣ чашми баъзе хоинони миллатро нобино карда буд. Миллате, ки таърихи куҳани давлатдорӣ ва тамаддун дорад, акнун даст ба гиребони якдигар зад. Мамлакатро бӯҳрони шадиди иқтисодӣ таҳдид мекард. Дар баъзе минтақаҳои кишвар аз боиси бастани роҳҳо аз ҷониби мухолифон нарасидани маводи озуқа ва гуруснагӣ мардумро таҳдид мекард. Бемориҳои сироятӣ дар натиҷаи истеъмоли маводдҳои ғайриғизоӣ авҷ гирифт.

Аз набудани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва артиши давлатӣ қувваҳои сиёсии мухталифи ҳукуматхоҳ истифода намуда, аксар ходимони давлатиро ба асорат бурданд. Ҳар як гурӯҳи ҳукуматхоҳ худро ҳомии ватану миллат номида, дар зери ин шиорҳои муқаддас баръакс ба зарари ин миллату давлат кор мекард. Ниҳоят 19-уми ноябри соли 1992 ба мансаби Раиси Шурои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид. Муваффақияти бузурги вакилони Иҷлосия дар чунин як марҳилаи мураккаби таърихӣ интихоби Раиси Шурои Олӣ ба ҳисоб мерафт. Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидо дар роҳи ба даст овардани сулҳу субот ва бартарф намудани моҷарои сиёсии Тоҷикистон талошҳои зиёд варзида, дар ин самт як қатор чораҳои муассир бо сарварии ӯ дар амал татбиқ карда шуд. Бояд гуфт, ки маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт. Бо ташаббуси ин чеҳраи мондагори таърихи миллат як қатор сандаҳои меъёрӣ ҳуқуқие дар равнади Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ қабул гардид, ки заминаи таҳкими қонуниятро дар мамлакат гузошт.

Яке аз муваффақиятҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои давлатсозӣ, ки ба марҳилаи бисёр мураккаби таърихӣ рост меомад, пеш аз ҳама ташкили комиссия оид ба омода намудани лоиҳаи Конститутсияи кишвар буд. Чун як марҳилаи таърихӣ сипарӣ шуд, давлат соҳибистиқлол гардид вазъи сиёсӣ бошад пурра тағйир ёфт, зарурат ба амал омад, ки бо мақсади танзими муносибатҳои нави ба вуҷуд омада Конститутсияи ҷадид қабул карда шавад. Конститутсия бояд заминаи ташаккули давлати миллӣ, сулҳу субот ва якпорчагии Ватанро аз лиҳози ҳуқуқӣ ва қонунӣ таъмин менамуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба саҳнаи сиёсат ворид гардидан кӯшиш менамуд, ки масъалаи ба вуҷудомадаро бо роҳи созиш ва ҳамдигарфаҳмии гурӯҳҳои сиёсӣ ҳаллу фасл намояд. Аз ибтидо талоши Сарвари давлат ба он нигаронида шуда буд, ки бо мақсади ба вуҷуд овардани сулҳу субот ва таъмини оромии кишвар ҳайати мухолифинро ба нишасти мизи гуфтушунид розӣ намояд. Ҳамин буд, ки талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 1992–1993 пурра ба масъалаи мазкур нигаронида шуда буд. Натиҷаи ҳамин заҳматҳо буд, ки аз моҳи апрели соли 1994 мухолифин ҷиҳати музокира ба мизи гуфтушунид нишастанро оғоз намуданд. Бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон 25 апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав гуфтушуниди миёни ҳукумат ва мухолифин оғоз гардид. То моҳи июни соли 1997 миёни ҳукумат ва мухолифин дар ҳашт марҳила гуфтушунид дар шаҳрҳои мухталифи кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва хориҷи наздик баргузор гардид. Яке аз музокираҳои ҳалкунанда ва бисёр ҳассоси миёни тоҷикон дар Хосдеҳи Афғонистон баргузор шуд. Сарвари давлат ба хотири таҳкими сулҳу оштии миллӣ ва якпорчагии Ватан ба вазъи мураккаби Афғонистон нигоҳ накарда, ба ин кишвар ворид шуд.

Бояд қайд кард, ки ҷасорати Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки дар Афғонистон ҳайати мухолифин бовар намоянд, ки иқдоми ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи ба ҳам овардани миллат ҷиддӣ аст.

Сарвари давлат новобаста аз таҳдиду бозиҳои ҳайати мухолифин бо мақсади муътадил намудани вазъ гуфтушунидро бо онҳо идома дод. Самти дигари фаъолияти Сарвари давлат баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ буд, ки таҳкими сулҳ аз он вобастагии зиёд дошт. Таҷрибаи таърихи умумиҷаҳонӣ дар ёд надорад, ки сарвари давлате барои баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ чорае андешида бошад. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал ба ин масъала диққати махсус дода, якчанд маротиба ба Афғонистон, ки аксарияти муҳоҷирони иҷборӣ дарн он ҷо буданд, сафар намуда, ба онҳо вохурӣ намуда, бовар кунонид, ки дар Ватан хатаре онҳоро таҳдид наменамояд. Бояд қайд кард, ки вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Афғонистон хеле мураккаб буда, рӯзе набуд, ки то 5-10 гурезаи тоҷик нафавтад.

Талошҳои хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки соли 1996 бо мақсади таҳкими сулҳ миёни тоҷикон Комиссияи оштии миллӣ таъсис ёбад. Ҳайати комиссия аз 26 нафар иборат буда, 13 нафар аз ҳукумат ва 13 нафар аз мухолифин буданд. Комиссия дар самти ташаккул ва усутвор гардидани боварии тарафайн то соли 1999 фаъолияти худро идома дод.

Ҷасорату хиради Сарвари давлат ва фарҳанги сулҳи тоҷикон ғалаба карда, 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Имзои ин санади тақдирсоз барои миллати тоҷик ва ҷомеаи Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дошт ва дорад. Дар заминаи ҳамин санади тақдирсоз тамоми хатарҳои таҳдидкунанда ба давлату миллат аз байн бурда шуд.

Шароити муосид фароҳам омад, ки ҷомеаи Тоҷикистон ба зиндагии шоиста ва Ҳукумат ба рушди устувор рӯ орад. Акнун боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, субот, сулҳ ва дар умум Ваҳадат дар кишвар ғалаба кард. Имкон фароҳам омад, ки Тоҷикистон чи дар самти сиёсати дохилӣ ва чи дар самти сиёсати хориҷӣ қадамҳои ҷиддӣ ва устувор гузорад. Бузургтарин аҳаммияти таърихии созишномаи сулҳ барои миллат аз он иборат аст, ки хатари барҳам хӯрдани давлати ҷавони соҳибистиқлол рафъ карда шуд. Кафолати ҳастии миллат ва давлати тоҷикон дар дарозои таърих бори устувор карда шуд. Имрӯз пас аз 27соли имзои созишнома мо шоҳиди он ҳастем, ки сатҳи рушд ва тараққиёти ҷомеа ва давлат бо як сурати хеле баланд аст. Имзои созишномаи сулҳи тоҷикон таҷрибаи нодири таърихӣ буда, имрӯз барои аксар дарси иборат аст. Тамоми қишрҳои ҷомеаро мебояд, ки ба қадри ин неъмате, ки сарчашмаи тамоми муваффақиятҳо аст расида, дар роҳи усутвории сулҳу субот ва ягонагии ин меҳан талош намоянд.

Таҷрибаи на он қадар дури таърихӣ бори дигар собит намуд, ки ҳеҷ қувваи хориҷӣ ба манфиати мо амал намекунад. Бинобар ин, зарурат пеш омадааст, ки ҳар шаҳрванди кишвар худшиносу арҷгузор ба арзишҳо ва манфиатҳои миллату давлат бошад ва дар ин роҳ аз диди хираду мафкураи солим амал намояд.

Шарифов Некрӯз – унвонҷӯи солидуюми факултаи молиявию иқтисодии ДМТ