РАМЗИ НОМУСУ ШАРАФИ МИЛЛАТ

424

“Парчам рисолат ва нерӯи муттаҳидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассумгари арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлоли давлатӣ нодиртарин падида барои ҳар миллат маҳсуб ёфта, кафили амалӣ гардидани тамоми ормону ҳадафҳост. Истиқлол дар заминаи муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, ки миллатро муттаҳид менамоянд устувору пойдор боқӣ мемонад. Дар пойдории истиқлоли давлатӣ нақши парчам бағоят бузург аст. Ҳар миллату давлат парчамро дар мадди аввал ҳамчун рамзи муттаҳидӣ, сарҷамъӣ ва озодӣ мавриди истифода қарор медиҳанд.

Миллати тоҷик аз зумраи он халқиятҳоест, ки таърихи пурғановати давлатдорӣ ва парчамдориро доро мебошад. Таърихи парчамдории тоҷикон ба 6 ҳазор сол рафта мерасад, ки ба аҳди ҳукумати Пешдодиён рост меояд. Минбаъд парчам ҳамчун рамзи муҳимми давлатдорӣ дар давраи ҳукумати Ҳахоманишиён, Сосониён ва Сомониён аҳаммияти хосса дошт. Дар аксар аз парчамҳои ниёгони тоҷикон акси уқоб ва шер инъикос шудааст, ки он рамзи ҷасурӣ ва қудрати бузурги сиёсиро дар манотиқи васеъи ҷуғрофӣ таҷассум менамуд. Парачами ниёгони тоҷикон дар худ таърих, фарҳанг, тамаддун ва роҳи рушди дурнамои давлатдориро инъикос менамуд. Таҷрибаи нодири давлатдорӣ ва парчамдорӣ ба миллати соҳибтамаддуни тоҷик имкон дод, ки пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ рамзҳои миллӣ ва давлатиро дар заминаи ҳифзу гиромидошти таъриху фарҳанги ниёгон аз нав эҳё намоянд. Яке аз муваффақиятҳои бузурги Иҷлосияи тақдирсоз дар роҳи таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон қабул ва тасдиқи аркони муҳимми давлатдорӣ, махсусан парчами давлатӣ буд. 24-уми ноябри соли 1992 дар раванди Иҷлосия парчами давлатӣ қабул гардид, ки он минбаъд дар сарҷамъӣ ва муттаҳидии миллати тоҷик нақши калидӣ бозид. Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол тасодуфан қабул нагардида, балки бо дарназардошти суннатҳои неки давлатдории ниёгони тоҷикон, таърих, фарҳанг ва тамаддун тасдиқ шуд.

Парчами давлатӣ на танҳо инъикосгари таърихи пурғановати миллат, балки роҳи рушди дурнамои давлатдории соҳибистиқлолу миллии тоҷиконро мушаххасу муайян менамояд. Дар он мақсаду мароми тоҷикон баҳри бунёди давладории мустақилу миллӣ ба таври барҷаста ва рамзӣ бо се ранг инъикос гардидааст. Парчам хусусияти баланд гардидани сатҳи худшиносӣ, худогоҳӣ, номуси миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои давлатиро дорад. Он дар вуҷуди инсоният қабл аз ҳама номусу ғурури миллиро рушду такомул мебахшад. Парчам ҳисси миллӣ ва номуси ватандориро боло бардошта, дар замири инсоният муттаҳидӣ, ваҳдат ва талошу заҳмати софдилонаро ба вуҷуд меорад. Ин рамзи муқаддаси давлатдорӣ ва миллӣ ҷомеаро ба роҳи дурахшон ва зиндагии шоиста даъват менамояд. Парафшонии парчам рамзи хушбахтии миллат ва осоиштагии ҷомеа буда, ҳифзу гиромидошти он ва ҳамеша парафшон буданаш рисолати бузурги ҳар як шаҳрванди баномуси меҳан аст. Ҳифзи парчам ва гиромидошти он кафили ҳифзи номуси миллат, истиқлоли давлатӣ, сарҳади давлатӣ ва суботи ҷомеа маҳсуб мебошад. Арҷ гузоштан ба ин рамзи муқаддас нишон аз хештаншиносӣ ва худогоҳии миллии ҳар як ашхоси ҷомеа аст. Парчам барои миллат шарафу номус мебошад. Ҳамчунин парчами давлатии мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати комили ҷовидона ва умед ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад. Парчами давлатӣ барои мардуми кишвар, махсусан ҷавонон омили сарфарозӣ буда, дар ҳама самтҳо дар зери ин рамзи давлатӣ сарҷамъ шуда, талошҳои собитқадамона анҷом медиҳанд.

Муддати 30 сол мешавад, ки парчами давлатии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парафшон буда, ҳамчун рамзи истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ тоҷиконро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Парчам ҳамчун рамзи хушбахтӣ ва музаффарият тамоми ҷомеаро баҳри таҳкими ҳаёти осоишта, сулҳу суботи пойдор ва истиқлоли мондагор роҳнамоӣ менамояд. Зарур аст, ки ин рамзи истиқлол ва пойдории миллат аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа эҳтиром ва арҷ гузошта шавад. Ҳар шаҳрванди шарафманди кишварро мебояд, ки дар ҳифзу парафшонии ин рамзи муқаддас талошу заҳмат намуда, муттаҳид бошад. Маҳз муттаҳидӣ ва сарҷамъӣ дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва давлатӣ кафили зиндагии шоиста ва ҷомеаи осоишта аст.

Саъдуллозода Сафарбек Саъдулло – дотсенти кафедраи молия ва суғурта, ҳамзамон Сармутахасиси раёсати таълими ДМТ.