ПАРЧАМ – РАМЗИ ҲАЁТИ ОСОИШТА

477

Парчам нишони сарфарозиҳои мардуми тоҷик, далели шуҳрату иқболи баланд ва шукӯҳафзои истиқлоли мамлакат мебошад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамрадифи соҳибихтиёрии давлат буда, аз солҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ чун рамзи муқаддас арзи ҳастӣ дорад. Халқи тоҷик сарфароз аз он аст, ки парчами миллии худро дорост. Бо шарофати ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Парчами миллӣ қабул гардид, ки таҷасумкунандаи гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони халқи тоҷик мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, симои давлат ва муарификунандаи ҳар як давлати соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Парчами миллӣ метавонад дар радифи дигар рамзҳои давлатӣ эътирофкунандаи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бошад. Парчам далели шуҳрату иқболи баланди халқи тоҷик аст, зеро эътирофкунанда ва муайянкунандаи истиқлолияти давлатӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ парчам ба ҳисоб меравад. Гувоҳи ин гуфтаҳо ҷойгир кардани парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва парафшон кардани он дар коференсияву симпозиумҳои байналмилалӣ мебошад. Парчам рамзи ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед, умед ба фардои дурахшон ва лоиқи эҳтироми ҳар шаҳрванди худогоҳу худшинос аст. Доштани парчами миллӣ ифодакунандаи осудаҳолӣ ва хушбахтии шаҳрвандони кишвар ба ҳисоб меравад. Парафшон будани парчами давлатӣ дар назди мақомоти давлатӣ, корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳо ва ҳуҷраҳои корӣ нишон аз мавҷудияти ҳаёти осоишта дар кишвар мебошад. Парчам ифодакунандаи орзуву армонҳои халқи тоҷик аст, ки хусусиятҳояш дар рангҳои он ифодаи худро ёфтаанд. Мавҷудияти эҳтиром нисбати парчами миллӣ умед ба фардои дурахшони миллат аст. Аз худ кардани илмҳои гуногун, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҳар фарди худшиносу худогоҳи миллат метавонад боис ба эҳтироми дучанд нисбати парчами миллӣ, давлат ва дигар рамзҳои давлатӣ гардад. Эҳтирому арҷ гузоштан ба парчами давлатӣ сарчашмаи ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ мебошад. Парчам чун рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат сазовор ба он аст, ки эҳтиром ва арҷ гузоштан ба он қарзи ҳар як шаҳрванд бошад. Дар натиҷаи эҳтирому арҷ гузоштан ба парчами давлатӣ халқи тоҷик ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ мекунанд. Кафолат ва эътирофи ҳуқуқҳои шаҳрвандон меҳри онҳоро нисбати давлат, мақомоти давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчами давлатӣ зиёд мегардонад. Парчам рамзи ваҳдат ва ягонагии давлат аст, зеро моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XXI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллӣ, давлати тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахуст гузошта шуданд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ, доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар, инчунин рамзҳои нахустин давлати соҳибистиқлоламон – Парчам ва дертар Нишон қабул карда шудаанд. Президенти мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ, инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 санаи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд. Парчами давлатии ҶТ яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ва соҳибихтиёрӣ ба шумор меравад. Бо дидани парчам ифтихори ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ дар шахс боло меравад. Бигзор парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бар сари миллати тоҷик ва давлати тоҷикон ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сӯи ояндаи ободу осуда раҳнамо созад.

Дар ҷаҳони муосир доштани парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мешавад. Ҳар як давлати мустақил дорои парчами милли худ аст. Парчами ҳар як давлат бо махсусиятҳои худ, ки бо роҳи ифода намудани рангҳо ва дигар ҷузъҳои таркибии парчам муайян карда мешавад, тафовут доранд. Дар ҷаҳони муосир парчами ҳар як давлат аз ҳамдигар фарқ мекунад, ки ин фарқият асосан бо роҳи ифода намудани махсусиятҳои миллии ин давлатҳо, одатҳо ва анъанаҳои миллӣ дар парчам дида мешавад.Эҳтиром ба парчами давлатӣ ин ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватан нисбат ба давлат мебошад. Пас моро мебояд, ки баҳри баланд бардоштан ба ин муқаддасоти миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ пайваста дар талош бошем.

Ҳакимов Ифтихор Бахтиёриддинович – муаллими калони кафедраи идоракунии молияи давлатии ДМТ