Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки довталабон ба комиссияи қабули Донишгоҳи миллии тоҷикистон пешниҳод менамоянд:
Довталабоне, ки тибқи рўйхати ММТ ҳуҷҷат месупоранд:
1. Аттестат ва замимаи он (асл).
2. Шиноснома (бо 1 дона нусха).
3. Шаҳодатномаи ҳарбӣ (бо 1 дона нусха) – барои писарон.
4. Маълумотномаи тиббӣ – шакли 038.
5. Расми андозаи 3х4 – 6 дона.
6. Ариза ба номи ректори донишгоҳ (дар комиссяи қабули донишгоҳ дода мешавад).
7. Шартнома бо расиди пардохти маблағи таҳсил (дар комиссияи қабули донишгоҳ дода мешавад) – барои донишҷўёне, ки ба гурўҳҳои шартномавӣ ҳуҷҷат месупоранд.
Довталабоне, ки баъд аз хатми коллеҷҷои соҳавӣ барои идомаи таҳсил ҳуҷҷат месупоранд:
1. Диплом ва замимаи он (асл).
2. Шиноснома (бо 1 дона нусха).
3. Шаҳодатномаи ҳарбӣ (бо 1 дона нусха) – барои писарон.
4. Маълумотномаи тиббӣ – шакли 038.
5. Расми андозаи 3х4 – 6 дона.
6. Ариза ба номи ректори донишгоҳ (дар комиссяи қабули донишгоҳ дода мешавад).
7. Шартнома бо расиди пардохти маблағи таҳсил (дар комиссияи қабули донишгоҳ дода мешавад) – барои донишҷўёне, ки ба гурўҳҳои шартномавӣ ҳуҷҷат месупоранд.
Довталабоне, ки баъд аз хатми МТОК барои гирифтани маълумоти дуюми олӣ ҳуҷҷат месупоранд:
1. Диплом ва замимаи он (нусха бо тасдиқи идораи нотариалӣ).
2. Шиноснома (бо 1 дона нусха).
3. Маълумотномаи тиббӣ – шакли 038.
4. Расми андозаи 3х4 – 6 дона.
5. Ариза ба номи ректори донишгоҳ (дар комиссяи қабули донишгоҳ дода мешавад).
6. Шартнома бо расиди пардохти маблағи таҳсил (дар комиссияи қабули донишгоҳ дода мешавад) – барои донишҷўёне, ки ба гурўҳҳои шартномавӣ ҳуҷҷат месупоранд.
Довталабоне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат месупоранд:
1. Аттестат ва замимаи он (асл).
2. Шиноснома (бо 1 дона нусха).
3. Шаҳодатномаи ҳарбӣ (бо 1 дона нусха) – барои писарон.
4. Тавсифномаи довталаб.
5. Суратмаҷлиси шўрои мактаби хатмкунанда оид ба тасдиқи квота.
6. Тавсияномаи мудири шуъбаи маориф.
7. Роҳхати раиси ноҳия ба ректори донишгоҳ.
8. Қарордоди сетарафа (ноҳия, донишгоҳ, донишҷў) – 3 нусха.
9. Протоколи суҳбат.
10. Маълумотномаи тиббӣ – шакли 038.
11. Расми андозаи 3х4 – 6 дона.
12. Ариза ба номи ректори донишгоҳ (дар комиссяи қабули донишгоҳ дода мешавад).