НАҚШИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РУШДИ НИЗОМИ МОЛИЯВИЮ ҚАРЗИИ КИШВАР

225

Интихоби Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – соли 2020, аз ҷониби мардуми шарифи Тоҷикистон, бори дигар исботи он аст, ки мардум дар интихоби ояндаи худ бетараф набуда, саҳми беназиру хизматҳои таърихии Пешвои миллатро медонанд, қадр мекунанд ва сармашқи кори худ қарор дода, дар татбиқи ҳадафҳои созанда ва барномаву стратегияҳои миллии рушди кишвар омодагии худро изҳор намуданд.

Муҳимтарин дастовардҳо дар замони истиқлолият таҳти сарварии хирадмандонаву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, ба дастории Ваҳдати миллӣ, сарҷамънамоии тоҷикони дунё, муарриффи кишвар дар арсаи байналмиллалӣ, барқарорнамоии тамоми риштаҳои фалаҷгаштаи авзои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва аз байн бурдани тамоми масъалаҳое, ки ба ташаккули давлати соҳибистиқлоли тоҷикон вобаста буд, ба даст омадаанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии хирадмандонаву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташабусҳои бевоситаи Ӯ, дар самти ташаккули сиёсати молиявӣ, аз ҷумла низоми андозу буҷет ва қарзӣ заминаҳои муосири қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидааст, ки татбиқи онҳо фаъолияти мустақилона ва ягонагии низоми миллии молияву қарзиро таъмин намуд.

Аз ҷумла, қонун ва ҳуҷҷатҳои стратегиву барномавӣ дар самти идораи молияи давлатӣ, қарзи давлатӣ, назорат ва аудити дохиливу берунӣ қабул гардидаанд [1].

Дар маҷмӯъ дар давраи истиқлолият танҳо дар самти таҳкими сиёсати молиявӣ ва андозу буҷет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастурҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 2 маротиба Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ, 2 маротиба Қонуни ҶТ “Дар бораи молияи давлатӣ” ва 4 маротиба Кодекси андоз дар таҳрири нав таҳия ва қабул карда шуданд, ки дар амал татбиқ намудани онҳо ба таъмин намудани мустақилияти ягонаи молиявии миллии ҷумҳурӣ мусоидат намуд.

Татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ имконият доданд, ки рушди бонизоми иқтисодиёти миллӣ идома ёбад ва устувории иқтисодиёти кишвар, инчунин беҳдошти ҳаёти мардум таъмин гардад.

“…Маҳз татбиқи ҳадафҳои зикршуда ва амалӣ гардонидани афзалиятҳои пешбинигардида имкон дод, ки дар 22 соли охир суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000-ум то 33 миллиард сомонӣ дар соли 2022 (131 баробар) афзоиш дода шавад.

Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 1,1 млрд сомонии соли 1998 то ба 115 млрд сомонӣ дар соли 2022 ваё зиёда аз 100 маротиба ва ба ҳар сари аҳолӣ дар ин давра аз 172 сомонӣ то 11,5 ҳазор сомонӣ расида, беш аз 67 баробар зиёд гардид.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар сиёсати мустақилонаи пулию қарзӣ татбиқ гардида, низоми бонкӣ ташаккул ёфт ва соли 2000-ум пули миллӣ ба муомилот бароварда шуд.

Бо амалӣ гардидани тадбирҳо ва ислоҳот дар соҳаи бонкӣ ташкилотҳои қарзию молиявии шаклҳои гуногун таъсис дода шуданд, ки ҳоло ба мардум ва соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ хизматрасониҳои бонкиро пешниҳод менамоянд. (Ҷадвали 1)

Танҳо дар даҳ соли охир (солҳои 2011 – 2020) ба иқтисоди миллӣ беш аз 100 миллиард сомонӣ, аз ҷумла ба соҳибкории истеҳсолӣ 45,8 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.

Дар натиҷаи таъмин гардидани суботи макроиқтисодӣ даромади пулии аҳолӣ аз 1 миллиард сомонии соли 2000-ум ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 афзуда, 87 маротиба зиёд гардида сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд. Яъне дар бист соли охир сатҳи камбизоатӣ зиёда аз се баробар паст гардид.

Дар ин давра шумораи аҳолии кишвар аз 5,5 миллион нафар то 10 миллион нафар, яъне беш аз 1,7 баробар зиёд шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум куллан беҳтар гардид ва дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 75,1 сол расид. Соли 1991 умри миёнаи сокинони кишвар 70,1 солро ташкил мекард.

Суръати афзоиши миёнаи аҳолӣ дар давоми ин солҳо 2,1 фоизро ташкил кард.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба 1,4 миллион оила барои бунёди манзили истиқоматӣ 138 ҳазор гектар замин ҷудо карда шуд.

Яъне беш аз 8 миллиону 800 ҳазор нафар шаҳрвандони мо имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд.

Хотирнишон бояд кард, ки дар 70 соли то замони истиқлол ба аҳолӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд.

Дар бист соли охир, яъне аз соли 2001 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба маблағи беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд, ки 59 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад.

Дар давраи зикршуда бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба маблағи умумии беш аз 91 миллиард сомонӣ зиёда аз ҳазор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ, бахусус, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ, инчунин, энергетика, нақлиёт, обтаъминкунӣ ва дигар бахшҳо амалӣ карда шуд.

Ҳоло 74 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 40,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ дар даҳ соли охир чор маротиба ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи ислоҳотгари ҷаҳон дар самти пешбурди соҳибкориву сармоягузорӣ дохил гардид.

Ба ақидаи мо дар оянда, тавре, ки аз ҳадафҳои гузошташуда дар барномаҳову стратегияҳои миллӣ ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, ба чунин натиҷаҳо равона бояд шаванд:

1. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ;

2. Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ва табдил ба кишвари транзитӣ;

3. Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат;

4. Вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул.

5. Саноатикунонии босуръат, рушди истеҳсолоти воридотивазкунанда ва ба содиротравонагардида;

6. Кам кардани вобастагии иқтисоди миллӣ аз таконҳои беруна ва инкишофи иқтидорҳои дохилӣ;

7. Танзими рушди бозорҳои дохилии молӣ, пулӣ, берунӣ, меҳнатӣ ва инноватсионӣ.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тули истиқлолият тавассути пешбурди сиёсати ободкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор дастовардҳои зиёде ба даст омаданд:

– сатҳи камбизоатӣ қариб 2 маротиба коҳиш дода шуд (аз 83 фоиз дар соли 1999 то 31 фоиз дар соли 2015 ва дар соли 2022 то 22,5 фоиз коҳиш ёфт);

– афзоиши устувори иқтисодӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоизи солона таъмин гардид;

– суботи макроиқтисодӣ танзим шуда, сатҳи таваррум дар сатҳи 5-10 фоиз паст карда нигоҳ дошта шуда истодааст;

– буҷети солонаи давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000-ум то 33 миллиард сомонӣ дар соли 2022 (131 баробар) афзуда, касри он дар сатҳи 0,5 фоизи ММД нигоҳ дошта шуд;

– даромади буҷетӣ ба таври назаррас зиёд шуд, имкониятҳои зиёди буҷетӣ, ки ба равона сохтани маблағҳои бештар ба рушди неруи инсонӣ имкон медиҳад, афзоиш ёфтанд.

– сохтмону таҷдиди неругоҳҳои барқӣ, имкон дод, ки таъминоти аҳолӣ ба барқ, беҳтар гардад. Аз ҷумла, бунёди неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, ва ба истифода додани агрегатҳои якуму дуюми неругоҳи барқӣ-обии Роѓун ва ѓайраҳо.-дар солҳои охир дар кишвар зиёда аз 1600 коргоҳ ва корхонаҳои нави саноатӣ, аз ҷумла, корхонаҳои коркарди маъдан ва дигар намудҳои ашёи хоми саноатӣ, нахи пахта, маводҳои сохтмонии саноатӣ ва коркарди маҳсулоти истеҳсоли кишоварзии ватанӣ ташкил карда шуд.

– дар солҳои охир дар соҳаи кишоварзӣ диверсификатсияи истеҳсолот тавассути ташкили кишти такрорӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва сердаромади содиротӣ, васеъгардонии майдони кишти сабзавот ва бунёди боғу токзорҳои серҳосил ба назар мерасад.

– тавассути бунёд ва таъмири роҳҳо, пулу нақбҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ рафтуомад, боркашонӣ ва тиҷорати дохиливу байналмиллалӣ осон ва дастрас гардид, ки ҳамаи ин барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани кишвар мусоидат намуд.

– дастрасии хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳудуди кишвар беҳтар гардид, ки ба он инкишофи шабакаи филиалҳо ва дигар воҳидҳои амалиётии берун аз тавозуни бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарзӣ дар саросари кишвар мусоидат намуд.

Ҳамзамон ҳадафи чоруми мамлакат эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат аз дарки ҳолати муосири таѓйирёбандаи авзои ҷаҳони муосир, дарки таҳдидҳои берунии абарқудратҳо ва рақобати глобалии иқтисоди ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Қайд кардан зарур аст, ки тибқи таҳлили муҳаққиқон имрӯзҳо дар ҷаҳон тибқи консепсияи рушди саноатӣ, аллакай бисёре давлатҳои ҷаҳонӣ ба сатҳи баъдисаноатӣ ва иқтисодиёти рақамӣ гузашта, талаботҳо ба тақсимоти байналмиллалии тахассуснокии давлатҳо дигаргун шуда истодаанд. Дар шароити рушди бемайлони иқтисоди баъдисаноатии ҷаҳонӣ, давлатҳое, ки ин тарзи рушдро истифода нанамуда аз дигар давлатҳо ақиб мемонанд ва технологияҳои ақибмондаро истифода мебаранд, аз давлатҳои пешрафта вобаста гардида, дар сатҳи байналмиллалӣ рақобатнопазир боқӣ мемонанд.

Вобаста ба гуфтаҳо боло, боиси қайд аст, ки натиҷаи чунин ҳадаф аз инҳо иборат аст:

– пеш аз ҳама гузариш аз модели иқтисодии аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ;

– дастовардҳо дар самти саноатикунонии соҳаҳои кишоварзӣ, чорводорӣ, саноати коркарди металҳо, коркарди тамоми соҳаҳои ашёи хом ва масолеҳи сохтумонӣ ва ѓайраҳо;

– коркарди маҳсулотҳои содиротие, ки дар шакли ашёи хом содирот мешаванд;

– ихтироъ ва ҷорӣ намоии дастовардҳои технлогияҳои илмталаб, саноати баланди коркарди роботсозӣ ва ѓайраҳо;

– рушди саноати энергетикаи обӣ, гармӣ, атомӣ ва барқароршаванда дар кишвар ва ѓайраҳо.

Дар заминаи ислоҳоту тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат имрӯз ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 70 фоиз, таъмин намудани аҳолӣ бо шуғл ба 68 фоиз ва даромадҳои андозӣ ба буҷети давлат ба 80 фоиз баробар шудааст…” [2].

Дар воқеъ таҳти сарварии хирадмандонаву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои зерини дарозмуҳлати дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пешбинишуда аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад:

1) ноил шудан ба сатҳи муқоисашавандаи рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои дорои сатҳи миёнаи даромаднокӣ;

2) дастгирии рушди устувор ба воситаи диверсификатсия ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ;

3) тавсеа ва таҳкими табақаи миёна;

4) саноатикунонӣ [3].

Дар ин замина, самтҳои умумии ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ ҷиҳати таъмини дастовардҳои мақсадҳои зерин равона гардидааст: (Ҷадвали 2)

Дар маҷмӯъ, низоми идоракунии молияи давлатӣ бояд натиҷаҳои дарозмуҳлати зеринро таъмин намояд: (Ҷадвали 3)

Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ вобаста ба соҳаҳои калидии вазифавӣ бо нақшаҳои амалиётӣ ва барномаҳои амалишавӣ, аз қабили банақшагирии буҷетӣ, иҷроиши хазинавӣ, баҳисобгирии муҳосибавӣ дар бахши давлатӣ, идоракунии қарзи давлатӣ, аудит, инчунин тақвияти иқтидор ва таълими кормандони бахши давлатӣ мукаммал гардид, ба дастовардҳои асосӣ инҳоро метавон шомил намуд:

– қоида ва расмиёти банақшагирии миёнамуҳлати буҷетӣ таҳия ва ҷорӣ гардид;

– низоми аудити дохилӣ ва назорати молиявӣ дар бахши давлатӣ беҳтар шуд;

– таснифоти идоравии буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ таҳия ва ҷорӣ гардид;

– таснифоти нави буҷетӣ ва Нақшаи нави ягонаи ҳисобҳо, ки бо омори молияи давлатии соли 2001 мутобиқат мекунад, таҳия ва ҷорӣ шуд;

– ҳисоби ягонаи хазинадории буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ таъсис дода шуданд;

– стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявии бахши давлатӣ (10 стандарт) марҳила ба марҳила ҷорӣ гардид;

– мақомоти олии аудити берунӣ – Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд;

– дар сохтори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои азими давлатӣ, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи ҳарсоларо оид ба хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ таҳия ва пешниҳод менамояд, таъсис дода шуд;

– маркази коркарди маълумоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, инчунин азнавсозии пурраи инфрасохтори шабакавии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 73 мақомоти минтақавии молиявии он гузаронида шуд, ки ҷории пурра ва фаъолияти низоми нави иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ ва корҳои зиёди дигарро таъмин намуд.

Дар баробари ислоҳоти амалишуда, ҳамзамон бо мақсади ба равандҳои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар самти рақамикунонии иқтисодиёт ҷавобгӯ намудани низоми андозбандии кишвар ва ба ин васила ба шакли ягонаи муттаҳидкардашудаи электронӣ ба ҳисоб гирифтани амалиётҳои аз ҷониби андозсупоранда анҷомдодашаванда, ки ба зиёд гардидани манбаҳои андозбандӣ мусоидат менамояд, инчунин сода ва омафаҳм намудани муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2019, №АП-1236, банди 14 нақшаи чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2021, №АП-39, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 марти соли 2021, №23/10-113(3), №14289 (23-3), аз 5 апрели соли 2021, №23/10-133(1) ва аз 16 апрели соли 2021, №23/10-160(3)аз ҷониби гуруҳи кории байниидоравӣ бо ҷалби коршиносони маҳаллию байналмилалӣ дар заминаи омӯзиши таҷрибаи давлатҳои ҳамсоя ва шарикони асосии тиҷоратӣ ва таклифу пешниҳодҳои вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, ташкилотҳои молиявӣ, аз ҷумла Бонки Умумиҷаҳонӣ, Хазинаи Байнамилалии Асъор, Бонки Осиёгии Рушд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва дигар шарикони тиҷоратӣ Кодекси андоз дар таҳрири нав таҳия ва қабул шуд.

Дар таҳрири нав шумораи умумии андозҳо бо роҳи хориҷ намудани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва муттаҳид намудани андози воситаи нақлиёт бо андозҳо аз молу мулк, инчунин андоз аз фоида бо андоз аз даромад, аз 10 намуд то 7 намуд кам карда шудааст.(Ҷадвали 4)

Тибқи Кодекси андози пешамалкунанда андозбандӣ ба принсипи саҳеҳӣ ва ҳатмият нигаронида шуда, дар таҳрири нави Кодекси андоз дар таҳрири нав он ба принсипҳои қонуният, ҳатмият, саҳеҳӣ ва ҳамкории мақомоти андоз бо андозсупоранда, адолат, ягонагии низоми андоз ва шаффофият асос ёфтааст.

Дар баробари ин, мувофиқи таҳрири нав меъёри андозҳо бо дарназардошти мутобиқ намудани сарбории андоз бо давлатҳои ҳамсоя ва шарикони асосӣ такмил дода шудааст.

Бо мақсади соддагардонии расмиёти маъмурикунонии андоз усулҳои муосири пешбиникунандаи таҳкими иқтисоди рақамӣ ҷорӣ гардида, ин раванд фарогири электроникунонии амалиётҳои анҷомдодашаванда мебошад. Дар таҳрири нави Кодекси андоз пояи ҳуқуқии батанзимдарории хизматрасонии муосири электронӣ бо шумули ҳуҷра ва ҳамиёни электронӣ, мубодилаи электронии иттилоот, ҳисоботи электронӣ ва майдони электронии тиҷорат пешбинӣ гардидааст.

Низоми рамзгузории электронӣ, чеки электронии фискалӣ, хазинаи вертуалӣ, ҳисобнома – фактураи электронӣ ва истилоҳоти асъори функсионалӣ асос барои татбиқи усуслҳои нави иқтисоди рақамӣ мегардад.

Бо мақсади аз байн бурдани омилҳои фардӣ ва дахолати беасос ба фаъолияти субъекҳои соҳибкорӣ дар лоиҳа тартиби муосири гузаронидани назорат, аз ҷумла санҷишҳои андозӣ дар асоси хавф пешбинӣ гардида, шумораи назоратҳо кам карда шуд.

Инчунин, бо мақсади кам намудани омилҳои инсонӣ тартиби гузаронидани назорати камералӣ ба таври автоматӣ пешбинӣ карда шуд. Яъне минбаъд ҳисоботи пешниҳодшудаи андозсупорандагон ба таври автоматӣ коркард гардида, дар сурати мавҷуд будани камбудиҳо барои бартараф намудани он ба утоқи шахсии андозсупоранда огоҳиномаи электронӣ ирсол гардида, омилҳои инсонӣ кам карда мешавад.

Дар лоиҳа, инчунин ҷиҳати маъмурикунонии назорати андоз ва ба танзим даровардани муомилоти мол бо мақсадҳои андозбандӣ муқаррарот оид ба рамзгузории электронӣ нисбат ба ҳама гуна моле, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, пешбинӣ карда шуда, ҳамзамон дар қисмати баҳисобгирии андоз нисбати субъектҳои соҳибкорӣ уҳдадорӣ ҷиҳати таъмин намудани системаи электронии рамзгузории мол муқаррар гардид.

Бо мақсади аз байн бурдани омилҳои фардӣ ва дахолати беасос ба фаъолияти субъекҳои соҳибкорӣ дар лоиҳа тартиби муосири хизматрасонӣ, такмили низоми корҳои назоратӣ, системаи муттаҳидаи иттилоотии андоз оид ба баҳисобгирӣ, назорат ва мониторинги амалиётҳо, сода намудани расмиёти андозбандӣ ва мубодилаи электронии иттилоот пешбинӣ карда шуд.

Илова бар ин, ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои андозӣ дар фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар лоиҳа муқаррарот вобаста ба танзими мониторинги андоз пешбинӣ карда шуд. Мониторинги андоз бо хоҳиши андозсупорандагоне, ки даромади умумиашон дар соли молиявӣ аз 15 млн сомонӣ зиёд мебошад, гузаронида шуда, барои ислоҳи камбудиҳо огоҳинома ирсол карда мешавад ва аз натиҷаи он ҷарима таъин намегардад.

Дар самти санҷишҳои андозӣ навгонӣ оид ба гузаронидани санҷишҳо танҳо дар асоси хавф ҷорӣ гардида, критерияҳои хавфи вайрон намудани қонунгузории андоз пешбинӣ карда шуд, ки новобаста аз даврияти гузаронидани санҷишҳо ҳангоми баланд будани хавф чорабинии санҷишӣ дар фаъолияти андозсупрана анҷом дода шуда, нисбат ба андозсупорандагони бомасъулият санҷишҳои андозӣ маҳдуд карда шудааст.

Низомҳои имтиёзноки андоз хориҷ гардида, низомҳои махсуси андозбандӣ дар муқаррароти интиқолӣ муҳлатнок пешбинӣ гардид.

Бо мақсади аз байн бурдани иқтисоди пинҳонӣ ва пешгирии руйпушкунии даромади воқеӣ аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ, ба шахсони воқеъи механизми ҳавасмандкунанда ҷиҳати анҷом додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар шакли аз даромади андозбандишаванда тарҳ намудани хароҷоти ғайринақдӣ то 10 фоиз, вале на зиёда аз 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол пешбинӣ гардид.

Боиси тазаккур аст,ки дар маҷмуъ лоиҳаи мазкур пеш аз ҳама ба кам кардани хароҷоти соҳибкор ва давлат, сарфа намудани вақт, суръати анҷоми амалиётҳо, шаффофияти фаъолияти ҳамаи онҳо, маҳдуд сохтани иқтисодиёти пинҳонӣ, канорагирӣ аз андозбандӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ мусоидат намуда, дар назар аст, ки воридоти даромадҳои буҷетӣ марҳила ба марҳила зиёд мегарданд.

Дар маҷмӯъ, такмили механизми молиявии кишвар ҷиҳати рушди иқтисодиёти миллӣ ба як қатор дар дастовардҳо дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, идоракунии қарзи давлатӣ, хазинадорӣ ва раванди банақшагирии буҷети давлатӣ пешравии назаррасро ноил гардида, дар самти идоракунии захираҳои инсонӣ, аудит, барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ ва иштироки шаҳрвандон дар ҷараёни буҷетӣ беҳбудӣ дида шавад ҳам, барои идомаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ саъйю талошҳои зиёд ва амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ зарур мебошад.

Боварӣ ҳаст, ки таҳти сарварии хирадмандона ва ободкоронаву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари мо дар ояндаи наздик тамоми ҳадафҳои стартегии кишварро ба даст оварда, дар қатори давлатҳои рушдкунанда ҷойгоҳи сазоварро ноил мегардем.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт – д.и.и., профессор, Ректори ДМТ,

Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ – Академики АБН ФР, д.и.и., профессор, декани факултети молиявию иқисодии ДМТ