Муаррифии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар намоиши байналмиллалӣ таҳти унвони “Образование и карьера в сфере ПОД/ФТ”.

284

Cанаи 15 марти соли 2023 дар ш. Душанбе (Ҷумҳурии Тоҷикистон) намоиши дурӯзаи Донишкадаи байналмиллалии шабакавӣ таҳти унвони «Образование и карьера в сфере ПОД/ФТ» ба кор худ шурӯъ намуд. Меҳмонон ва иштирокчиёни намоишро Донишгоҳҳои Руссия-Тоҷикистон (Славянӣ) пазироӣ намуд.
Дар рӯзи аввал чун анъана мизи гирд гузаронида шуд. Дар ҳошияи мизи гирд нахустин шуда аз номи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Иброҳимзода И.Р. – д.и.и., профессор, Академики АБН ФР, декани факултети молиявию иқтисодӣ дар мавзӯи: «Вопросы формирования и совершенствования системы противодействия легализации (отмывания) доходов, полученных преступным путём, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения в Республике Таджикистан» баромад намуд.
Дар вохӯрии бисёрҷониба намояндагони маркази таълимӣ-методии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон, Хонаи Руссия дар шаҳри Душанбе, ДБШМФ, муассисаҳои олии Тоҷикистон ва Руссия ва иштирокчиёни ДМШ иштирок намуданд. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро Иброҳимзода И.Р. – д.и.и., профессор, Академики АБН ФР, декани факултети молиявию иқтисодӣ муаррифӣ намуд.
Инчунин, дар рафти муҳокимаҳо барномаҳои маълумоти олӣ дар соҳаи МБП/МТ ва коммисияҳои қабул дар муассисаҳои олии Руссия тибқи квотаҳои Росфинмониторинг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин, оид ба чорабинии III Олимпиадаи байналмиллалӣ оид ба бехатарии молиявӣ суханрониҳо гардиданд, аз ҷумла оид ба дарсҳо оид ба бехатарии молиявӣ барои мактаббачагони Тоҷикистон ва ҷорисозии низоми «Графус» дар раванди таълим дар доираи рушди фаъолияти Донишкадаи байналмиллалии шабакавӣ дар соҳаи МБП/МТ.