КОНСТИТУТСИЯ – ЗАМИНАИ МУҲИМИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ-ИҶТИМОИИ КИШВАР

300

Халқи тоҷик аз азал дорои маърифати баланд, тамаддуни ҷаҳонӣ, фарҳанги давлатдорӣ ва арзишҳои миллии худ буд ва то имрӯз раванди инкишофи он идома дорад. Истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи нави инкишофро таҳия намуд ва рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ-иҷтимоиро таъмин сохт. Қабули Конститутсия ва мушаххас намудани самтҳои афзалиятноки рушди давлатдории миллӣ аз дастовардҳои камназири даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Зеро дар ин давра халқи тоҷик тавонист, ки сарнавишти ояндаи худро бо андешаи созанда ва хиради волои худ бинвисад. Воқеан, Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва ҳуҷҷати тақдирсоз барои миллати тоҷик заминаи инкишофи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро фароҳам оварда, пояҳои давлатдории миллиро тақвият бахшид. Таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даврае рост омад, ки барои миллати тоҷик ҳассос, тақдирсоз ва басо мушкил буд. Новобаста аз ин, миллати тоҷик тавонист, ки Конститутсияро назардошти манфиатҳои миллӣ, арзишҳои миллӣ қабул намояд ва дар ин замина тараққиёти соҳаҳои ҳаётан муҳими халқро таъмин намояд.

Дар раванди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори таҳсин буда, дар ин самт нақши калидиро иҷро намудааст. Пешвои миллат дар баромадҳои худ пайваста қайд менамоянд, ки Конститутсия барои миллати тоҷик ҳуҷҷати сарнавиштсоз мебошад. Бешак, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо талошҳои зиёд ва ҷоннисориҳои бемисл кӯшиш ба харҷ додаанд, то ки дар Тоҷикистон ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ташкил ёбад, ки яке аз ин нишондиҳандаҳо қабули Конститутсия кишвар дар сана 06.11.1994 мебошад. Халқи тоҷик ҳамасола ин санаро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирад ва ба волоияти он арҷгузор мебошад.

Дар воқеъ, Конститутсия асоси давлатдориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда, ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ рушди самтҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакатро таъмин сохт. Устувории иқтисодӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пайвастаи демократия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи ин санади муқаддас таъмин гардида, барои аҳолӣ ҳаёти осоишта ва зиндагии шоистаро фароҳам овард.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмини соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ бо санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонун дар ин самт хизмат намуда, рушди равнақи онро ба роҳ монд. Махсусан, қабули қонунҳои соҳаи бонкдорӣ, молия ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ аз Конститутсия сарчашма мегирад ва ривоҷи ин бахшҳои ҳаётан муҳими иқтисоди миллӣ бидуни қонунгузорӣ ғайриимкон мебошад. Конститутсияе, ки дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Тоҷикистон қабул гардид, кулли соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакатро фаро гирифта, барои таҳкими низоми иқтисодии кишвар заминиа зарурӣ таҳия намуд. Аз замони қабули Конститутсия имрӯз 29 сол сипарӣ гардид ва ин санади қисматсози кишвар дар баробари таъмини рушди иқтисодӣ-иҷтимоии мамлакат, ҳуқуқу озодиҳои кулли аҳолии кишварро таъмин карда, амалисозандаи ҳадафҳои Тоҷикистони азиз мебошад. Ба воситаи Конститутсия имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи шарҳрвандӣ ташаккул ёфтааст ва барои ҳар як нафар кафолати озодии баён ва ҳимояи манфиатҳо шахсӣ дода мешавад. Қайд намудан ба маврид аст, ки ҳар як банду моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти халқ таҳия ва қабул гардида, кафолатдиҳандаи манфиатҳои мардум мебошад. Аз ин лиҳоз, Конститутсия барои кулли санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои соҳаи иқтисодӣ пойгоҳи асосии қонунгузорӣ ба шумор меравад. Вобаста ба ин, бояд тазаккур дод, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири манфиатҳои иқтисодии кишвар ба шумор рафта, таи солҳои соҳибистиқлолӣ барои таҳкими низоми қонунгузории иқтисоди миллӣ нақши калидиро иҷро намудааст.

Маҷмӯъан метавон қайд кард, ки Конститутсияи кишвар ҳамчун омили таъминкунанда фазои осудаву осоишта ва татбиқкунандаи ҳаёти шоистаи мардум хизмат намуда, обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ инъикос намудааст. Аз инрӯ, зарур аст, ки ҳар як фарди худогоҳ, худшинос ва миллатдӯст баҳри нигоҳдории мақому манзалати арзишҳои миллӣ кӯшиш ба харҷ диҳад ва дар таъмини суботи сиёсӣ, устувории иқтисодӣ-иҷтимоии Тоҷикистони азиз бетараф набошад.

Ғайрат Ғаюров – дотсенти кафедраи кори бонкии ДМТ