КОНСТИТУТСИЯ – ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ

938

Ҳар як давлати соҳибистиқлол дорои Конститутсияи худ мебошад, ки дар он асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ муайян мегардад.

Бо ҳамин мақсад 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Бо дарназардошти он, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни асосӣ мебошад ва дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар зинаи якум қарор дорад, эътибори олии ҳуқуқӣ ва мустақиман амал намудани меъёрҳои он дар худи Конститутсия таҷассум ёфт.

Доир ба санаи таърихӣ – 6 ноябри соли 1994 ҳаминро зикр бояд кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ дорад.

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид ва бо қабули Конститутсияи нав барои барпо намудани давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи озоду пешрафтаи шаҳравандӣ заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам омад. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар он интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ барои барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа асос гузошт.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосгузори низоми ҳуқуқи миллӣ ба ҳисоб мераванд. Зеро, бунёди низоми санадҳои қонунгузорӣ ҳанӯз аз Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор таклифҳои муҳим оид ба таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, алалхусус гурезаҳо ва такмили қонунгузорӣ изҳори андеша намуда, заминаи низоми ҳуқуқиро гузоштанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин иҷлосия дар хусуси аҳамияти муҳими Конститутсияи давлати тозабунёди тоҷикон ибрози назар намуда, аз ҷумла зикр доштанд, ки низоми амалкунандаи қонунҳо аз экспертизаи байналмилалӣ гузарад ва дар таҳияи Конститутсияи нав аз машварати ташкилотҳои байналмилалии дахлдор истифода карда шавад.

Зарурат ва аҳамияти қабулшавии Конститутсияи кишварро дар бунёди давлатдории миллӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 таъкид намуда, иброз доштанд, ки «асоси қонунҳои Тоҷикистонро нав карда, онро бо назардошти меъёрҳои байналхалқӣ такмил дода, барои бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст».

Баъд аз қабули Конститутсия дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба танзим даровард ва барои суботи конститутсионӣ заминаи мустақим фароҳам овард.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси низоми ҳуқуқи миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро, бунёди низоми санадҳои қонунгузорӣ маҳз аз Конститутсия сарчашма мегирад.

Дар заминаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аввалин бор дар таърихи давлатдории тоҷикон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул карда шуд, инкишоф ва такмили минбаъдаи низоми қонунгузории миллӣ ҷузъи сиёсати ҳуқуқии давлат қарор гирифт.

Имрӯз бо шарофати Конститутсия ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна мешиносад ва эътироф менамояд, ки ин мояи ифтихор ва сарфарозии тамоми халқи шарафманди тоҷик мебошад.

“Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард” таъкид мекунанд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр муносибатҳои хешро дар асоси сиёсати сулҳҷӯёна дар амал татбиқ менамояд ва соҳибихтиёрию истиқлолияти дигар давлатҳоро эътироф менамояд. Инчунин, ҳангоми ба амал баровардани муносибатҳои хориҷӣ ба меъёрҳои байналхалқӣ такя намуда, вобаста ба манфиатҳои халқи Тоҷикистон ҳамкориҳои муфидро ба роҳ мемонад.

Сиёсати пешгирифтаи байналмилалӣ дар моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд. Тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои хориҷии хешро ба воситаи принсипҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ муайян менамояд. Эҳтироми ҳуқуқ ва озодии инсонро Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаддас шуморида, риоя ва ҳифзи онро дар қаламрави хеш таъмин мекунад. Баробарҳуқуқӣ ва худмуайянкунии тамоми халқу мамлакатҳоро эътироф менамояд.

Аз ин нуқтаи назар тамоми дастовардҳое, ки тӯли 29 соли амалкарди Конститутсияи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби халқу давлат гардид, натиҷаи хиради халқи тоҷик меҳисобем.

Бо истифода аз фурсати муносиб дар ин ҷашни фархунда ба тамоми кормандон ва мардуми шарифи тоҷик саломативу сарбаландӣ ва комёбиву саодати ҳамешагиро орзу менамоем.

Ҳакимов И.Б. – муаллими калони кафедраи “Молия ва суғурта”-и факултети молиявию иқтисодии ДМТ

Давлатшоев О.Ҳ. – дотсенти кафедраи “Молия ва суғурта”-и факултети молиявию иқтисодии ДМТ