КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ МУҲИММИ СОҲИБИХТИËРӢ

58

Конститутсия халқи Тоҷикистонро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Пас аз барқарор гардидани сулҳу субот дар кишвар вақте, ки 6- уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи райъпурсии умумихалқӣ бори панҷум қабул шуд, ягонагиву соҳибихтиëрӣ ва озодиву осоиштагӣ марҳила ба марҳила дар кишвар ҳукумфармо гардид. Маҳз қабули ин санади тақдирсоз дар кишвар ҳамагуна хатарҳои даҳшатборе, ки бо сабаби ашхосони манфиатхоҳ ба вуҷуд омада буд аз байн бурд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳарчи зудтар роҳандозӣ намудани барқарории сулҳ дар кишвар тамоми чораҳои лозимаро андешид. Ҳамчунин, қабули Конститутсия ба мо имконият фароҳам овард то мо дар миқёси кишварҳои ҷаҳон бори дигар собит созем, ки халқи тоҷик соҳибихтиëру озодихоҳ ҳастанд.

Инчунин,дар он даврон, ки вазъи нобасомони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар ҷараён дошт, ба ин мушкилиҳо нигоҳ накарда қабули Конститутсия санади муҳим барои аз байни бурдани ҷангҳои дохилӣ дар минтақаҳои кишвар гардид. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз санади тақдирсозе аст, ки пас аз ба даст омадани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин дастоварди замони соҳибистиқлолии кишвар буда, дар ҳаёти сиёсии мамлакат нақши бориз дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1929 то имрӯз, 5 маротиба- солҳои1929, 1931, 1937, 1978 ва охирон маротиба соли 1994 Конститутсия қабул гардидааст. Бо қабули Конститутсия дар кишвар тамоми санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шуданд, ки тибқи санадҳои меъёрҳои ҳуқуқи байналмлалӣ ба талабот ҷавобгӯ гардонида шудаанд. Албатта меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 тибқи талаботи стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ таҳия шуда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст.

Дар робита ба ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба26 сентябри соли 1999, 22 июни 2003, 22 майи соли 2016 ба Конститутсия бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мавқеи халқияти тоҷик дар ҷомеаи башарӣ чунин омадааст: Мо халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин конститутсияро қабул ва эълон менамоем. Маҳз қабули Конститутсия ба ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда, он рушди муносибатҳои ҳуқуқиву иҷтимоии ҷомеаро ба танзим медарорад. Конститутсия ҳамчун санади муҳим барои давлати соҳибистиқлоли мо маҳсуб ёфта, он дар заминаи 10 боб ва 100 модда қабул гардидааст.

Дар солҳои баъди ҷангӣ бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо азму талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Конститутсия барои сохтани давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, рушди соҳаҳои ҳуқуқии кишвар, пешрафти давлату миллати тоҷикон, ба даст овардани муқаддасоти миллӣ мусоидат намудааст. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз барои ҳар як фарди озодандешу ватандӯсти кишвар, рамзи ҳувияти миллӣ, арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои давлатӣ, давлати ҳуқуқбунёд ва соҳибихтиёр, пойдории ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи ҷомеа, таъмини амнияти бехатарии кишвар, пешрафти давлату миллати тоҷикон, ҳимояи марзу буми кишвар, зиракии сиёсӣ дар маҷмуъ санади давлатсозиву давлатмеҳварӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади хеш ба муносибати ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштаанд: “Мо дар даврони истиқлол, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, бо такя ба Конститутсияи худ давлате бунёд намудем, ки дар он сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ пойдор буда, мардум ба имрӯзу ояндаи худ дилпурона назар мекунанд ва дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ ба сар мебаранд”. Албатта суханони Пешвои миллат аз он далолат мекунанд, ки мардуми соҳибтамаддуни тоҷик дар бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона бо азму талоши ватандӯстонаи хеш дар партави сиёсати оқилонаи Пешвои миллат баҳри пешрафти давлати тоҷикон саҳми басо бузург мегузоранд.

Маҳз дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоиикишвар имрӯз аз қабули ин ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ 30 сол пур гардид, ки дар ин миён ба василаи он мо ба низоми соҳибихтиёриву комилҳуқуқӣ шарафманд гардидем. Дар давом сӣ сол Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шиносномаи давлату миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ барои муаррифии давлати тоҷикон ҳамчункишвари демократӣ, соҳибихтиёр ва ягона мусоидат намудааст. Бояд гуфт, ки ба василаи ин ҳуҷҷатитақдирсоз мо имрӯз кишвари худро дар қатори амнтаринкишварҳои ҷаҳон мушоҳида менамоем.

Инчунин, ташаббуси навбатие, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондоир ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ба СММ пешниҳод намуданд ин аз соҳибихтиёривукомилҳуқуқии кишварамон далолат мекунад. Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28.12.2023 қайд намуданд, ки: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз қабули фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Олимбекзода Ф.О., ассистенти кафедраи кори бонкиифакултети молиявию иқтисодии ДМТ