Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишварамон рӯйдоди воқеан ҳам сарнавиштсоз мебошад, ки бахтномаи кишвари мо 30 сол пеш, 6 ноябри соли 1994 ба таври демократӣ бо раъйпурсии умумихалқӣ, ки аксарияти мутлақи ҳамватанони мо ба тарафдории он овоз доданд, қабул гардид ва моро ба ояндаи нек умедвор сохт. Ин сана барои мардуми мо, як санаи таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд.
Яъне Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши муҳим мебозад.
Маҳз ба шарофати Конститутсия ва дар заминаи амалӣ гардидани меъёрҳои он фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ барқарор ва барои рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии давлат шароити мусоид муҳайё гардид. Бо роҳи гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ то имрӯз дар самтҳои ҳифзи истиқлоли давлатӣ, демократикунонии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқиву фарҳангӣ, таҳкиму тақвияти низоми давлатдории миллӣ ва аркони бунёдии он ба дастовардҳои басо арзишманди таърихӣ ноил гардидем.
Тибқи Конститутсия давлати мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон эълон гардида, имрӯз тавассути ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалии сайёра нақши арзанда мегузорад. Бахусус, ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва рафъи дигар мушкилоти ҷаҳониву минтақавӣ боиси дастгирии ҷомеаи башар гардидаанд.
Қобили қайд аст, ки ба Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (26-сентябри соли 1999-ум, 22-июни соли 2003-юм ва 22 майи соли 2016-ум) бо роҳи райпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Махсусан, рӯзи 22 майи соли 2016 мардуми шарифи Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ бори сеюм тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки онҳо матни ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро такмил дода, нишонаи ба зинаи нави рушд ворид шудани Тоҷикистон гардиданд.
Бо шарофати қонуни асосии давлат дар ҷумҳурӣ тамоми табақаҳои аҳолӣ новобаста аз миллияту ҷаҳонбинӣ ва мутаалиқ будан ба ҳизбҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, озодона ва баробар кору фаъолият намуда, дар ҳамаи шохаҳои мақомоти идораи давлатӣ ва мақомоти қонунгузор фаъолона иштирок менамоянд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозии мо мебошад. Ҳамчунин ин санади муқаддас, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият даровард, орзую ормони мардуми шарафманди моро амалӣ сохта, роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаи моро ба сӯйи бунёди ҷомеи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир мунаввар мегардонад.
Дар Конститутсия барҳақ таъкид шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ин ҷавҳари конститутсионӣ дар радифи соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани давлат муҳтавои иҷтимоии онро ифода менамояд. Конститутсия ҳамчун заминаи ҳуқуқии соҳаҳои иҷтимоиёт, ба хусус низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро муайян намуда, рушди устувори онро кафолат медиҳад.
Воқеан, натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ машғул аст. Имрӯз мо ифтихор дорем, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибихтиёр мебошем ва дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунем.
Бо назардошти ҳамаи ин гуфтаҳо моро зарур аст, ки ба қадри тинҷию осоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ ва озодию истиқлоли миллии дар Конститутсия эълонгашта расида, дар фаъолияти ҳаррӯзаамон қоидаҳои муқарраркардаи Конститутсияи кишварро ба роҳбарӣ гирифта, баҳри ободии кишвар ва ҳифзи истиқлолу якпорчагии он ҳаматарафа талош варзем.
Давлатов Диловар Сайфуллоевич,номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи андоз ва андозбандии факултети молиявию иқтисодии ДМТ